tajikpress
27 апр

Ҳимоят аз Фаластин дар донишгоҳҳои саросари Амрико ва Фаронса

Ҷунбиши донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин дар саросари Амрико шиддат гирифта ва ба чанд кишвари дигар сироят карда ва токунун садҳо донишҷӯ тавассути полис дастгир шудаанд.
Донишҷӯён дар ин кишварҳо ҳамвора аз гурӯҳҳои пештози ҳомии Фаластин будаанд, аммо ҳамалоти ваҳшиёна ва густурдаи низомиёни палиди саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Фаластин дар беш аз 200 рӯзи гузашта ва шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани ҳазорон фаластинии бегуноҳ, сабаби шиддат гирифтани мавҷи эътирозот дар миёни гурӯҳҳои мухталифи донишҷӯӣ дар донишгоҳҳои саросари Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ шудааст.
Акнун мавҷи сареъ аз эътирозот, ки ёдовари ҷунбиши зидди ҷанги Ветнам аст, донишгоҳҳои саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар посух ба ҷанги Исроил алайҳи Ғазза фаро гирифтааст, ки мунҷар ба дастгирии садҳо нафар ва онлайн шудани теъдоди зиёде аз дарсҳо шудааст, мавҷе, ки ба донишгоҳҳои Аврупо низ расида ва онро таҷриба кардаанд.
Дар гузориши ҳозир бахше аз эътирозоти донишҷӯён дар Амрико ва Аврупо алайҳи Исроили ҷинояткор ва дар ҳимоят аз Фаластин, ки расонаӣ шуда, ба тасвир кашида шудааст:
Тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ ба кадомяк аз донишгоҳҳои Амрико сироят кардааст? https://tajikpress.com/2024/04/27/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b0%d0%b7%d0%b7-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d1%81%d0%b0/

Показать ещё

Комментарии

Комментариев нет.