Тамасхуре макун онрову инро.Замоне луқмае карди тановул,Ба ёд ор хӯрдани нони ҷавинро.Ба талхии касе шодӣ макун ҳеҷ,Худованд медиҳад талху ширинроЗамин хӯронаду гӯронад охир,Мадеҳ озор афроди заминро.Ба хоки гӯр рӯзе меравӣ,пасБа даст ор ҳар дили поки хазинро.Яке аз беҳтарин дар роҳи дин бош,Худованд дӯст дорад беҳтаринро.Ҳамеша пайрави Маҳкампурӣ бош,Намо шукрона Раббул Ъоламинро.✍️Ҷамшеди Маҳкампур.04.08.2022.Екатеринбург.
МУМИНОБОД, агар чи куҳсорҳам бошад...(Файзобод)
:ЗАВКИБЕГ КАЛАНДАРОВ
Раҳо бинмой,аспи кибру кинро,
Тамасхуре макун онрову инро.
Замоне луқмае карди тановул,
Ба ёд ор хӯрдани нони ҷавинро.
Ба талхии касе шодӣ макун ҳеҷ,
Худованд медиҳад талху ширинро
Замин хӯронаду гӯронад охир,
Мадеҳ озор афроди заминро.
Ба хоки гӯр рӯзе меравӣ,пас
Ба даст ор ҳар дили поки хазинро.
Яке аз беҳтарин дар роҳи дин бош,
Худованд дӯст дорад беҳтаринро.
Ҳамеша пайрави Маҳкампурӣ бош,
Намо шукрона Раббул Ъоламинро.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
04.08.2022.
Екатеринбург.