МОХИЯТ ВА ЗАРУРАТИ ТАЪСИСМафхумхое, ки дар илми иктисоди истифода мешаванд, – таъкид карда буд олими иктисодчии барчастаи англис А. Маршалл, – бояд муайянии мушахасс дошта бошад.[1] Ва барои ин зарур аст, ки тағийроти ин мафхумхоро дар риштаи инкишофи таърихи тахлил намуда, падидшавии мохияти онро дар замони тахлили (муосир) дарк намоем. Яъне донем, ки вай кадом мохиятро дар замони нав доро аст. Бинобар он, мо зарур донистем, ки пеш аз хама ба мохияти бозор, бахусус бозори ягона ру оварем. Дарвокеъ солхои охир дар мачаллаву рузномахо, умуман расонахои ахбор мафхуми «бозори ягона» хеле бештар вомехурад. Чи тавре ки дар боло таъкид шуд, мохияти бозор хеле бисёру гуногун тавсиф дода шудааст. Бояд таъкид кард, ки ин тавсифу шархдихихо аз меъёру хосиятхои мохиятии гуногун бармеояд. Дар мавриде, ки тахкик оид ба бозори ягона меравад, ин чо меъёри худуди, чуғрофи ва ё пахнои дар назар аст ва аз ин нигох низ, тахлил мешавад. Иктисодчи- математики намоёни Фаронса О.Курно[2] хануз ибтидои карни 19 кайд кард буд, ки зери мафхуми бозор на майдони хариду фуруш, балки худуду пахно ва ё минтакаи муайяни ягонаро бояд ба назар дошт, ки дар он чо муносибатхои истеъмолгару фурушанда (истехсолгар) озод ва нарх хеле сабуку мутавозин мегардад. Пас мебинем, ки чанини мафхуми бозори ягона дар ибтидои асри 19 пайдо шудааст. Модоме ки бозори ягона асосан аз меъёр ва ё хосияти худуди-пахнои бармеояд, бинобар он ин мафхумро хам дар сатхи иктисоди байналмилали низ истифода мебаранд.Раванди чахонишави, кави гаштани таксимоти мехнат, бахусус таксимоти технологии мехнат дар сатхи иктисоди байналмиллали хамкории серчабахои давлатхои чахонро такозо менамояд. Ин чараёни объективи бечунучаро ташккул ва инкишофи бозори ягонаро дар сатхи иктисоди чахони, дар хамкории иктисодии миёни давлатхо боис мегардад. Дар бозори ягонаи иктисоди чахони пахноии бозор худуди якчанд кишвархоро фаро мегирад. Яъне, дар ин бозори ягона якчанд кишвархои чахон хамчун субъекти таркибии он баромад мекунанд. Бозори ягонаи байналмилали, ки Иттиходи Аврупо таъсис додааст, намунаи олии инкишофи ин намуд бозор дар арсаи чахон мебошад.Пайрахахое, ки Амрико тай намудааст, мактаби бузургест дар таъсиси иттиходи иктисоди ва бозори ягона барои чумхурихои собик Иттиходи Шурави. Дар худуди чумхурихои собик Иттиходи Шурави бо ном панч Иттиходияхои тичорати- иктисодиро чудо кардан мумкин аст:ГУАМ (Гурчистон, Украина, Озарбойчон, Молдовия).Осиёи Маркази (Казокистон, Киргизистон, Точикистон ва Узбекистон).Чамъияти Иктисодии Аврупою Осиё (ЕврАзЭС) - (Беларус, Казокистон, Киргизстон, Россия, Точикистон ва Узбекистон)Фазои ягонаи иктисоди ва ё гумруки ЕЭП (Беларус, Казокистон, Россия ва Украина).ИДМ.Аммо, таъсису инкишофи ин иттиходияхо, ки хадафи бозори ягонаро дар муносибатхои иктисодии миёни худ доранд, чандон назаррас намебошанд. Масалан, хиссаи онхо дар хачми содиротии (дах) иттиходияхои тичорати-иктисодии чахони баръакс ру ба таназзул ниходааст: вазни онхо соли 2006 нисбат ба соли 2000 дар ИДМ беш аз 1,5 фоиз, Осиёи Маркази – 1,8 маротиба, Фазои ягонаи иктисоди (ЕЭП) - 2%, Чамъияти иктисодии Аврупову Осиё (ЕврАзЭс) – 2 % кохиш ёфтааст. Ин аз он шаходат медихад, ки ташкили ин иттиходхо бештар хосияти сунъи дошта, болосохтори онхо дар тахкиму густариши муносибатхои тичорати-иктисоди, ташаккули бозори ягона мусоидат намекунад. Бояд таъкид кард, ки фаъолияти иктисоди-тичоратии ИДМ нисбатан муътадил буда, руй ба инкишоф нихода истодааст. Дар доираи ИДМ низ нахусткадамхо дар рохи эчоди бозори ягона гузошта шудааст. Имруз дар доираи он беш аз 68 макомоти хамкории сохави (кумитаи якчоя, комиссия ва г.) ташкил шудааст, ки аз он чумла ба масъалахои тичорати-иктисоди-10, саноат, сохтмон, кишоварзи-8, энергетика, наклиёт, алока-9, доираи ичтимоиёт-9, хамкории харби ва бехатари-6, таъмини иттилооти-5, хамкории сиёсиву хукуки-8 адад рост меояд. Аммо, мутаассифона вазни содиротии онхо дар арсаи чахон аз 19 (соли 2000) ба 18 фоиз паст фаромадааст. Дар давраи солхои 2000-2004 вазни киёсии содироти минтакавии ИДМ дар мачмуи содиротии иттиходияхои чахони беш аз 20 фоизро ташкил дода, кариб ки бо вазни иттиходи иктисодии давлатхои АСЕАН (давлатхои ру ба тараккиниходаи Осиёи Чануби - Шарки) баробар буд. Аммо солхои 2005-2006 ин нишондиханда то 17 фоиз паст шудааст.[3]Барои Чумхурии Точикистон рушду инкишофи Иттиходияи иктисодии Осиёи Маркази ва ташкили бозори ягона дар ин минтака хеле манфиатнок аст. Зеро, заминахои объективии таърихан ташаккулёфтаи ин минтака, ягонагии муносибатхои мадани-ичтимои, фарханги, тарзи зиндаги ва ниходхои ичтимои (расму оинхои милливу дини ва г.), хешу табори, хамсоягиву хамгироии халкхои бародар ва г., вучуд доранд. Пеши рохи падидашавии ин заминахои объективиро махдудиятхои болосохтори ва ё сиёсии давлатхои хамсоя дар асл гирифта наметавонанд. Баръакс, эчоди хар гуна монеъахо дар рохи муносибатхои тичорати-иктисоди аз тарафи болосохтор ва ё давлатхои ин минтака афзудани иктисоди нихониро (гайрирасмиро) дар сатхи равобити иктисоди-тичоратии миёни кишвархои хамсоя мусоидат мекунад. «Агар мо ба масъалаи хамкорихои Осиёи Маркази фарохтар назар афканем, зарурати эчоди созмони хоса барои тахкиму густариши хамгироии минтакави эхсос мешавад, ки берун аз хар гуна идеология буда, хадафи асосиву афзалиятноки он равобити махз иктисоди мебошад»[4].Панч пешниходе, ки аз тарафи Раиси чумхур дар ин Паём, чихати таъсиси созмон таъкид шуда буд, зина ва унсурхои ташкили бозори ягонаро дар минтакаи Осиёи Маркази хеле равшану возех ифода мекунад. Дарвокеъ иктидори иктисодии кишвархои ин минтака хеле бузург аст. Вазни киёсии кишвархои Осиёи Маркази дар хачми умумии содироти ба ИДМ беш аз 35 фоизро дар содироти милли ташкил додааст. Яъне беш аз 35 фоизи содироти миллии онхо миёни давлатхои ИДМ сурат гирифтааст. Соли 2006, аз он чумла дар Казокистон-15, Киргизистон - 47, Точикистон-13, Туркманистон-50 ва Узбекистон-42 фоизро ташкил додааст. Вазни киёсии саноати коркард дар ММД (мачмуи махсулоти дохили) таи солхои 2004-2006 дар кишвархои Осиёи Маркази 15,4 фоизро ташкил додааст, ки аз он чумла дар Казокистон-13, Киргизистон - 11, Точикистон - 22, Туркманистон - 21, ва Узбекистон - 10 фоиз мебошад. Вазни киёсии мошину тачхизот дар содироти милли мувофикан- 1, 9, 2, кариб 1 ва 11 фоиз буд.[5]Омилхои чугрофи, масофа, топография, иклим, умуман омилхои физики-чугрофи, ки арзиши иктисоди доранд, зарурати таъсиси бозори ягонаро дар минтака такозо мекунанд. Масалан, минтакаи Осиёи Маркази аз марказхои фаъоли иктисодии чахон ба масофаи хазорхо фарсанг дур вокеъ аст. Илова бар ин, кисми муайяни кишвархои минтака аз кухистон, биёбону нимбиёбон иборат буда, хамзамон дар рохи баромад ба бахр ва шохроххои калон махдудиятхо дорад. Ташкили бозори ягона ва ё фазои ягонаи иктисодии вокеи метавонад ин махдудиятхоро бархам дихад.Бояд зикр кард, ки хамкории минтакави ва ташкили бозори умумии Осиёи Маркази аз тарафи кумитахои Созмони Милали Муттахид низ таъкид шудааст. Ин масъала дар гузориши барномаи инкишофи СММ дар бораи рушди инсон дар бораи Осиёи Маркази инъикос ёфтааст: «Татбики пурраи онхо (ин барнома) имкон медихад, ки суръати рушди иктисоди 2 маротиба афзоиш ёбад ва Осиёи Маркази дар муддати кутохи таърихи ба минтакаи динамики ва босуръат рушдёбандаи чахон мубаддал шавад»[6]. Дархакикат, дар мавриди ташкили бозори ягона дар минтака, сарватхои табии он ба манфиатхои кулли мардуми ин манотик истифода мешаванд. Захирахои обиву энергетики, канданихои фоиданоку нодир, ашёи табииву саноати, ки хеле бисёр аст, дастраси хамагон гашта, иктисоди миллии кишвархои минтака аз тобеияти иктисоди чахони озод хохад шуд.Бояд таъкид кард, ки новобаста аз монеахои субъективи алокахои иктисоди-тичоратии минтака дар шароити чахонишави идома меёбад. Кишвархои аъзои иттиходи иктисоди ба чараёни чахонии тичоративу инвеститсиони ворид мешаванд, техника ва технологияи навинро аз чахони мутаракки мехаранд ва азхуд мекунанд. Дар мавриди мутобик нашудан ба ин мачро, яъне ба ичро нарасонидани тагйироти сифатан нави таркиби иктисоди миллии худ (тибки раванди чахонишави) онхо ба хавзаи ашёи ва партови чахони мутаракки табдил хоханд гашт. Агар корпоратсияхои байналмиллали (трансмилли) меъмори ва ё мухандиси чахонишавию чахонсози бошанд, пас иттиходияхои иктисодии чахони ва ё бозорхои ягонаи чахони дар минтакахои чудогонаи курраи Замин, хамчун ниходхои махсус дар ин раванд хидмат мекунанд. Вай барои ноил шудан ба инкишофи иктисодии баробар дар кишвархои чахон, дастраси умумибашари шудани натичахои илми-техники, умуман дар таъмини вахдати олами инсони мусоидат мекунад. Аз ин ру, пайваста дар хамкори бо корпоратсияхои чахони густариш додани иттиходияи иктисоди ва бозори ягона дар каламрави Осиёи Маркази ягона рохи эмин будан аз падидахои манфии раванди чахонишави мебошад.Таъсиси вокеи ва ташакулли бозори ягонаи Осиёи Маркази пеш аз хама ба ичро расонидани корхои зеринро талаб менамояд. Якум. Тахия ва кабули сиёсати умумии иктисоди-ичтимои ва рушду инкишофи ифрасохтор дар каламрави ин кишвархои минтака, ки заминахои асосиро дар бунёди бозори ягона фарохам меорад, бояд дар хамоханги, хамкорихои судманду беuараз тархрези гардад. Дуюм. Ташкили бозори умумии хизмат, мехнат, харакати озоди сармоя, фазои илми-технологи ва иттилооти, ки онхо чузъхои органикии бозори ягона дар минтака мебошанд, бояд суръат гирад.Бояд таъкид кард, ки ташаккул ва рушди фазои ягонаи иктисоди, пеш аз хама амалан якрангии санадхои хочагидориро барои кулли кишвархои аъзохои иттиходи иктисоди такозо мекунад. Бахусус, хамохангии чунин санадхои зерсохтори - андозу гумруки, Кодекси мехнату санадхои шахрванди, хамчунин санадхое, ки муносибатхои иктисодиву арзи, ичозатдихи (литсензиядихи), стандартхои ичтимои-экологи ва ғ. омили асосии шароитсозу нумубахш мебошад. Ба ибораи дигар, вазъи рушди иктисодии кишвархои иттиход ва санадхои хочагидории онхо, ки монеахоро дар рохи хамкорихои арзу тулии субъектхои иктисодии кишвархои минтака эчод накардааст, метавон чун нишондиханда ва ё омили мусоиду якранги мухити иктисоди арзёби кард.Таъсиси бозори ягона, инкишоф ва дурнамои он аз халли як катор муаммохои иктисоди ва ғайрииктисоди дорад. Ин чо мо тасмим гирифтем, ки факат се муаммои иктисодиро таъкид намоем. Якум. Трансфоматсия ва инкишофи иктисодии кишвархо дар доираи ин бозор ва ё иттиходи иктисоди раванди минбаъдаи ғайридавлатикунони, такмили муносибати моликият ва ташаккули инфрасохтори бозор бояд суръати сифатан нав гирад. Имруз наметавон гуфт, ки ин раванд дар кишвархои минтака дар сатхи мувофик ва якранг идома ёфта истодааст. Бояд кайд кард, ки коршиносони бештар кишвархои минтака иктидори сусти ислохотгароии кишвари худро эътироф мекунанд. Аммо, чуръати давлатхо дар самти ислохоти ниходи барои эчод намудани шароити афзалиятнок дар воридшавии сармояи хоричи мушохида мешавад ва суръат хам гирифта истодааст. Онхо дарк намуданд, ки сармояи хоричи бешубха «шохрохи» тағйироти таркиби иктисодиётро дар мачрои воридшави ба иктисоди чахони муайян мекунад.Дар тамоми кишвархои Осиёи Маркази мархилахо ва шаклхои дигаргункунии (метаморфози) моликият ва муносибат ба моликият кариб ки якранг мебошанд. Масалан, аввал аз хусусигардонии «хурд» сар карда, (асосан мархилаи хусусигардонии «халки»-ро гузашта) баъдан хусусигардонии «бузург» -сармоягардонии васеи активхои давлатиро кариб, ки ба анчом расониданд. Аммо бояд таъкид кард, ки дар ин мачро моликияти давлати асосан ба моликияти хусусии гурухи хурди одамон табдил ёфта, барои ба вучуд омадани олигарххо мусоидат кард. Ин чо метавон гуфт, ки кишвархо аз капитализми (сотсиализми) давлати –монополисти ба капитализми олигархи-монополисти табдил ёфтанд. Агар дар мавриди аввал иктисодиётро бюрои сиёси идора мекард, пас имруз олигарххо ва сохибмансабону хизматчиёни давлати идора мекунанд. Дар варианти аввала имконият буд, ки захирахои чомеаро барои халли вазифахои аввалияи иктисоди-ичтимои сафарбар намоем ва рушди иктисоди миллиро ба танзим оварем. Дар варианти дуюм бошад, кулли хадафхо дар он маврид халли худро меёбад, агар ба манфиати гурухи махдуди одамон, асосан олигарххо мутобик бошад. Дар ин шароит, бешубха дурнамои дакики рушди иктисоди тира аст. Олимон – иктисодчиён, ки ин равандхои муносибатхои иктисодиро дар каламрави ИДМ мавриди тахлил карор дода буданд, оид ба трансформатсияи минбаъдаи муносибати моликият чунин самтро нишон доданд: а) ислохот ва ё дигаргункунии таркибии (реструктуризация) муассисахои давлати, ба максаде, ки онхо ба чамъияти сахомии кушода табдил ёбанд; б) фурухтани сахми давлати дар чамъиятхои сахоми, ки чун мархилаи нави хусусигардонии пули тавсия дода мешавад; в) бозтаксими моликият ва фуруши хукуки истифодабарии моликият, яъне рахои ёфтан аз сохибони ноухдабарои пешин ва катъ кардани шартнома бо сармоягузорони хоричии оппортунист (каллобон) баланд бардоштани накши макомоти ичроияи давлати дар идоракунии сахмхо, ки ба вай марбут аст.[7]Имруз дар бисёр давлатхо натичахои хусусигардони мухокима шуда истодааст, ки асосан хадафи пойдоркунии адолатро дорад. Аз чониби инвесторони хоричи, ки бештар дар хамкори бо мутахассисони дастгохи Президент ва аъзоёни хукумат фаъолият доранд, бояд шаффофияти он таъмин гардад. Ин чо кулли карору фаъолиятхо ва созишхо бояд дар чодаи гул-гулшукуфоии кишвар бошад. Дар мавриди халли ин муаммохои дохили, метавон рохи инкишофи озоди иктисодиро дар фазои ягонаи иктисодии миёни кишвархои Осиёи Маркази суфта кард.Дуюм. Ташаккули бозори молу хизматхо, сармоя ва захирахои мехнати, новобаста аз монеахои сунъи мушохида мешавад. Зеро муносибатхои иктисоди-тичорати хосияти объективи доранд. Хар гуна монеахо ва ғайримуташаккилии инфрасохтори ин бозорхоро асосан номувофики ва ё кандашави аз равандхои вокеии иктисодии кишвар тавлид кардааст. Яъне амалияи ислохоти ниходи ва ташаккули стихиявии он бо равандхои вокеи номувофик ва хатто мухолифат бо он дорад.Рушди табии бозори ягонаи Осиёи Марказиро азнавсозии таркибии иктисодиёти кишвархо муайян мекунад. Ин раванд бояд дар созишу хамохангии кишвархо, такя ба иктидори истехсоли, кооператсия, тахассусшавии манфиатовар ва таксимоти технологии мехнат суръат гирад. Умуман, хамкории иктисоди ва узвият дар бозори ягона бояд иктисодиёти хамдигарро пурра карда, рушди сифатан нави иктисоди миллиро мусоидат намояд.Сеюм. Иштирок дар низоми фазои ягонаи иктисоди халли муаммохои воридшавии фаъолро дар Ташкилоти байналмилалии савдо (ВТО), фонди арзи ва дигар ташкилоти байналмилали такозо мекунад. Амалигардии ин вазифахо иштироки кишвархои минтакаро дар мачрои рушди иктисоди чахони, ки асосан дар натичаи ворид шудан ба фаъолияти мехвари молияви-иктисодии чахон суръат мегирад, таъмин месозад. Дар ин раванд истифодаи иктидори илми-технологи, сармоявии давлатхои мутаракки, ки барои дигаргунсозии вазъи ичтимои-иктисоди ва сиёсии кишвархои ру ба инкишоф нихода чун обу хаво зарур аст, дар маркази сиёсати иктисодии кишвархо бояд карор гирад. Воридшавии кишвархо ба ТБС (ВТО) омодаги ва тайёрии чиддии иктисодиёти миллиро такозо мекунад. Ин чо натанхо афзалият ва имкониятхои мусби, балки лахзахои манфии ин раванд низ бояд мавриди тахлил карор гирад.Хамин тарик, заминахои асосии ташкили бозори ягонаи Осиёи Маркази ва инкишофи минбаъдаи иттиходи минтакавии онхо аз омилхои зерин бармеояд: а) якрангии сатхи инкишофи иктисоди, муаммо ва дарачаи пазиши бозории кишвархо; б) хамхудуди ва наздикии чуғрофии кишвархо, алокахои таърихан ташаккулёфтаи иктисоди-ичтимои ва мадании кишвархо; в) умумияти муаммохои иктисоди-ичтимои (дар чодаи молияви, танзим, хамкории сиёси ва u.), ки кишвархо бархурд доранд. г) таъмини бехатарии миллии кишвархо.
Молия ва Иқтисод.
БОЗОРИ ЯГОНАИ ОСИЁИ МАРКАЗИ:
МОХИЯТ ВА ЗАРУРАТИ ТАЪСИС
Мафхумхое, ки дар илми иктисоди истифода мешаванд, – таъкид карда буд олими иктисодчии барчастаи англис А. Маршалл, – бояд муайянии мушахасс дошта бошад.[1] Ва барои ин зарур аст, ки тағийроти ин мафхумхоро дар риштаи инкишофи таърихи тахлил намуда, падидшавии мохияти онро дар замони тахлили (муосир) дарк намоем. Яъне донем, ки вай кадом мохиятро дар замони нав доро аст. Бинобар он, мо зарур донистем, ки пеш аз хама ба мохияти бозор, бахусус бозори ягона ру оварем. Дарвокеъ солхои охир дар мачаллаву рузномахо, умуман расонахои ахбор мафхуми «бозори ягона» хеле бештар вомехурад. Чи тавре ки дар боло таъкид шуд, мохияти бозор хеле бисёру гуногун тавсиф дода шудааст. Бояд таъкид кард, ки ин тавсифу шархдихихо аз меъёру хосиятхои мохиятии гуногун бармеояд. Дар мавриде, ки тахкик оид ба бозори ягона меравад, ин чо меъёри худуди, чуғрофи ва ё пахнои дар назар аст ва аз ин нигох низ, тахлил мешавад. Иктисодчи- математики намоёни Фаронса О.Курно[2] хануз ибтидои карни 19 кайд кард буд, ки зери мафхуми бозор на майдони хариду фуруш, балки худуду пахно ва ё минтакаи муайяни ягонаро бояд ба назар дошт, ки дар он чо муносибатхои истеъмолгару фурушанда (истехсолгар) озод ва нарх хеле сабуку мутавозин мегардад. Пас мебинем, ки чанини мафхуми бозори ягона дар ибтидои асри 19 пайдо шудааст. Модоме ки бозори ягона асосан аз меъёр ва ё хосияти худуди-пахнои бармеояд, бинобар он ин мафхумро хам дар сатхи иктисоди байналмилали низ истифода мебаранд.
Раванди чахонишави, кави гаштани таксимоти мехнат, бахусус таксимоти технологии мехнат дар сатхи иктисоди байналмиллали хамкории серчабахои давлатхои чахонро такозо менамояд. Ин чараёни объективи бечунучаро ташккул ва инкишофи бозори ягонаро дар сатхи иктисоди чахони, дар хамкории иктисодии миёни давлатхо боис мегардад. Дар бозори ягонаи иктисоди чахони пахноии бозор худуди якчанд кишвархоро фаро мегирад. Яъне, дар ин бозори ягона якчанд кишвархои чахон хамчун субъекти таркибии он баромад мекунанд. Бозори ягонаи байналмилали, ки Иттиходи Аврупо таъсис додааст, намунаи олии инкишофи ин намуд бозор дар арсаи чахон мебошад.
Пайрахахое, ки Амрико тай намудааст, мактаби бузургест дар таъсиси иттиходи иктисоди ва бозори ягона барои чумхурихои собик Иттиходи Шурави. Дар худуди чумхурихои собик Иттиходи Шурави бо ном панч Иттиходияхои тичорати- иктисодиро чудо кардан мумкин аст:
ГУАМ (Гурчистон, Украина, Озарбойчон, Молдовия).
Осиёи Маркази (Казокистон, Киргизистон, Точикистон ва Узбекистон).
Чамъияти Иктисодии Аврупою Осиё (ЕврАзЭС) - (Беларус, Казокистон, Киргизстон, Россия, Точикистон ва Узбекистон)
Фазои ягонаи иктисоди ва ё гумруки ЕЭП (Беларус, Казокистон, Россия ва Украина).
ИДМ.
Аммо, таъсису инкишофи ин иттиходияхо, ки хадафи бозори ягонаро дар муносибатхои иктисодии миёни худ доранд, чандон назаррас намебошанд. Масалан, хиссаи онхо дар хачми содиротии (дах) иттиходияхои тичорати-иктисодии чахони баръакс ру ба таназзул ниходааст: вазни онхо соли 2006 нисбат ба соли 2000 дар ИДМ беш аз 1,5 фоиз, Осиёи Маркази – 1,8 маротиба, Фазои ягонаи иктисоди (ЕЭП) - 2%, Чамъияти иктисодии Аврупову Осиё (ЕврАзЭс) – 2 % кохиш ёфтааст. Ин аз он шаходат медихад, ки ташкили ин иттиходхо бештар хосияти сунъи дошта, болосохтори онхо дар тахкиму густариши муносибатхои тичорати-иктисоди, ташаккули бозори ягона мусоидат намекунад. Бояд таъкид кард, ки фаъолияти иктисоди-тичоратии ИДМ нисбатан муътадил буда, руй ба инкишоф нихода истодааст. Дар доираи ИДМ низ нахусткадамхо дар рохи эчоди бозори ягона гузошта шудааст. Имруз дар доираи он беш аз 68 макомоти хамкории сохави (кумитаи якчоя, комиссия ва г.) ташкил шудааст, ки аз он чумла ба масъалахои тичорати-иктисоди-10, саноат, сохтмон, кишоварзи-8, энергетика, наклиёт, алока-9, доираи ичтимоиёт-9, хамкории харби ва бехатари-6, таъмини иттилооти-5, хамкории сиёсиву хукуки-8 адад рост меояд. Аммо, мутаассифона вазни содиротии онхо дар арсаи чахон аз 19 (соли 2000) ба 18 фоиз паст фаромадааст. Дар давраи солхои 2000-2004 вазни киёсии содироти минтакавии ИДМ дар мачмуи содиротии иттиходияхои чахони беш аз 20 фоизро ташкил дода, кариб ки бо вазни иттиходи иктисодии давлатхои АСЕАН (давлатхои ру ба тараккиниходаи Осиёи Чануби - Шарки) баробар буд. Аммо солхои 2005-2006 ин нишондиханда то 17 фоиз паст шудааст.[3]
Барои Чумхурии Точикистон рушду инкишофи Иттиходияи иктисодии Осиёи Маркази ва ташкили бозори ягона дар ин минтака хеле манфиатнок аст. Зеро, заминахои объективии таърихан ташаккулёфтаи ин минтака, ягонагии муносибатхои мадани-ичтимои, фарханги, тарзи зиндаги ва ниходхои ичтимои (расму оинхои милливу дини ва г.), хешу табори, хамсоягиву хамгироии халкхои бародар ва г., вучуд доранд. Пеши рохи падидашавии ин заминахои объективиро махдудиятхои болосохтори ва ё сиёсии давлатхои хамсоя дар асл гирифта наметавонанд. Баръакс, эчоди хар гуна монеъахо дар рохи муносибатхои тичорати-иктисоди аз тарафи болосохтор ва ё давлатхои ин минтака афзудани иктисоди нихониро (гайрирасмиро) дар сатхи равобити иктисоди-тичоратии миёни кишвархои хамсоя мусоидат мекунад. «Агар мо ба масъалаи хамкорихои Осиёи Маркази фарохтар назар афканем, зарурати эчоди созмони хоса барои тахкиму густариши хамгироии минтакави эхсос мешавад, ки берун аз хар гуна идеология буда, хадафи асосиву афзалиятноки он равобити махз иктисоди мебошад»[4].
Панч пешниходе, ки аз тарафи Раиси чумхур дар ин Паём, чихати таъсиси созмон таъкид шуда буд, зина ва унсурхои ташкили бозори ягонаро дар минтакаи Осиёи Маркази хеле равшану возех ифода мекунад. Дарвокеъ иктидори иктисодии кишвархои ин минтака хеле бузург аст. Вазни киёсии кишвархои Осиёи Маркази дар хачми умумии содироти ба ИДМ беш аз 35 фоизро дар содироти милли ташкил додааст. Яъне беш аз 35 фоизи содироти миллии онхо миёни давлатхои ИДМ сурат гирифтааст. Соли 2006, аз он чумла дар Казокистон-15, Киргизистон - 47, Точикистон-13, Туркманистон-50 ва Узбекистон-42 фоизро ташкил додааст. Вазни киёсии саноати коркард дар ММД (мачмуи махсулоти дохили) таи солхои 2004-2006 дар кишвархои Осиёи Маркази 15,4 фоизро ташкил додааст, ки аз он чумла дар Казокистон-13, Киргизистон - 11, Точикистон - 22, Туркманистон - 21, ва Узбекистон - 10 фоиз мебошад. Вазни киёсии мошину тачхизот дар содироти милли мувофикан- 1, 9, 2, кариб 1 ва 11 фоиз буд.[5]
Омилхои чугрофи, масофа, топография, иклим, умуман омилхои физики-чугрофи, ки арзиши иктисоди доранд, зарурати таъсиси бозори ягонаро дар минтака такозо мекунанд. Масалан, минтакаи Осиёи Маркази аз марказхои фаъоли иктисодии чахон ба масофаи хазорхо фарсанг дур вокеъ аст. Илова бар ин, кисми муайяни кишвархои минтака аз кухистон, биёбону нимбиёбон иборат буда, хамзамон дар рохи баромад ба бахр ва шохроххои калон махдудиятхо дорад. Ташкили бозори ягона ва ё фазои ягонаи иктисодии вокеи метавонад ин махдудиятхоро бархам дихад.
Бояд зикр кард, ки хамкории минтакави ва ташкили бозори умумии Осиёи Маркази аз тарафи кумитахои Созмони Милали Муттахид низ таъкид шудааст. Ин масъала дар гузориши барномаи инкишофи СММ дар бораи рушди инсон дар бораи Осиёи Маркази инъикос ёфтааст: «Татбики пурраи онхо (ин барнома) имкон медихад, ки суръати рушди иктисоди 2 маротиба афзоиш ёбад ва Осиёи Маркази дар муддати кутохи таърихи ба минтакаи динамики ва босуръат рушдёбандаи чахон мубаддал шавад»[6]. Дархакикат, дар мавриди ташкили бозори ягона дар минтака, сарватхои табии он ба манфиатхои кулли мардуми ин манотик истифода мешаванд. Захирахои обиву энергетики, канданихои фоиданоку нодир, ашёи табииву саноати, ки хеле бисёр аст, дастраси хамагон гашта, иктисоди миллии кишвархои минтака аз тобеияти иктисоди чахони озод хохад шуд.
Бояд таъкид кард, ки новобаста аз монеахои субъективи алокахои иктисоди-тичоратии минтака дар шароити чахонишави идома меёбад. Кишвархои аъзои иттиходи иктисоди ба чараёни чахонии тичоративу инвеститсиони ворид мешаванд, техника ва технологияи навинро аз чахони мутаракки мехаранд ва азхуд мекунанд. Дар мавриди мутобик нашудан ба ин мачро, яъне ба ичро нарасонидани тагйироти сифатан нави таркиби иктисоди миллии худ (тибки раванди чахонишави) онхо ба хавзаи ашёи ва партови чахони мутаракки табдил хоханд гашт. Агар корпоратсияхои байналмиллали (трансмилли) меъмори ва ё мухандиси чахонишавию чахонсози бошанд, пас иттиходияхои иктисодии чахони ва ё бозорхои ягонаи чахони дар минтакахои чудогонаи курраи Замин, хамчун ниходхои махсус дар ин раванд хидмат мекунанд. Вай барои ноил шудан ба инкишофи иктисодии баробар дар кишвархои чахон, дастраси умумибашари шудани натичахои илми-техники, умуман дар таъмини вахдати олами инсони мусоидат мекунад. Аз ин ру, пайваста дар хамкори бо корпоратсияхои чахони густариш додани иттиходияи иктисоди ва бозори ягона дар каламрави Осиёи Маркази ягона рохи эмин будан аз падидахои манфии раванди чахонишави мебошад.
Таъсиси вокеи ва ташакулли бозори ягонаи Осиёи Маркази пеш аз хама ба ичро расонидани корхои зеринро талаб менамояд. Якум. Тахия ва кабули сиёсати умумии иктисоди-ичтимои ва рушду инкишофи ифрасохтор дар каламрави ин кишвархои минтака, ки заминахои асосиро дар бунёди бозори ягона фарохам меорад, бояд дар хамоханги, хамкорихои судманду беuараз тархрези гардад. Дуюм. Ташкили бозори умумии хизмат, мехнат, харакати озоди сармоя, фазои илми-технологи ва иттилооти, ки онхо чузъхои органикии бозори ягона дар минтака мебошанд, бояд суръат гирад.
Бояд таъкид кард, ки ташаккул ва рушди фазои ягонаи иктисоди, пеш аз хама амалан якрангии санадхои хочагидориро барои кулли кишвархои аъзохои иттиходи иктисоди такозо мекунад. Бахусус, хамохангии чунин санадхои зерсохтори - андозу гумруки, Кодекси мехнату санадхои шахрванди, хамчунин санадхое, ки муносибатхои иктисодиву арзи, ичозатдихи (литсензиядихи), стандартхои ичтимои-экологи ва ғ. омили асосии шароитсозу нумубахш мебошад. Ба ибораи дигар, вазъи рушди иктисодии кишвархои иттиход ва санадхои хочагидории онхо, ки монеахоро дар рохи хамкорихои арзу тулии субъектхои иктисодии кишвархои минтака эчод накардааст, метавон чун нишондиханда ва ё омили мусоиду якранги мухити иктисоди арзёби кард.
Таъсиси бозори ягона, инкишоф ва дурнамои он аз халли як катор муаммохои иктисоди ва ғайрииктисоди дорад. Ин чо мо тасмим гирифтем, ки факат се муаммои иктисодиро таъкид намоем. Якум. Трансфоматсия ва инкишофи иктисодии кишвархо дар доираи ин бозор ва ё иттиходи иктисоди раванди минбаъдаи ғайридавлатикунони, такмили муносибати моликият ва ташаккули инфрасохтори бозор бояд суръати сифатан нав гирад. Имруз наметавон гуфт, ки ин раванд дар кишвархои минтака дар сатхи мувофик ва якранг идома ёфта истодааст. Бояд кайд кард, ки коршиносони бештар кишвархои минтака иктидори сусти ислохотгароии кишвари худро эътироф мекунанд. Аммо, чуръати давлатхо дар самти ислохоти ниходи барои эчод намудани шароити афзалиятнок дар воридшавии сармояи хоричи мушохида мешавад ва суръат хам гирифта истодааст. Онхо дарк намуданд, ки сармояи хоричи бешубха «шохрохи» тағйироти таркиби иктисодиётро дар мачрои воридшави ба иктисоди чахони муайян мекунад.
Дар тамоми кишвархои Осиёи Маркази мархилахо ва шаклхои дигаргункунии (метаморфози) моликият ва муносибат ба моликият кариб ки якранг мебошанд. Масалан, аввал аз хусусигардонии «хурд» сар карда, (асосан мархилаи хусусигардонии «халки»-ро гузашта) баъдан хусусигардонии «бузург» -сармоягардонии васеи активхои давлатиро кариб, ки ба анчом расониданд. Аммо бояд таъкид кард, ки дар ин мачро моликияти давлати асосан ба моликияти хусусии гурухи хурди одамон табдил ёфта, барои ба вучуд омадани олигарххо мусоидат кард. Ин чо метавон гуфт, ки кишвархо аз капитализми (сотсиализми) давлати –монополисти ба капитализми олигархи-монополисти табдил ёфтанд. Агар дар мавриди аввал иктисодиётро бюрои сиёси идора мекард, пас имруз олигарххо ва сохибмансабону хизматчиёни давлати идора мекунанд. Дар варианти аввала имконият буд, ки захирахои чомеаро барои халли вазифахои аввалияи иктисоди-ичтимои сафарбар намоем ва рушди иктисоди миллиро ба танзим оварем. Дар варианти дуюм бошад, кулли хадафхо дар он маврид халли худро меёбад, агар ба манфиати гурухи махдуди одамон, асосан олигарххо мутобик бошад. Дар ин шароит, бешубха дурнамои дакики рушди иктисоди тира аст. Олимон – иктисодчиён, ки ин равандхои муносибатхои иктисодиро дар каламрави ИДМ мавриди тахлил карор дода буданд, оид ба трансформатсияи минбаъдаи муносибати моликият чунин самтро нишон доданд: а) ислохот ва ё дигаргункунии таркибии (реструктуризация) муассисахои давлати, ба максаде, ки онхо ба чамъияти сахомии кушода табдил ёбанд; б) фурухтани сахми давлати дар чамъиятхои сахоми, ки чун мархилаи нави хусусигардонии пули тавсия дода мешавад; в) бозтаксими моликият ва фуруши хукуки истифодабарии моликият, яъне рахои ёфтан аз сохибони ноухдабарои пешин ва катъ кардани шартнома бо сармоягузорони хоричии оппортунист (каллобон) баланд бардоштани накши макомоти ичроияи давлати дар идоракунии сахмхо, ки ба вай марбут аст.[7]
Имруз дар бисёр давлатхо натичахои хусусигардони мухокима шуда истодааст, ки асосан хадафи пойдоркунии адолатро дорад. Аз чониби инвесторони хоричи, ки бештар дар хамкори бо мутахассисони дастгохи Президент ва аъзоёни хукумат фаъолият доранд, бояд шаффофияти он таъмин гардад. Ин чо кулли карору фаъолиятхо ва созишхо бояд дар чодаи гул-гулшукуфоии кишвар бошад. Дар мавриди халли ин муаммохои дохили, метавон рохи инкишофи озоди иктисодиро дар фазои ягонаи иктисодии миёни кишвархои Осиёи Маркази суфта кард.
Дуюм. Ташаккули бозори молу хизматхо, сармоя ва захирахои мехнати, новобаста аз монеахои сунъи мушохида мешавад. Зеро муносибатхои иктисоди-тичорати хосияти объективи доранд. Хар гуна монеахо ва ғайримуташаккилии инфрасохтори ин бозорхоро асосан номувофики ва ё кандашави аз равандхои вокеии иктисодии кишвар тавлид кардааст. Яъне амалияи ислохоти ниходи ва ташаккули стихиявии он бо равандхои вокеи номувофик ва хатто мухолифат бо он дорад.
Рушди табии бозори ягонаи Осиёи Марказиро азнавсозии таркибии иктисодиёти кишвархо муайян мекунад. Ин раванд бояд дар созишу хамохангии кишвархо, такя ба иктидори истехсоли, кооператсия, тахассусшавии манфиатовар ва таксимоти технологии мехнат суръат гирад. Умуман, хамкории иктисоди ва узвият дар бозори ягона бояд иктисодиёти хамдигарро пурра карда, рушди сифатан нави иктисоди миллиро мусоидат намояд.
Сеюм. Иштирок дар низоми фазои ягонаи иктисоди халли муаммохои воридшавии фаъолро дар Ташкилоти байналмилалии савдо (ВТО), фонди арзи ва дигар ташкилоти байналмилали такозо мекунад. Амалигардии ин вазифахо иштироки кишвархои минтакаро дар мачрои рушди иктисоди чахони, ки асосан дар натичаи ворид шудан ба фаъолияти мехвари молияви-иктисодии чахон суръат мегирад, таъмин месозад. Дар ин раванд истифодаи иктидори илми-технологи, сармоявии давлатхои мутаракки, ки барои дигаргунсозии вазъи ичтимои-иктисоди ва сиёсии кишвархои ру ба инкишоф нихода чун обу хаво зарур аст, дар маркази сиёсати иктисодии кишвархо бояд карор гирад. Воридшавии кишвархо ба ТБС (ВТО) омодаги ва тайёрии чиддии иктисодиёти миллиро такозо мекунад. Ин чо натанхо афзалият ва имкониятхои мусби, балки лахзахои манфии ин раванд низ бояд мавриди тахлил карор гирад.
Хамин тарик, заминахои асосии ташкили бозори ягонаи Осиёи Маркази ва инкишофи минбаъдаи иттиходи минтакавии онхо аз омилхои зерин бармеояд: а) якрангии сатхи инкишофи иктисоди, муаммо ва дарачаи пазиши бозории кишвархо; б) хамхудуди ва наздикии чуғрофии кишвархо, алокахои таърихан ташаккулёфтаи иктисоди-ичтимои ва мадании кишвархо; в) умумияти муаммохои иктисоди-ичтимои (дар чодаи молияви, танзим, хамкории сиёси ва u.), ки кишвархо бархурд доранд. г) таъмини бехатарии миллии кишвархо.