Аз хандаи ҷамъе ту парешон шуда бошӣ.Дар ҳасрати дидори азизон ҳама ғамгин,Буғзе ба гулӯ мисли ятимон шуда бошӣ.Аз оина, аз шонаву аз атр гурезӣ,Беҳавсала, дар хона гаравгон шуда бошӣ.Боре шуда то дӯст чу душманнасақӣ кардҲайратзада аз хислати инсон шуда бошӣ.Дар шаҳри пуродам шуда ҳамроз наёбӣ,Чун раҳрави танҳои биёбон шуда бошӣ.Боре шуда бо ҷурми сухан гуфтанат аз ҳақ,Як ронда зи фирдавс чу шайтон шуда бошӣ.Дар фурқати Варзоб ду чашмат шуда пуроб,Пазмони Зарафшону Бадахшон шуда бошӣ.Боре шуда бо хешу ҷаҳон қаҳр намоӣХомуш ба як гӯша ту гирён шуда бошӣ.Боре шуда дар ойина рӯят чу бубинӣАз вусъати андӯҳ ҳаросон шуда бошӣ.Як умр, ба минбар суханат ҳаст аз ислом,Боре шуда як лаҳза мусалмон шуда бошӣ.З. Суфӣ
МУМИНОБОД, агар чи куҳсорҳам бошад...(Файзобод)
:ЗАВКИБЕГ КАЛАНДАРОВ
Боре шуда аз хеш пушаймон шуда бошӣ,
Аз хандаи ҷамъе ту парешон шуда бошӣ.
Дар ҳасрати дидори азизон ҳама ғамгин,
Буғзе ба гулӯ мисли ятимон шуда бошӣ.
Аз оина, аз шонаву аз атр гурезӣ,
Беҳавсала, дар хона гаравгон шуда бошӣ.
Боре шуда то дӯст чу душманнасақӣ кард
Ҳайратзада аз хислати инсон шуда бошӣ.
Дар шаҳри пуродам шуда ҳамроз наёбӣ,
Чун раҳрави танҳои биёбон шуда бошӣ.
Боре шуда бо ҷурми сухан гуфтанат аз ҳақ,
Як ронда зи фирдавс чу шайтон шуда бошӣ.
Дар фурқати Варзоб ду чашмат шуда пуроб,
Пазмони Зарафшону Бадахшон шуда бошӣ.
Боре шуда бо хешу ҷаҳон қаҳр намоӣ
Хомуш ба як гӯша ту гирён шуда бошӣ.
Боре шуда дар ойина рӯят чу бубинӣ
Аз вусъати андӯҳ ҳаросон шуда бошӣ.
Як умр, ба минбар суханат ҳаст аз ислом,
Боре шуда як лаҳза мусалмон шуда бошӣ.
З. Суфӣ