Ишқ, яъне ногаҳон ҳар зишт зебо мешавад,Ранг мегардонад ин дунё, фиребо мешавад.Ишқ, яъне ногаҳон ҳис мекунӣ як ҳоли хуб,Умр маъно мешавад, қуфли нигаҳ во мешавад.Ишқ, яъне шаб, ки мепечӣ даруни бистарат,Сурати маъшуқ дар девор пайдо мешавад.Ишқ, яъне бо ту аз ӯ ҳарф гӯяд кӯча ҳам,Зери поят сангҳои гунг гӯё мешавад.Ишқ, яъне ҳар касе пай мебарад аз ҳоли ту,Сафҳаи руҳияат бисёр хоно мешавад.Ишқ, яъне қатъи зангу номаву пайғому баъдИнтизорият дигар холӣ зи маъно мешавад.Ишқ, яъне баъди як падруд ҳаҷми зиндагӣПушти як байти ғазал дар нуқтае ҷо мешавад.Озар Салим
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
:🍃 ❀☪ Нαςթนн ☪ 🍃
ПУШТИ ЯК БАЙТ
Ишқ, яъне ногаҳон ҳар зишт зебо мешавад,
Ранг мегардонад ин дунё, фиребо мешавад.
Ишқ, яъне ногаҳон ҳис мекунӣ як ҳоли хуб,
Умр маъно мешавад, қуфли нигаҳ во мешавад.
Ишқ, яъне шаб, ки мепечӣ даруни бистарат,
Сурати маъшуқ дар девор пайдо мешавад.
Ишқ, яъне бо ту аз ӯ ҳарф гӯяд кӯча ҳам,
Зери поят сангҳои гунг гӯё мешавад.
Ишқ, яъне ҳар касе пай мебарад аз ҳоли ту,
Сафҳаи руҳияат бисёр хоно мешавад.
Ишқ, яъне қатъи зангу номаву пайғому баъд
Интизорият дигар холӣ зи маъно мешавад.
Ишқ, яъне баъди як падруд ҳаҷми зиндагӣ
Пушти як байти ғазал дар нуқтае ҷо мешавад.
Озар Салим