Ҷасур Обидов
8 апр

🔸🔹 ПУРСИШ ВА ПОСУХ 🔹🔸

🔸 Матни пурсиш:
Намози оётро чи мавориде ва бо чи каяфияте бояд хонд?
🔸 Матни посух:
Намози оёт дар вақти гирифтани хуршед ва моҳ, воҷиб аст; Ба далили сухани Худованд ки фармудааст: ﴾وَمِنْ آيَاتِهِ اللَّيْلُ وَالنَّهَارُ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ ۚ لَا تَسْجُدُوا لِلشَّمْسِ وَلَا لِلْقَمَرِ وَاسْجُدُوا لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَهُنَّ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ﴿[п/1]; «Ва аз оёти Ӯ шаб ва рӯз ва хуршед ва моҳанд, барои хуршед ё моҳ саҷда накунед ва барои Худованд саҷда кунед ки онҳоро офаридааст агар Ӯро парстиш мекунед» Ва ба далили сухани мутавотир ва машҳури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармудааст: «إِنَّ الشَّمْسَ وَ الْقَمَرَ آیَتانِ مِنْ آیاتِ اللّهِ لا یَنْکَسِفانِ لِمَوْتِ أَحَدٍ وَ لا لِحَیاتِهِ فَإِذا رَأَیْتُمْ ذَلِكَ فَافْزَعُوا إِلَی الصَّلاةِ»; «Ҳароина хуршед ва моҳ ду оят аз оёти Худованд ҳастанд ки барои марги касе ё зиндагии ӯ намегиранд, пас чун онро дидед ба намоз пноҳ оваред»[п/2] ва тардиде нест ки амри зоҳир дар вуҷуб аст. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3493/

Комментарии

Комментариев нет.