Он кӣ ҳалоки ман ҳаме

хоҳаду ман саломаташ,
Ҳар чӣ кунад зи шоҳидӣ,кас
накунад маломаташ.
Мева намедиҳад ба кас боғи
тафарруҷ асту бас,
Ҷуз ба назар намерасад себи
дарахти қоматаш.
Доруи дил намекунад,к-он кӣ
маризи ишқ шуд,
Ҳеҷ даво наёварад боз ба
истиқоматаш.
Ҷанг намекунам,агар даст ба
теғ мебарад,
Балки ба хун мутолабат ҳам
накунам қиёматаш.
Кошкӣ дар қиёматаш бори
дигар бидидаме,
К-он чӣ гуноҳи ӯ бувад,ман
бикашам ғароматаш.
Ҳар кӣ ҳаво гирифту рафт аз
паи орзуи дил,
Гӯш мадор,Саъдиё,бар хабари
саломаташ.

Комментарии

Комментариев нет.