Якчанд ҷумлаи пандомуз аз бузургон.

- Агар дар коре муваффақ шави, дустони
дуруғин ва душманони воқеи Б'а даст
хоҳИ' овард.
- Зиндаги китобест П'урмоҷаро, ҳеҷгоҳ
онро ба хотири як варақаш дур
наандоЗ'ед.
- Мисли соҳил ором бош, то мисли дарё
беқарорат бошанд.
- Ҳамеша хостаниҳо доштани нест ва
ҳамеша доштаниҳо хостани нест.
- Барои касе, ки оҳиста ва пайваста
меравад, ҳеҷ роҳе дур нест.
- Умед, дармоне нест, ки шифо диҳад.
вале кумак мекунад, ки дардро таҳамул
кунем.
- Ба ҷои он, ки ба торики лаънат
фиристед, як шамъ рушан кунед.
- Агар ҳар руз роҳатро иваз куни, ҳаргиз
ба мақсад нахоҳи расид.
- Вақте шахсе гумон кард, ки дигар
эҳтиёҷе ба пешрафт надорад, бояд тобути
худро омода кунад.
- Ҳама худхоҳии инсон аз худпарасти аст.
То Худопараст нашави, ба ҷое намераси.
- Дар ҳар нафас кашидан, имтиҳоне аст.
Бубин бо ангезаи раҳмони оғоз мешавад
ва ё бо ангезаи шайтони омехта мегардад.
- Он гуна, ки меписанди, зиндаги кун, вале
бидон, ки оқибат марг дар интизори туст.
- Ғамгин будам, ки кафш надорам, аммо
дар хиёбон мардеро дидам, ки по надошт.
- Ба ёд дошта бошед, ки хушбахтии инсон
ба мақом ё дороии у бастаги надорад,
хушбахти, танҳо ба андешаи у бастаги
дорад.

Комментарии