3.

НИШОНАХОИ КИЁМАТ
Амал кардан бар дин бо нигоҳ доштан ахгар дар даст баробар мешавад ва фитнаҳои бузург ошкор мегарданд
Ҳазрати Анас, разияллоҳу анҳу, ривоят мекунад, ки ; Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки: Бар мардум чунон хоҳад омад, ки шахси собир ва собитқадам бар дин монанди касе хоҳад буд, ки ахгарро дар дасти худ нигаҳ дорад.
Тавзех: Ин ҳолат дар ин замон низ дида мешавад, чаро, ки аз ҳар.тараф фазои бединӣ ва беҳаёӣ ва фаҳшо қувват гирифтааст ва муҳити фисқ ва фуҷур, саркашӣ ва исён барпо гаштааст, ба тавре, ки диндори воқеъӣ камтар ёфт мешавад ва агар шахсе бихохад, ки бар дин амал кунад, ҳамватанон, бузургон ва наздикон монеъ хоҳад шуд, зан мегӯяд: Аз ҳуқуқи ночиз, эхтиёҷ ва заруриётамон бароварда намешавад, ҳамаи мардум ришва мегиранд ва ту парҳезгори бузурге шудай? Касоне, ки ҳамсину соли ман ҳастанд аз риш гузоштани маро мавриди тамасхур қарор медиханд.
Оре, имрӯза чунин аст, ки агар касе дар мусофират бошад, агар бихоҳад намоз бихонад, мошин барои ӯ нигаҳ дошта намешавад, вале агар ба касе нуксони дунявӣ бирасад ҳама бо ӯ ҳамдардй мекунанд, вале диндори мутародиф бо нуқсон ба шумор меояд, аз ин ҷиҳат касе мехоҳад ризои Илоҳиро дар назар гирад ба дунё ва аҳли дунё таваҷҷуҳ нанамояд ва ба мазамат ва маломати дигарон эътино накунад ва барои ҳифозати дини худ нуқсоноти дунявиро таҳмил намояд, он вақт аст, ки дин дар зиндагии ӯ роҳ меёбад. Хушо ба ҳоли онон,'ки танҳо ризои Илоҳиро мёҷуянд, ин тавфиқ танҳо дар маҷолиси диндорон ҳосил меояду бас.Ва ба қавли шоир:
Шав ҳамадами парвона то сӯхтан омӯзӣ,
Бо сӯхтагон биншини шояд, ки ту ҳам сӯзй.
Агар бинобар узре аз маҷолиси диндорон дур бошанд, лоақал аз маҷлиси бединон ҳам худро дур нигаҳ, доранд чунон, ки Набии Карим, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд:
Он замом наздик аст, ки беҳтарин моли мусулмон чанд сар гусфанд мешавад, ки онҳоро дар биёбон ва болои қуллаи кӯҳҳо меравад ба ин сурат барои ҳифозати дини худ аз фитнаҳо фирор мекунад. Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Расули Худо,
саллаллоҳу алайҳи ва саллам иршод фармудааст:Ба зуди фитнаҳо ошкор хоҳанд шуд, он вақт шахсе, ки нишаста нисбат ба шахси истода аз фитнаҳо дуртар мешавад ва шахси истода аз роҳраванда беҳтар хоҳад буд ва шахси роҳраванда аз шахси даванда беҳтар хоҳад буд ва шахси, ки нигоҳи худро баланд карда ба фитнаҳо назар биафканад фитнаҳо ӯро мерабоянд, бинобар ин ҳар кас дар он вақт барои, худ ҳар гуна ҷои халос ва паноҳ мебинад бояд онҷо паноҷ бигирад.
Ҳазрати Муғфал ибни Ясор,разияллоҳу анҳу, ривоят мекунад, ки Расули„Худо,.саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармудааст: Ибодат кардан дар замони қатл ва фасод бо ҳиҷрат кардан ба сӯи ман баробар аст.
Ҳазрати Абусаълаба, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки: Ман аз Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мақсуди ин оя: Ё айюхаллазаийна оманув ъалайкум анфусукум ло язуррукум ман залла изаҳтадайтум-ро пурсидам он Ҳазрат иршод фармуд: Ба корҳои нек амр кунед ва аз бадӣ манъ намоед то вақте, ки ҳоли мардумро ин тавр дидед, ки аз бахил итоат мешавад ва бар хоҳишоти нафсонӣ амал мешавад ва дунё бар
дин тарҷиҳ дода мешавад ва ҳар соҳибфикр фикри худро муқаддам медорад ва агар шумо дар ҳоле бошед, ки дар байни мардум бимонед ҳатман, ба фитнаҳо мубтало мешавед, пас дар ин ҳолат фикре барои худ бардоред ва авомро тарк кунед чаро, ки он замони сабр аст, пас касе,ки бар дини худ сабр кунад гуё ахгарро дар даст гирйфтааст.
Баъд аз он иршод фармуд: Касе, ки дарон замон бар дин амал кунад ӯро баробари амали он панҷоҳ нафар аҷр мерасад,ки дар ғайри он замон ва дар аёми амн чунин аъмолеро анҷом дода бошад саҳоба, разияллоҳу анҳум, арз карданд: Ё Рёсулуллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам, оё аҷри панҷоҳ нафар аз онҳо ба ӯ мерасад?
Он Ҳазрат, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуд хайр, аҷри панҷоҳ нафар амалкунандаи аз шумо ба ӯ расид.

Комментарии

Комментариев нет.