Ҷони ширин, 1 ин қадарҷангам макун, Ин қадар беҳудадилтангам макун. Гашта-гашта дарсафар боз омадам, Боз дар наздатба парвоз омадам. Ҳар куҷо, кихоб кардам, хестам, Ҳар куҷо, кибуд ҷои зистам, Ин дили манманзили ёди ту буд, Ёди рӯиҳуснободи ту буд. Бе ту нагзаштаз гулӯям об ҳам, Бе ту дарчашмам наёмад хоб ҳам. Бе ту ҳаряк рӯзи ман як сол шуд, Бе ту дилғаш кард, чун атфол шуд. Бе тудидам гарчи зебо духтарон, Бе тубишнидам суруди ошиқон, Бе тудар тӯю тамошоҳо шудам, Бе тугоҳо булбули гӯё шудам, Бе ту дарвасфи занон гуфтам сухан, Бе тудар маҷлис фушурдам дасти зан,Лек дар пеши назар рӯи ту буд,Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.Ҷони ширин, пас дигар ҷангаммакун, Ин қадар беҳуда дилтангаммакун, Нестам мисли падарҳоидигар Дар бари фарзандҳо шомусаҳар, Чор гардад чашми онҳодар раҳам, Гум занад дилҳои онҳодам ба дам. Ку падар, гӯяд агарфарзанди мо, Менамоӣ ту ба сӯидар нигоҳ. Дар замони пешаҷдодони мо Тарк мекардандкӯҳистони мо. Бахт меҷустанд азбечорагӣ, Мурда мерафтанд дароворагӣ. Мо вале аз он ғарибоннестем, Дар суроғи бахт сарсоннестем. Бахтро бо меҳнати озодихеш Кард инсонисоветӣ парвариш. Мо сафар дорембо амри Ватан, Бо супоришҳоихалқи хештан. Дӯстироҷустуҷӯ дорем мо, Азамонӣ гуфтугӯ дорем мо,Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем,Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,Душманӣ орад ба мардум рӯзисахт. қалъа аз як пояи девор нест,Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.Рӯи олам дидан, одам дидан аст,Неку бадро дар ҷаҳон санҷиданаст. Ҷони ширин, худ киозод аз ғамӣ, Аз ғами мазлумҳоогаҳ камӣ. Ёд дорӣ, аз муборизшоирон Файз буд дар хонаи момеҳмон. Аз ватан гап сар кунӣ, дармегирифт, Дар ба мисли ҳезумитар мегирифт. Бештар хомӯшгарчи менишаст, Гарчи камтар сӯинон мебурд даст, Дигаронро гарчиӯ мекард гӯш, Мекашид он гарчитаммоку хамӯш, Лек чашмонашшарар мерехтанд, Хуни ҳасрат азҷигар мерехтанд. Печу тобашмисли мавҷи об буд, Обҳои ноҳаиПанҷоб буд. Борҳо ин мардзиндон дидааст, Дар саримӯ бозии ҷон дидааст. Рӯ ба халқукишвари маҳбуб кард, Маргибеинсофро мағлуб кард. Табъсарбозу қалам шамшер шуд,Посбонаш назми оламгир шуд.Адлҷӯён ӯ ҷаҳонгардӣ кунад, Дарадои қарзи худ мардӣ кунад. Зулмгарчи карда мӯяшро сафед, Лекмегӯяд, ки: дунё боумед, ФайзАҳмад ҳам зану фарзандро Дарбаҳои ҷон харад монанди мо. Ҳаргаҳе ки ёди Покистон кунад, Ёд азношод фарзандон кунад, Гиряифарзанд озораш диҳад, Аз ғазабқудрат ба гуфтораш диҳад. Гирядорад дӯстам — аз гиря фарқ,Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ.Асрҳо бигрист шарқӣ зор-зор,Шарқ шуд аз гиряи он шӯразор.Вақти бозӣ, вақти шӯхӣ,беибоМекунад Парвези мо ҳам гиряҳо.Ҳар куҷо ки бачча бошад, гиряҳаст, Лекин он гиря дигар индигар аст. Ҷони ширин, фарқ кундар кӯҳсор Селро аз обҳоичашмасор. Дар ватан фарзанди мобадбахт нест, Модари он ҳам занисарсахт нест. Дар диёри мо шудодам арҷманд, Шуд сарихамгаштаи занҳо баланд. 2 2Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,Мамлакат аз дасти зан гулзоршуд. Кард зан вазъияти мородигар, Чун насими тоза дохил шудба сар. Чашми хоболудро бедоркард, Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёркард. Дур шуд зан — модар азаҷзу ниёз, Тифл дар гаҳвораи нозаст, ноз. Кӯдакон шодонқадафрозӣ кунанд, Кайф кардахандаву бозӣ кунанд. Шодиифарзанд чун афзун шавад, Рӯимодар бештар гулгун шавад. Саъйбинмо, то набинад насли мо Баъдаз ин манҳус рӯзи ҷангро. Саъйкун фарзандҳо олим шаванд, Барҳама сайёраҳо ҳоким шаванд,Хандаву эҷодкориҳо кунанд,Халқро эъҷози нав савғо кунанд.Ҷони ширин, як нафас осуда бош,Як нафас чун ғунчаи бикшуда бош,Як нафас биншин ту дар паҳлӯиман, Як нафас хандида бингар сӯиман. Ёд кардам ҳарфи ширинитуро, Меҳрубониҳои дерини туро.Гарчи пайдо гашт чин дар рӯи мо,Гарчи пур шуд аз сафедӣ мӯи мо,Орзу бисёр дорад дил ҳанӯз,Ҷӯши ишқи ёр дорад дил ҳанӯз.Орзу дорад, ки болу пар занад,Гул ба мӯҳои сафеди сар занад,Орзу дорад, ки бинад дурро,Ҳикмати ояндаи машҳурро.Хаймаи заррин занад бар рӯи моҳ,Бар замин аз моҳ то созад нигоҳ.Як нафас биншин, гапамро гӯшкун, Сӯҳбати имрӯзаро пурҷӯшкун. Аз сафар овардаам савғоихуб, Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб.Ёди онҳое, ки ҷонон одаманд, Дарғами осудагии оламанд. Гар баонҳо дил диҳӣ, ҷон медиҳанд, Ҷонба роҳи аҳду паймон медиҳанд, Боту то мурдан бародар мешаванд,Дар ғаму шодӣ баробар мешаванд.Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандоншаванд, Ҷанг гӯӣ, аз ғазаб тӯфоншаванд. Пурҳарорат нест бе сулҳофтоб, Дар замин ҳам нест файзибеҳисоб, Нест бахту нест парвозинишот, Нест ин ҳусну латофат дарҳаёт. Халқҳоро ҳастии мо хуб шуд,Давлати мо — давлати маҳбубшуд. Ҷони ширин, бин, чӣ сонсулҳ аст зӯр, Бин чӣ сон шуддӯстӣ моро зарур. Шиква дорӣ, кифалон бадгӯй зан Таъна зад,писханд зад рӯзе ба ман. Чун маробинад, лабашро каҷ кунад,Сӯҳбати бисёр талху фач кунад.Гӯяд он аз беваҳо ҳам бадтарӣ,Шавҳарат ҳасту вале бешавҳарӣ.Раҳми кас ояд ба танҳоии ту,Рӯзҳо, шабҳо ба раҳпоии ту. Ҷониширин, ин қадар дигар маранҷ,Аз пичингу таънаи занҳои ланҷ.Гар зане лаб каҷ намояд, ғаммахӯр, Менамояд ҳазл шояд, ғаммахӯр. Аз дугона сахт ранҷиданхатост, (Дӯстонро ноз кардан ҳамравост.) Беҳтар он ки сӯҳбатидигар кунем, Бо хаёли дӯстон гапсар кунем. Ҷашни шоир Рӯдакироёд ор, Доштӣ дар хона меҳмонбешумор. Меҳмон аз дуру азназдик буд, Оламе дар хонаитоҷик буд. Рус омад, турк омад аздарат, Духтари ҳиндӣ нишастандар барат, қомати онросарӣ печонда буд, Дар ҷабинашхоли ҳинду монда буд. Кокулимаъшуқаи ошиқнавоз Буд мислимӯйҳои ту дароз. Чун зани тоҷик— соҳибхоназан Доштӣ пироҳаниатлас ба тан. Доштӣ дар сар хаёлимеҳмон, Аз чунин ташвишбудӣ шодмон. Ёд дорӣ, ки ҳабашбиншаста буд, ӯ лаби нони туробишкаста буд. Дӯстро чашмони онмекофтанд, Сӯи ҳар кас чун шафақметофтанд. Ин писар аз кишвариАнгола буд, Дар дилаш ғамҳоичандинсола буд. Сарзаминашгарчи дорад найшакар, Гарчихирман-хирман алмосу гуҳар,Меҳмон аммо каси бечора буд, IIIХушк-маҳкам мисли оҳанпорабуд. Аз ҷафоҷӯён шикоят дошт он,Ҳам шикоят, ҳам ҳикоят дошт он.Чунки ӯ медид дар атрофи хешДӯстони бовафоро беш-беш: Мансиёҳам,— гуфт,— авлодам сиёҳ,Ин сиёҳӣ шуд ба мо гӯё гуноҳ. Боҳабаш торикшаб ҳамранг шуд, Инҷаҳон чун гӯр моро танг шуд.Бандаҳои ҳалқабаргӯшем мо,Зиндаҳои хонабардӯшем мо.Хоҷагон аз мо ғуломон бурдаанд,Симу зар ҳамён-ҳамён бурдаанд.Мо на дар зери ҳарорат сӯхтем,Балки аз зулму асорат сӯхтем.Сӯхтем аз зарпарастони сафед,Сӯхтем аз мулкдорони сафед, Азҳабаш ҳастанд гарчи пурҳазар,Гарчи месозанд дур аз мо гузар,Гарчи бо мо ҳамтабақ ҳамнестанд, Ҳамдабистон, ҳамсабақҳам нестанд, Дур, аммо нестандаз хоки мо, Аз бари ганҷинавуамлоки мо. Ҳақталошӣ мекунадакнун ҳабаш, Менамояд зулмровожун ҳабаш. Вақти бедорииАфриқо расид, Офтоби субҳиозодӣ дамид. Дӯстро бисёрмехоҳем мо, Беғараз ғамхормехоҳем мо. Ҷони ширин, инсуханҳоро шунав, Дардмандонроту ҳам дармон бишав. То даме кизолиму мазлум ҳаст, Кас набоядлаҳзае беғам нишаст. Он ки боёрони худ масрур буд, Дӯсти ман,шоири машҳур буд — Тихонов бомӯйҳои сап-сафед Кард табдилсӯҳбати моро ба ид. Дӯстиро маназ ӯ омӯхтам, Кишвари дилро азӯ афрӯхтам. Ман аз ӯ омӯхтамкасби адаб, Ҳам муҳаббат, ҳамрафиқӣ, ҳам ғазаб. Метавонад ӯ бадарди дигарон Ёр гардад чунрафиқи меҳрубон. Борҳо боӯ сафар кардем мо, Сайри чандинбаҳру бар кардем мо. Регзоронубиёбон дидаем, Сардбарфугармборон дидаем. Кӯҳсоронрогузар кардем мо, Бар нишебиҳоназар кардем мо, Гоҳ дар зерисари мо санг буд, Гоҳ манзилқасри Шоҳавранг буд. Гоҳмедидем фавҷи одамон, Гоҳ танҳоахтарони осмон. Гоҳ шаҳру гаҳдеҳот омӯхтем, Алғараз, сирриҳаёт омӯхтем. Ёд дорам соли чилунӯҳро, Тай намуданҳои роҳикӯҳро. Дар сари раҳ Ҳиндукушпаҳлу кашид, Аз бари домони моҳар сӯ кашид, Мо ба зери кӯҳҳопинҳон шудем, Меҳмон дарқасри кӯҳистон шудем. Корвонмерафт, фарёди ҷарас, Мерасидаз кӯҳҳо бар гӯши кас. Бехабарбуданд аз мо Бомиён, Сангпайкар,сангдил бутҳои он. Офтоб аз мопанаҳ мекард рӯй, Сояҳо кардандморо ҷустуҷӯй. Боз шуд дарвозаиИскандарӣ, Бе дами шамшерузарби ханҷаре. Дар шаби торикпеш омад “Дуоб” Меҳрубон шуд,дод бар мо ҷои хоб, Кулбаихаспӯшро тақдим кард, Мизбондар пеши дар таъзим кард. Ҷоибистар бӯрё густурда буд, Гарчароғе буд, он ҳам мурда буд. Дармиёни хона гулхан даргирифт,Шифти онро дуду хокистаргирифт... Дудҳо чун ресмон печоншуданд, Обҳои чашми мо резоншуданд. Давра биншастем даргирди алав, Ҷой ҷӯшиду муҳайёшуд палав. Бо ғазаб мезад ба бомудар шамол, Гӯш кар мекард,монанди шағол. Ҷанг бо сармовале гулхан намуд, Хонаро ҳамгарм, ҳам равшан намуд. Соҳибиин хона афғони ҷавон Шодмон будаз қудуми меҳмон. Дӯстонамеҳмондорӣ намуд, То тавонистӯ ба мо ёрӣ намуд, Хуб медонист,ки мо кистем, Аз куҷо, дарҷустуҷӯи чистем. Балки ӯ мехонддар симои мо Достони ишқибеҳамтои мо, Балки пай мебурд азчашмони мо Орзуи халқиҷоноҷони мо. Балки ӯ медид дарпеши назар ҶОНИ ШИРИН IVКишвари маҳбуби моро ҷилвагар,Балки тобон дид ӯ нури хирад Дарнигоҳи шоири Ленинград. Балкиистиқболи кӯҳистони он Аз миёнидуди гулхан шуд аён, Балки инафғони озодипараст Мисли дилдар синаҳои мо нишаст. Балкиӯ мегуфт: моён дӯстем, Мисли думағзе ки дар як пӯстем. Бо шумоҳамсояи деринаем, Дӯстонибеғараз, бекинаем, Аз миёнихокҳои мо убур Мекунад Ому бамисли хатти нур, Обро азрӯшноӣ кун қиёс, Дӯстонро бонигоҳи дил шинос. Чодарипашмин ба сар андохта, Сар чукӯҳи Ҳиндукуш афрохта, Рафт,афғон, ёди мо бо хеш бурд, Дилба мо, моро ба хоби хуш супурд.То саҳар месӯхт гулхан кам-камак, Хонаро мекард равшанкам-камак. Бод мезад сар ба кӯҳукӯҳсор, Корвон мешуд ба рафтанинтизор. Дидаи мо сӯи оташпорашуд, Хоб гум аз дидаҳо якборашуд. Боз ҳам омад ба сар ёдиватан, Ёди фарзанди азизу ёдизан. Шоири маҳбуб бо мо ёр гашт,Мо надонистем, ки шаб чунгузашт, Дӯстро кас дар сафарбояд шинохт, Метавон дилро баин сон дӯст бохт. Ҷони ширин,тоҷи сар кун дӯстро, Ҷой дармағзи ҷигар кун дӯстро. Дӯстонроаз сафар овардаам, Аз тамомибаҳру бар овардаам. Омадам, дарТоҷикистони азиз, То бубинам рӯиёрони азиз, То ба онҳо манҳикоятҳо кунам, Маҷлисихурсандие барпо кунам. То бароямбар сари кӯҳсорҳо, Сер бинамкишварамро борҳо, То ба боғубӯстонаш по ниҳам, По ба сӯиводию саҳро ниҳам, То тавонамхалқро ёрӣ диҳам, Аз зафар, азфатҳ ахборе диҳам, То ба гӯшидилбарон хонам суруд, То бигӯямдӯстонамро дуруд. То равам дартӯйҳо соқӣ шавам, Талху ширинчун маи боқӣ шавам, То ба халқамбоз бахшам ҷӯши дил, То гузорамбори нав бар дӯши дил, То кунамтаъзим мисли пахтачин, Чорқатгардида бар сӯи замин. То намоямгӯш ҳар як набзро, Парварам тоҳар ниҳоли сабзро. То шаваммонанди дасти коргар Ҳукмроникӯраҳои пуршарар, Қатрае азчашмаи ҷӯшон шавам, Заррае азшӯълаи тобон шавам. Пас чаропурсанд баъзе дӯстон: “Чандрӯзаомадӣ ту меҳмон” Пас чаро гӯяндёрон, марҳабо! “МеҳмониТоҷикистон, марҳабо!?” Меҳмонман нестам, ёрон, ҳазар, Аз чунингапҳои ночаспон, ҳазар. Ман наямбегона дар ин сарзамин, Ман наямдур аз диёри дилнишин. Ман наямбеошён паррандае, Ман наям дарлаб тасодуф хандае. Дар ҳаминҷой аст манзилгоҳи ман, Дарҳамин ҷой аст равшан роҳи ман.Дар ҳамин ҷо ман ба дунё омадам,Дар ҳамин ҷо чашмбино омадам.Дар ҳамин ҷо ёфтам авҷу камол,ар ҳамин ҷо зиндагии безавол,Дар ҳамин ҷо шуд садои манбаланд, Дар ҳамин ҷо дӯстрогаштам писанд. Ҷони ширин, дарҷавонӣ сохтем Хонае ҳарду, баӯ дил бохтем. Бингар он торафтчун дигар шавад, Хонаи тоҷикравшантар шавад. Бингар он оғӯшчун во мекунад, Во ба сӯи халқидунё мекунад; Бингар он чун боҳақиқат ёр шуд, Дӯсташ ҳам дарҷаҳон бисёр шуд. Ҷони ширин,аз саодатҳои ту Худгувоҳӣ медиҳад маъвои ту!
NOZIMJON DAN
:NOZIMJON💑 ✨♎✨ ✨♎✨ ASHUROV
ҶОНИ ШИРИН
Ҷони ширин, 1 ин қадар
ҷангам макун, Ин қадар беҳуда
дилтангам макун. Гашта-гашта дар
сафар боз омадам, Боз дар наздат
ба парвоз омадам. Ҳар куҷо, ки
хоб кардам, хестам, Ҳар куҷо, ки
буд ҷои зистам, Ин дили ман
манзили ёди ту буд, Ёди рӯи
ҳуснободи ту буд. Бе ту нагзашт
аз гулӯям об ҳам, Бе ту дар
чашмам наёмад хоб ҳам. Бе ту ҳар
як рӯзи ман як сол шуд, Бе ту дил
ғаш кард, чун атфол шуд. Бе ту
дидам гарчи зебо духтарон, Бе ту
бишнидам суруди ошиқон, Бе ту
дар тӯю тамошоҳо шудам, Бе ту
гоҳо булбули гӯё шудам, Бе ту дар
васфи занон гуфтам сухан, Бе ту
дар маҷлис фушурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин, пас дигар ҷангам
макун, Ин қадар беҳуда дилтангам
макун, Нестам мисли падарҳои
дигар Дар бари фарзандҳо шому
саҳар, Чор гардад чашми онҳо
дар раҳам, Гум занад дилҳои онҳо
дам ба дам. Ку падар, гӯяд агар
фарзанди мо, Менамоӣ ту ба сӯи
дар нигоҳ. Дар замони пеш
аҷдодони мо Тарк мекарданд
кӯҳистони мо. Бахт меҷустанд аз
бечорагӣ, Мурда мерафтанд дар
оворагӣ. Мо вале аз он ғарибон
нестем, Дар суроғи бахт сарсон
нестем. Бахтро бо меҳнати озоди
хеш Кард инсони
советӣ парвариш. Мо сафар дорем
бо амри Ватан, Бо супоришҳои
халқи хештан. Дӯстиро
ҷустуҷӯ дорем мо, Аз
амонӣ гуфтугӯ дорем мо,
Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем,
Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи
сахт. қалъа аз як пояи девор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.
Рӯи олам дидан, одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан
аст. Ҷони ширин, худ ки
озод аз ғамӣ, Аз ғами мазлумҳо
огаҳ камӣ. Ёд дорӣ, аз мубориз
шоирон Файз буд дар хонаи мо
меҳмон. Аз ватан гап сар кунӣ, дар
мегирифт, Дар ба мисли ҳезуми
тар мегирифт. Бештар хомӯш
гарчи менишаст, Гарчи камтар сӯи
нон мебурд даст, Дигаронро гарчи
ӯ мекард гӯш, Мекашид он гарчи
таммоку хамӯш, Лек чашмонаш
шарар мерехтанд, Хуни ҳасрат аз
ҷигар мерехтанд. Печу тобаш
мисли мавҷи об буд, Обҳои ноҳаи
Панҷоб буд. Борҳо ин мард
зиндон дидааст, Дар сари
мӯ бозии ҷон дидааст. Рӯ ба халқу
кишвари маҳбуб кард, Марги
беинсофро мағлуб кард. Табъ
сарбозу қалам шамшер шуд,
Посбонаш назми оламгир шуд.
Адлҷӯён ӯ ҷаҳонгардӣ кунад, Дар
адои қарзи худ мардӣ кунад. Зулм
гарчи карда мӯяшро сафед, Лек
мегӯяд, ки: дунё боумед, Файз
Аҳмад ҳам зану фарзандро Дар
баҳои ҷон харад монанди мо. Ҳар
гаҳе ки ёди Покистон кунад, Ёд аз
ношод фарзандон кунад, Гиряи
фарзанд озораш диҳад, Аз ғазаб
қудрат ба гуфтораш диҳад. Гиря
дорад дӯстам — аз гиря фарқ,
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ.
Асрҳо бигрист шарқӣ зор-зор,
Шарқ шуд аз гиряи он шӯразор.
Вақти бозӣ, вақти шӯхӣ,беибо
Мекунад Парвези мо ҳам гиряҳо.
Ҳар куҷо ки бачча бошад, гиря
ҳаст, Лекин он гиря дигар ин
дигар аст. Ҷони ширин, фарқ кун
дар кӯҳсор Селро аз обҳои
чашмасор. Дар ватан фарзанди мо
бадбахт нест, Модари он ҳам зани
сарсахт нест. Дар диёри мо шуд
одам арҷманд, Шуд сари
хамгаштаи занҳо баланд. 2 2
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор
шуд. Кард зан вазъияти моро
дигар, Чун насими тоза дохил шуд
ба сар. Чашми хоболудро бедор
кард, Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёр
кард. Дур шуд зан — модар аз
аҷзу ниёз, Тифл дар гаҳвораи ноз
аст, ноз. Кӯдакон шодон
қадафрозӣ кунанд, Кайф карда
хандаву бозӣ кунанд. Шодии
фарзанд чун афзун шавад, Рӯи
модар бештар гулгун шавад. Саъй
бинмо, то набинад насли мо Баъд
аз ин манҳус рӯзи ҷангро. Саъй
кун фарзандҳо олим шаванд, Бар
ҳама сайёраҳо ҳоким шаванд,
Хандаву эҷодкориҳо кунанд,
Халқро эъҷози нав савғо кунанд.
Ҷони ширин, як нафас осуда бош,
Як нафас чун ғунчаи бикшуда бош,
Як нафас биншин ту дар паҳлӯи
ман, Як нафас хандида бингар сӯи
ман. Ёд кардам ҳарфи ширини
туро, Меҳрубониҳои дерини туро.
Гарчи пайдо гашт чин дар рӯи мо,
Гарчи пур шуд аз сафедӣ мӯи мо,
Орзу бисёр дорад дил ҳанӯз,
Ҷӯши ишқи ёр дорад дил ҳанӯз.
Орзу дорад, ки болу пар занад,
Гул ба мӯҳои сафеди сар занад,
Орзу дорад, ки бинад дурро,
Ҳикмати ояндаи машҳурро.
Хаймаи заррин занад бар рӯи моҳ,
Бар замин аз моҳ то созад нигоҳ.
Як нафас биншин, гапамро гӯш
кун, Сӯҳбати имрӯзаро пурҷӯш
кун. Аз сафар овардаам савғои
хуб, Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб.
Ёди онҳое, ки ҷонон одаманд, Дар
ғами осудагии оламанд. Гар ба
онҳо дил диҳӣ, ҷон медиҳанд, Ҷон
ба роҳи аҳду паймон медиҳанд, Бо
ту то мурдан бародар мешаванд,
Дар ғаму шодӣ баробар мешаванд.
Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон
шаванд, Ҷанг гӯӣ, аз ғазаб тӯфон
шаванд. Пурҳарорат нест бе сулҳ
офтоб, Дар замин ҳам нест файзи
беҳисоб, Нест бахту нест парвози
нишот, Нест ин ҳусну латофат дар
ҳаёт. Халқҳоро ҳастии мо хуб шуд,
Давлати мо — давлати маҳбуб
шуд. Ҷони ширин, бин, чӣ сон
сулҳ аст зӯр, Бин чӣ сон шуд
дӯстӣ моро зарур. Шиква дорӣ, ки
фалон бадгӯй зан Таъна зад,
писханд зад рӯзе ба ман. Чун маро
бинад, лабашро каҷ кунад,
Сӯҳбати бисёр талху фач кунад.
Гӯяд он аз беваҳо ҳам бадтарӣ,
Шавҳарат ҳасту вале бешавҳарӣ.
Раҳми кас ояд ба танҳоии ту,
Рӯзҳо, шабҳо ба раҳпоии ту. Ҷони
ширин, ин қадар дигар маранҷ,
Аз пичингу таънаи занҳои ланҷ.
Гар зане лаб каҷ намояд, ғам
махӯр, Менамояд ҳазл шояд, ғам
махӯр. Аз дугона сахт ранҷидан
хатост, (Дӯстонро ноз кардан ҳам
равост.) Беҳтар он ки сӯҳбати
дигар кунем, Бо хаёли дӯстон гап
сар кунем. Ҷашни шоир Рӯдакиро
ёд ор, Доштӣ дар хона меҳмон
бешумор. Меҳмон аз дуру аз
наздик буд, Оламе дар хонаи
тоҷик буд. Рус омад, турк омад аз
дарат, Духтари ҳиндӣ нишаст
андар барат, қомати онро
сарӣ печонда буд, Дар ҷабинаш
холи ҳинду монда буд. Кокули
маъшуқаи ошиқнавоз Буд мисли
мӯйҳои ту дароз. Чун зани тоҷик
— соҳибхоназан Доштӣ пироҳани
атлас ба тан. Доштӣ дар сар хаёли
меҳмон, Аз чунин ташвиш
будӣ шодмон. Ёд дорӣ, ки ҳабаш
биншаста буд, ӯ лаби нони туро
бишкаста буд. Дӯстро чашмони он
мекофтанд, Сӯи ҳар кас чун шафақ
метофтанд. Ин писар аз кишвари
Ангола буд, Дар дилаш ғамҳои
чандинсола буд. Сарзаминаш
гарчи дорад найшакар, Гарчи
хирман-хирман алмосу гуҳар,
Меҳмон аммо каси бечора буд, III
Хушк-маҳкам мисли оҳанпора
буд. Аз ҷафоҷӯён шикоят дошт он,
Ҳам шикоят, ҳам ҳикоят дошт он.
Чунки ӯ медид дар атрофи хеш
Дӯстони бовафоро беш-беш: Ман
сиёҳам,— гуфт,— авлодам сиёҳ,
Ин сиёҳӣ шуд ба мо гӯё гуноҳ. Бо
ҳабаш торикшаб ҳамранг шуд, Ин
ҷаҳон чун гӯр моро танг шуд.
Бандаҳои ҳалқабаргӯшем мо,
Зиндаҳои хонабардӯшем мо.
Хоҷагон аз мо ғуломон бурдаанд,
Симу зар ҳамён-ҳамён бурдаанд.
Мо на дар зери ҳарорат сӯхтем,
Балки аз зулму асорат сӯхтем.
Сӯхтем аз зарпарастони сафед,
Сӯхтем аз мулкдорони сафед, Аз
ҳабаш ҳастанд гарчи пурҳазар,
Гарчи месозанд дур аз мо гузар,
Гарчи бо мо ҳамтабақ ҳам
нестанд, Ҳамдабистон, ҳамсабақ
ҳам нестанд, Дур, аммо нестанд
аз хоки мо, Аз бари ганҷинаву
амлоки мо. Ҳақталошӣ мекунад
акнун ҳабаш, Менамояд зулмро
вожун ҳабаш. Вақти бедории
Африқо расид, Офтоби субҳи
озодӣ дамид. Дӯстро бисёр
мехоҳем мо, Беғараз ғамхор
мехоҳем мо. Ҷони ширин, ин
суханҳоро шунав, Дардмандонро
ту ҳам дармон бишав. То даме ки
золиму мазлум ҳаст, Кас набояд
лаҳзае беғам нишаст. Он ки бо
ёрони худ масрур буд, Дӯсти ман,
шоири машҳур буд — Тихонов бо
мӯйҳои сап-сафед Кард табдил
сӯҳбати моро ба ид. Дӯстиро ман
аз ӯ омӯхтам, Кишвари дилро аз
ӯ афрӯхтам. Ман аз ӯ омӯхтам
касби адаб, Ҳам муҳаббат, ҳам
рафиқӣ, ҳам ғазаб. Метавонад ӯ ба
дарди дигарон Ёр гардад чун
рафиқи меҳрубон. Борҳо бо
ӯ сафар кардем мо, Сайри чандин
баҳру бар кардем мо. Регзорону
биёбон дидаем, Сардбарфу
гармборон дидаем. Кӯҳсоронро
гузар кардем мо, Бар нишебиҳо
назар кардем мо, Гоҳ дар зери
сари мо санг буд, Гоҳ манзил
қасри Шоҳавранг буд. Гоҳ
медидем фавҷи одамон, Гоҳ танҳо
ахтарони осмон. Гоҳ шаҳру гаҳ
деҳот омӯхтем, Алғараз, сирри
ҳаёт омӯхтем. Ёд дорам соли чилу
нӯҳро, Тай намуданҳои роҳи
кӯҳро. Дар сари раҳ Ҳиндукуш
паҳлу кашид, Аз бари домони мо
ҳар сӯ кашид, Мо ба зери кӯҳҳо
пинҳон шудем, Меҳмон дар
қасри кӯҳистон шудем. Корвон
мерафт, фарёди ҷарас, Мерасид
аз кӯҳҳо бар гӯши кас. Бехабар
буданд аз мо Бомиён, Сангпайкар,
сангдил бутҳои он. Офтоб аз мо
панаҳ мекард рӯй, Сояҳо карданд
моро ҷустуҷӯй. Боз шуд дарвозаи
Искандарӣ, Бе дами шамшеру
зарби ханҷаре. Дар шаби торик
пеш омад “Дуоб” Меҳрубон шуд,
дод бар мо ҷои хоб, Кулбаи
хаспӯшро тақдим кард, Мизбон
дар пеши дар таъзим кард. Ҷои
бистар бӯрё густурда буд, Гар
чароғе буд, он ҳам мурда буд. Дар
миёни хона гулхан даргирифт,
Шифти онро дуду хокистар
гирифт... Дудҳо чун ресмон печон
шуданд, Обҳои чашми мо резон
шуданд. Давра биншастем дар
гирди алав, Ҷой ҷӯшиду муҳайё
шуд палав. Бо ғазаб мезад ба бому
дар шамол, Гӯш кар мекард,
монанди шағол. Ҷанг бо сармо
вале гулхан намуд, Хонаро ҳам
гарм, ҳам равшан намуд. Соҳиби
ин хона афғони ҷавон Шодмон буд
аз қудуми меҳмон. Дӯстона
меҳмондорӣ намуд, То тавонист
ӯ ба мо ёрӣ намуд, Хуб медонист,
ки мо кистем, Аз куҷо, дар
ҷустуҷӯи чистем. Балки ӯ мехонд
дар симои мо Достони ишқи
беҳамтои мо, Балки пай мебурд аз
чашмони мо Орзуи халқи
ҷоноҷони мо. Балки ӯ медид дар
пеши назар ҶОНИ ШИРИН IV
Кишвари маҳбуби моро ҷилвагар,
Балки тобон дид ӯ нури хирад Дар
нигоҳи шоири Ленинград. Балки
истиқболи кӯҳистони он Аз миёни
дуди гулхан шуд аён, Балки ин
афғони озодипараст Мисли дил
дар синаҳои мо нишаст. Балки
ӯ мегуфт: моён дӯстем, Мисли ду
мағзе ки дар як пӯстем. Бо шумо
ҳамсояи деринаем, Дӯстони
беғараз, бекинаем, Аз миёни
хокҳои мо убур Мекунад Ому ба
мисли хатти нур, Обро аз
рӯшноӣ кун қиёс, Дӯстонро бо
нигоҳи дил шинос. Чодари
пашмин ба сар андохта, Сар чу
кӯҳи Ҳиндукуш афрохта, Рафт,
афғон, ёди мо бо хеш бурд, Дил
ба мо, моро ба хоби хуш супурд.
То саҳар месӯхт гулхан кам-
камак, Хонаро мекард равшан
кам-камак. Бод мезад сар ба кӯҳу
кӯҳсор, Корвон мешуд ба рафтан
интизор. Дидаи мо сӯи оташпора
шуд, Хоб гум аз дидаҳо якбора
шуд. Боз ҳам омад ба сар ёди
ватан, Ёди фарзанди азизу ёди
зан. Шоири маҳбуб бо мо ёр гашт,
Мо надонистем, ки шаб чун
гузашт, Дӯстро кас дар сафар
бояд шинохт, Метавон дилро ба
ин сон дӯст бохт. Ҷони ширин,
тоҷи сар кун дӯстро, Ҷой дар
мағзи ҷигар кун дӯстро. Дӯстонро
аз сафар овардаам, Аз тамоми
баҳру бар овардаам. Омадам, дар
Тоҷикистони азиз, То бубинам рӯи
ёрони азиз, То ба онҳо ман
ҳикоятҳо кунам, Маҷлиси
хурсандие барпо кунам. То бароям
бар сари кӯҳсорҳо, Сер бинам
кишварамро борҳо, То ба боғу
бӯстонаш по ниҳам, По ба сӯи
водию саҳро ниҳам, То тавонам
халқро ёрӣ диҳам, Аз зафар, аз
фатҳ ахборе диҳам, То ба гӯши
дилбарон хонам суруд, То бигӯям
дӯстонамро дуруд. То равам дар
тӯйҳо соқӣ шавам, Талху ширин
чун маи боқӣ шавам, То ба халқам
боз бахшам ҷӯши дил, То гузорам
бори нав бар дӯши дил, То кунам
таъзим мисли пахтачин, Чорқат
гардида бар сӯи замин. То намоям
гӯш ҳар як набзро, Парварам то
ҳар ниҳоли сабзро. То шавам
монанди дасти коргар Ҳукмрони
кӯраҳои пуршарар, Қатрае аз
чашмаи ҷӯшон шавам, Заррае аз
шӯълаи тобон шавам. Пас чаро
пурсанд баъзе дӯстон: “Чандрӯза
омадӣ ту меҳмон” Пас чаро гӯянд
ёрон, марҳабо! “Меҳмони
Тоҷикистон, марҳабо!?” Меҳмон
ман нестам, ёрон, ҳазар, Аз чунин
гапҳои ночаспон, ҳазар. Ман наям
бегона дар ин сарзамин, Ман наям
дур аз диёри дилнишин. Ман наям
беошён паррандае, Ман наям дар
лаб тасодуф хандае. Дар ҳамин
ҷой аст манзилгоҳи ман, Дар
ҳамин ҷой аст равшан роҳи ман.
Дар ҳамин ҷо ман ба дунё омадам,
Дар ҳамин ҷо чашмбино омадам.
Дар ҳамин ҷо ёфтам авҷу камол,
ар ҳамин ҷо зиндагии безавол,
Дар ҳамин ҷо шуд садои ман
баланд, Дар ҳамин ҷо дӯстро
гаштам писанд. Ҷони ширин, дар
ҷавонӣ сохтем Хонае ҳарду, ба
ӯ дил бохтем. Бингар он торафт
чун дигар шавад, Хонаи тоҷик
равшантар шавад. Бингар он оғӯш
чун во мекунад, Во ба сӯи халқи
дунё мекунад; Бингар он чун бо
ҳақиқат ёр шуд, Дӯсташ ҳам дар
ҷаҳон бисёр шуд. Ҷони ширин,
аз саодатҳои ту Худ
гувоҳӣ медиҳад маъвои ту!