Ман дили худро зи номардони олам кандагӣ,

Хешро доим ҳисобанд лоиқи арзандагӣ.
Баҳрашон ибрат нашуд ҳаррӯз марги бандагӣ,
То ба кай одам ба одам менамояд гандагӣ?
Кӯру кар нестем медонем мемирем мо,
Риштае дар хоки гӯр бо худ намегирем мо.
Баҳри чӣ ноодаму пайваста даргирем мо?
То ба кай одам ба одам менамояд гандагӣ?
Аз барои чӣ,бахили ҳаст андар хуни мо?
Паст бинмоем ҳисоби дӯст чун нохуни мо.
Боз мехоҳем,вале гардад ҳама мафтуни мо,
То ба кай одам ба одам менамояд гандагӣ?
Рози дӯстиро умумию ҷаҳонӣ мекунем,
Боз ношармида аз ҳақ зиндагонӣ мекунем.
Фахри мансаб фахри мастию ҷавонӣ мекунем,
То ба кай одам ба одам менамояд гандагӣ?
Қалби ҳеҷ як банда то марги худаш масрур нест,
Аз ғаму нороҳатии зиндагонӣ дур нест.
Гар-чи парвои ту бар гуфтори Маҳкампур нест,
То ба кай одам ба одам менамояд гандагӣ?
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Ман дили худро зи номардони олам кандагӣ, - 949844649248

Комментарии