Алҳамдулиллоҳи ваҳдаҳ ассалоту вассалому ало ман ло набийа баъдаҳ: Хонандаи азиз! Тақрибан ҳамаи ҷавонони азиз хуб медонанд ва огоҳ ҳастанд, ки ҳар сола дар моҳи мубораки рамазон ва қабл аз даромадани он дар ҷойҳои гуногун аз тарафи як гуруҳи ҷавонон, ки аз мадлулот ва қавоиди шариат маълумоти комилу дақиқ надоранд суханоне садо мезанад, ки ҳашт ракаат намози таровеҳ суннат ҳаст ва он бист ракаате ки аксари мардум мехонанд суннат нест, намози таровеҳ бояд ҳашт ракаат хонда шавад на бист ракаат ва баъзан ин гуруҳ ҷавонон барои тақвият додани суханон ва равиши худ истидлолоти аҷиберо барои ҷомеа пешкаш мекунанд ва аз мазҳаби ҳанафӣ низ барои тақвияти суханони худ далил меоранд, ки гуё уламо низ ҳашт ракаат таровеҳ мехонданд, ки дар натиҷаи чунин суханон баъзе ҷавононе ки аз улуми шариат хуб огаҳи надоранд дучори шубҳа шуда аз ки пайрави кардану ба гуфтаи ки амал карданро намедонанду сарсону саргардон мешаванд азин лиҳоз банда хостам дарин мавзуъ рисолаи кутоҳе бо ҷамъи далоил аз аҳодис ва қавлу амали саҳоба ва тобеину салафи солеҳ ва фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргона омода намоям то бошад, ки барои ҷавонони азиз манфиате расонаду онҳоро азингуна шубҳаандозону ихтилофот раҳо созаду ҳақро барояшон рӯшан созад то пайрави он бошанд. Хонандаи азиз ин рисолае ки дар назди шумо қарор дорад ба чунин нуктаҳо тартиб дода шудааст: 1)Маъно ва мафҳуми лафзи таровеҳ. 2) Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ. 3) Таровеҳи расули худо алайҳиссалом. 4) Бист ракат таровеҳ назди саҳобагони паёмбар алайҳиссалом. 5) Бист ракаат таровеҳ аз дидгоҳи тобеин. 6) Бист ракаат таровеҳ аз нигоҳи мазоҳиби чаҳоргона. 7) Фарқ байни таҳаҷҷуд ва таровеҳ. 8) Далоили ғайри муқаллидин ва посух ба онҳо. Таровеҳ чист? Калимаи «таровеҳ» шакли ҷамъи «тарвиҳа» ҳаст, тарвиҳа ҳамон нишастеро мегӯянд, ки шахси намозхон баъд аз хондани чаҳор ракаат таровиҳ каме истироҳат мекунад ва дар он истироҳат дуо ё тасбиҳ мехонад ин нишастро «тарвиҳа» мегӯянд дар намози таровеҳ ки ҳамагӣ панҷ нишаст ҳаст тамоми он нишастҳоро «таровеҳ» мегӯянд. таровеҳ ҳамон намозеро мегӯянд, ки дар моҳи мубораки рамазон баъд аз намози ишо(хуфтан) бо ҷамоат хонда мешавад имом ҳофиз ибни ҳаҷари асқалонӣ шореҳи саҳеҳ бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: سميت الصلاة فى الجماعة في ليالى رمضان التراويح «Намози бо ҷамоат дар шабҳои рамазон таровеҳ номгузори шудааст» (фатҳулборӣ шарҳи бухорӣ ҷилди 4 саҳифаи 250) Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ: Дар аҳодиси зиёде ворид шуда ки паёмбар алайҳиссалом асҳоби гиромии худро ба қиёми он (хондани намоз дар шабҳои рамазон) тарғиб менамуд ҳазрати Абӯҳурайра аз расули худо алайҳиссалом чунин ривоят мекунад, ки расули худо фармуд:: عن أبي هريرة أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: من قام رمضان إيمانا واحتسابا غفر له ما تقدم من ذنبه «Шахсе шабҳои рамазонро аз рӯи имондорӣ ва бо умеди савоб намоз бихонад аллоҳи меҳрабон гуноҳони гузаштаашро мебахшад»(ривояти имом бухорӣ 37, ва муслим 759) Намози таровеҳ яке аз суннатҳои гиромии паёмбар алайҳиссалом аст чигунае ки худи он ҳазрат мефармояд: إن الله فرض عليكم صيامه وسننت لكم قيام «Ба таҳқиқ аллоҳ барои шумо руза доштани моҳи рамазонро фарз гардонидааст ва ман намози шабашро(таровеҳро) бароятон суннат қарор додаам» Таровеҳ яке аз суннатҳои муаккада аст, чуноне ки аллома забидии ҳанафӣ мегӯяд: والأصح أن التراويح سنة مؤكدة لقوله عليه السلام ((وسننت لكم قيامه)) «Ва қавли саҳеҳ инаст, ки таровеҳ суннати муаккада аст бинобар қавли паёмбар алайҳиссалом ки гуфт: ва ман намози шабҳои рамазон(таровеҳро) бароятон суннат қарор додаам» (ал ҷавҳаратун найира ало мухтасарил қудурӣ ҷилди 1 саҳ: 97) Аллома алӣ қорӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: والأصح أنها سنة مؤكدة كما رواه الحسن عن أبي حنيفة «Ва қавли саҳеҳ инаст, ки хондани намози таровеҳ суннати муаккада аст, ҳамчуноне ки ҳасан аз имом абӯҳанифа ривоят кардааст»(фатҳул бобил иноя ҷилди 1 саҳ: 345) Таровеҳи расули худо алайҳиссалом: Аз ҳазрати оишаи сиддиқа чунин ривоят шудааст: أن رسول الله صلى الله عليه وسلم خرج ذات ليلة من جوف اليل فصلى فى المسجد فصلى رجال بصلاته فأصبح الناس فتحدثوا، فاجتمع أكثر منهم، فصلوا معه، فأصبح الناس فتحدثوا فكثر أهل المسجد من اليلة الثالثة، فخرج رسول الله صلى الله عليه وسلم فصلوا بصلاته، فلما كانت اليلة الرابعة عجز المسجد عن أهله حتى خرج لصلاة الصبح، فلما قضى الفجر أقبل على الناس، فتشهد، ثم قال: أما بعد فإنه لم يخف علىَ مكانكم، لكنى خشيت أن تفرض عليكم، فتعجزوا عنها «Ба таҳқиқ расули худо салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод шабе аз манзили худ берун шуд ва дар масҷид намоз хонд мардум пушти сари ӯ намоз хонданд вақто ки субҳ шуд мардум ин намози шаб хонда шударо дар байни худ таърифу тавсиф карданд пас шаби дуввум шумораи мардуми намозхон зиёд шуд ва дар шаби дуввум расули худо намоз хонд ва мардум низ аз пушти ӯ иқтидо намуданд вақто ки субҳ шуд мардум намози шаби гузаштаро дар байни худ сифат карданд ва шаби саввум шумораи намозхонҳо боз зиёд шуд дар шаби саввум расули худо намоз хонд ва мардум аз пасаш иқтидо карданд, шаби чаҳорум шумораи намозхонҳо чунон зиёд шуд, ки дар масҷид ҷой нашуданд(ва он шаб расули худо барои хондани намоз ба масҷид наёмад) то инки барои хондани намози субҳ(бомдод) ба масҷид омад намози субҳро ҳамроҳи мардум хонд пасон рӯ ба тарафи мардум гардонида худовандро ҳамду сано гуфт пасон фармуд: ман аз омадани шумо бохабар будам, локин тарсидам(ва ба он хотир ҳозир нашудам, ки) ин намоз барои шумо фарз нашавад, ки шумо аз адо кардани он оҷиз шавед»(саҳеҳ бухорӣ ҳадиси 923, ва 2012) Дар ривояти дигаре омадааст, ки саҳобагони бузургвор(худо аз онҳо рози бод) гумон карданд, ки расули худо дар хоб мондааст, ки дар намоз ҳозир нашуд ва пушти дари ӯ омада каме овози худро бароварданд то расули худо аз хоб бархоста ба намоз биёяд, локин расули худо бедор буд ва сабаби ҳозир нашуданашро баён кард ва гуфт, ки аз тарси он ҳозир нашудам ки мабодо ин намоз ба шумо фарз нашавад(ривояти имом муслим дар боби намози мусофир). Аз ин ривояти модари муъминон ҳазрати оишаи сиддиқа(худо аз ӯ рози бод) чунин маълум мегардад, ки расули худо алайҳиссалом се шаб ҳамроҳи мардум намози таровеҳ хонд ва дар ин ривоят сароҳатан мушаххас нест, ки дар он шабҳо паёмбар алайҳиссалом чанд ракаат таровеҳ хонданд азин хотир ба ривоёт ва амалу гуфтори шогирдони ӯ ки саҳобаҳо ҳастанд назар карда мешавад, ки он бузургворон ки баён кунандаи суннати паёмбар алайҳиссалом ва аввалин тарбият ёфтагони мактаби нубувват дарин маврид чи мегӯянд ва чигуна амал карданд, зеро онҳо аввалин ва афзалтарин шахсоне буданд, ки мактаб ва таълимоти паёмбар алайҳиссаломро ба пурраги аз худ карда буданду шореҳи қуръону суннат буданд. Бист ракат таровеҳ назди саҳобагони паёмбар алайҳиссалом: Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни аббос ривоят аст ки мегӯяд: عن ابن عباس: أنه عليه الصلاة والسلام كان يصلي في رمضان عشرين ركعة سوى الوتر «Ба таҳқиқ расули худо салому дуруди худо бар ӯ нозил бод дар моҳи мубораки рамазон ғайр аз намози витр бист ракаат намоз мехонд»(ривояти ибни абӣ шайба дар “мусаннафаш” ҷилди 2/ саҳифаи 164 ҳадиси 7692, ва ривояти табаронӣ дар “ал кабир” ҷилди 11/ саҳифаи 393 ҳадиси 12102 ва Абд ибни ҳумайд дар муснади худ саҳифаи 218) Бояд донист, ки саҳобагони киром(худо аз онҳо рози бод) дар замони паёмбар алайҳиссалом бар ин суннати таровеҳ амал мекарданд ва бо ҷамоатҳои гуногуне намози таровеҳ мехонданд паёмбар онҳоро медид ва аз ин амалашон хушҳол мешуд далили ин гуфтаҳо ривояти ҳазрати саълаба бин абӣ молики қурзӣ(худо аз ӯ рози бод) ҳаст, ки мегӯяд: خرج رسول الله صلى الله عليه وسلم ذات ليلة في رمضان فرأى ناسا في ناحية المسجد يصلون فقال: ((ما يصنع هؤلاء؟)) قال قائل: يا رسول الله، هؤلاء ناس ليس لهم من معهم قران وأبي بن كعب يقرؤهم معه يصلون بصلاته، قال: ((قد أحسنوا)) او((قد أصابوا)) ولم يكره ذلك لهم «Расули худо алайҳиссалом шабе дар моҳи мубораки рамазон берун шуд мардумро дид ки баъзе дар гушае аз масҷиди набавӣ намоз мехонданд, расули худо гуфт: инҳо чикор мекунанд? Шахсе дар ҷавоб гуфт: ё расулуллоҳ! Инҳо ҳофизи қуръон нестанд, убай ибни каъб дар намоз қироат мекунад ва мардум аз пушти сараи ӯ иқтидо намуда қироати қуръон гӯш мекунанд, паёмбар алайҳиссалом фармуд: эшон хуб карданд ва ба ҳақ расиданд ва ин амали онҳоро нописанд нагуфт»(ривояти имом байҳақӣ дар “фазоилул авқот” ҳадиси 122) Ҳазрати умар ибни хаттоб(худо аз ӯ рози бод) низ мардумро дар пушти сари як имом ҷамъ намуда асҳоби киром ҳамроҳ аз пушти он имом бо ҷамоат намози таровеҳ мехонданд. Аз Абдураҳмон ибни Абдулқорӣ ривоят аст ки гуфт: خرجت مع عمر بن الخطاب رضي الله عنه ، ليلة في رمضان إلى المسجد، فإذ الناس أوزاع متفرقون،يصلي الرجل لنفسه، ويصلي الرجل فيصلي بصلاته الرهط، فقال عمر: ((إني أرى لو جمعت هؤلاء على قارئ واحد، لكان أمثل)) ثم زعم فجمعهم على أبي بن كعب «Шабе дар моҳи мубораки рамазон ҳамроҳи умар ибни хаттоб (худо аз ӯ рози бод) дохили масҷид шудам дидем ки мардум гурӯҳ гурӯҳ тақсим шуда дар гушае аз масҷид баъзе танҳо танҳо ва баъзе бо ҷамоат намоз(таровеҳ) мехонданд ҳазрати умар гуфт: агар ҳамаи инҳоро дар пушти сари як имом ҷамъ мекардам бисёр хуб мешуд сипас тасмим гирифт ва ҳамаи мардумро дар пушти сари убай ибни қаъб ҷамъ кард ва уро имом қарор дод»(осорус сунан ҷилди 2 саҳифаи 51, ва саҳеҳ бухорӣ ҷилди 3 саҳифаи 45 ҳадиси 2010) Имом байҳақӣ(раҳимаҳуллоҳ) дар “ал маърифа” бо санади саҳеҳ аз соиб ибни язид ривоят мекунад, ки гуфт: كنا نقوم زمن عمر بن الخطاب بعشرين ركعة والوتر «Мо дар замони хилофати умар ибни хаттоб бист ракаат таровеҳ ва витр мехондем»(байҳақӣ дар “сунани кубро” /2 /496) Аз яҳё бин саъид ривоят аст ки гуфт: إن عمر بن الخطاب أمر رجلا يصلي بهم عشرين ركعة «Ҳазрати умар ибни хаттоб мардеро дастур дод ки ба саҳоба ва тобеин бист ракаат намоз бихонад»(мусаннафи ибни абӣ шайба ҷилди 2 саҳифаи 393) Аз язид ибни румона чунин ривоят аст: عن يزيد بن رومان قال: كان الناس يقومون في زمان عمر بن الخطاب في رمضان بثلاث وعشرين ركعة «Аз язид ибни румон ривоят аст ки гуфт: дар замони хилофати умар ибни хаттоб мардум (саҳоба ва тобеин) бисту се ракаат(бист ракаат таровеҳ ва се ракаат витр) мехонданд»(ривояти имом молик дар муваттаъ) Ривояти дигаре дарин маврид чунинаст: عن عبد العزيز بن رفيع قال: كان أبي بن كعب يصلي بالناس في رمضان بالمدينة عشرين ركعة ويوتر بثلاث «Аз Абдулазиз бин рафиъ ривоят шудааст, ки гуфт: убай ибни каъб дар рамазон дар мадинаи мунаввара ба мардум бист ракаат таровеҳ ва се ракаат витр мехононид»(мусаннафи ибни абӣ шайба ҷилди 1 саҳ: 393) Дастури ҳазрати алӣ дар мавриди бист ракаат таровеҳ: عن عبد الرحمن السلمي أن عليا دعا القراء في رمضان فأمر رجلا ان يصلي بالناس عشرين ركعة وكان علي يوتربهم «Аз Абдураҳмони суламӣ ривоят аст ки мегӯяд: ҳазрати алӣ дар моҳи мубораки рамазон қориёнро даъват кард ва сипас яке аз онҳоро амр кард, ки ба мардум бист ракаат намоз(таровеҳ) бихонад ва худи ҳазрати алӣ намози витрро(имомати карда) мехононид»(сунани кубро аз имом байҳақӣ ҷилди 2 саҳ: 496) Аз соиб ибни язид ривоят аст ки мегӯяд: عن السائب بن يزيد قال: كانوا يقومون على عهد عمر بن الخطاب رضي الله عنه في شهر رمضان عشرين ركعة، قال: وكانوا يقرؤون بالمئين وكانوا يتوكئون على عصيهم في عهد عثمان بن عفان من شدة القيام «Мардум(саҳоба ва тобеин) дар замони хилофати умар ибни хаттоб дар моҳи мубораки рамазон бист ракаат намоз мехонданд(дар давом) мегӯяд: мардум дар таровеҳ чанд сад ояи қуръони мехонданд ва дар замони хилофати ҳазрати усмон бар асари тулони(дароз) будани қироати қуръон дар қиём мардум бар асоҳои худ такя мекарданд»(имом байҳақӣ дар “фазоилул авқот” боби “салоти таровеҳ дар моҳи рамазон” ҳадиси 127) Аз ин ривоёти дар боло зикр шуда маълум мегардад, ки саҳобагони паёмбар(худо аз онҳо рози бод) бештар аз ҳашт ракаат аниқтараш бист ракаат таровеҳ мехонданд ва ин собит аст ки ҳазрати умар ибни хаттоб(худо аз ӯ рози бод) ба ҳазрати убай ибни каъб дастур дода буд то ба мардум бист ракаат тарвеҳ бихонад ва ба ин дастури ҳазрати умар ҳеҷ яке аз саҳобагон эътироз накарданд ва ҳатто ҳазрати оиша ки ғайри муқаллидин аз ҳадиси ӯ истидлол карда таровеҳро ҳашт ракаат мегӯянд ба ҳазрати умар эътироз накард ва сухане нагуфт, ки ту хилофи суннати паёмбар амал кардаи таровеҳ ҳашт ракаат аст ва ту онро бист ракаат қарор додаи ингуна нагуфт, балки дастури ҳазрати умарро қабул кард тамоми асҳоби киром(худо аз онҳо рози бод) монанди ҳазрати усмон, алӣ, Абдуллоҳ ибни масъуд, абдуллоҳ ибни умар, абдуллоҳ ибни аббос ва ғйра таслим буданд ва пушти сари убай ибни каъб бист ракаат таровеҳ мехонданд ва дар баробари ҳазрати умар ҳеҷ эътирозе накарданд ин худ далиласт ки тамоми саҳобагон бист ракаат таровеҳро айни суннати паёмбар алайҳиссалом медонистанд. Ривояти ҳазрати абдуллоҳ ибни аббос ки (дар боло ишора шуд) ва аз он бист ракаат таровеҳ собит мешавад агарчи назди баъзе муҳаддисин дар санадаш заъф вуҷуд дорад аммо иҷмоъи саҳобагон онро тақвият медиҳад ва ба мардуми баъди нишон медиҳад, ки агарчи дар санади ин ривоят заъф вуҷуд дорад, локин назди саҳобагони паёмбар алайҳиссалом заиф нест, агар ин ривоятро асҳоби паёмбар заиф медонистанд ва хилофи суннати расулуллоҳ мебуд асҳоби паёмбар ҳеҷ вақт ба он амал намекарданд. Оё имкон дорад он умаре ки паёмбар алайҳиссалом дар борааш мегӯяд: لو كان بعدي نبيا لكان عنر بن الخطاب «Агар баъд аз ман паёмбаре мебуд ҳароина он умар мебуд»(ривояти имом аҳмад, ҳоким ва тирмизӣ ҳадиси 3686) дар ҷои дигаре мегӯяд: إن الله جعل الحق على لسان عمر وقلبه «Ба таҳқиқ Аллоҳ сухани ҳақро дар забон ва қалби умар ҷори гардонидааст»(ривояти абудовуд ҳадиси 2961, ва имом аҳмад дар фазоили саҳоба 395) Дар ҷои дагаре чунин ривоят шудааст: إن الشيطان يخاف منك يا عمر «Ба таҳқиқ шайтон аз ту метарсад эй умар»(сунани тирмизӣ ҳадиси 3690) Оё имкон дорад он умаре ки инқадр фазилату бартариро соҳиб аст тарки суннат карда бошаду бист ракаат таровеҳро аз назди худ суннат қарор дода бошад? Оё имкон дорад ки умар чи будан ва чи миқдору чигуна суннат будани таровеҳро надонаду як гуруҳи кучаке ҳазор солаҳо баъд омада чигуна ва ҷи миқдор суннат будани таровеҳро медониставу муайян мекарда бошанду аз умар донотар бошанд? Азин ривоёт собит аст ки иҷмоъи саҳоба инаст, ки бист ракаат таровеҳ суннати паёмбар алайҳиссалом аст азин хотир ривояти ҳазрати абдуллоҳ ибни аббос дар замони саҳоба аз ҳар навъ заъф холи буд ва комилан қобили ҳуҷҷат буд, ва инки баъдан дар силсилаи санади ӯ ровии заифе шомил шуд дараҷаи сиҳҳати онро кам намекунад. тамоми саҳобагони паёмбар, аз ҷумла хулафои рошидин(ҳазрати умар, усмон, алӣ худо аз онҳо рози бод) тобеин, имомони мазоҳиби чаҳоргона(имом абӯҳанифа, моликӣ, шофеӣ, аҳмад худо раҳматашон кунад) ва салафи солеҳин ва фуқаҳо бар бист ракаат будани таровеҳ таслим шудаанд ва бар он амал намудаанд акнун дар ин асри пур аз фитнаву ихтилофот гуруҳи кучаке баромадаву чи миқдор будани таровеҳро муайян мекунанд? Оё ин ҳама саҳоба, тобеин, аиммаи арбаъа ва салафи солеҳин тарки суннат кардаанд? Оё онҳо бо суннати паёмбар муҳаббат надоштанд? Албатта ин ҳама хилоф баромаданҳо дар баробари иҷмои саҳоба ва тобеину мазоҳиби чаҳоргона ҷуз ҷаҳолату гумроҳи ва хориҷ будан аз сафи аҳли ҳақ дигар чизеро нишон намедиҳад Бист ракаат таровеҳ аз дидгоҳи тобеин: عن أبي الخصيب قال: كان يؤمنا سويد بن غفلة في رمضان فيصلي خمس ترويحات عشرين ركعة «Абулхусайб мегӯяд: сувайд ибни ғафла дар рамазон имоми мо буд дар панҷ тарвиҳа бист ракаат намоз мехонд»(байҳақӣ ҷилди 2 саҳ: 496) عن نافع: كان ابن أبي مليكة يصلي بنا في رمضان عشرين ركعة «Аз нофиъ ривоят аст, ки ибни абӣ малика дар рамазон барои мо бист ракаат намоз мехонд»(ибни абӣ шайба/1/393) عن شتير بن شكل وكان من أصحاب علي أنه كان يؤمهم في شهر رمضان يعشرين ركعة ويوتر بثلاث «Шутайр бин шакл ки аз асҳоби ҳазрати алӣ буд ба мардум дар моҳи мубораки рамазон бист ракаат таровеҳ ва се ракаат витр мехононид»(байҳақӣ/2/496) عن عطاء بن رباح أدركت الناس وهم يصلون ثلاثا وعشرين ركعة «Аз ҳазрати ато бин рабоҳ ривоят аст, ки мегӯяд: ман мардум(саҳоба ва тобеин)ро дидам ки ҳамроҳ бо витр бисту се ракаат намоз мехонданд»(ибни абӣ шайба/2/393) Ин буд чанд ривояте аз тобеин, ки бист ракаат таровеҳ мехонданд ва онро суннат медонистанд. Бист ракаат таровеҳ аз нигоҳи мазоҳиби чаҳоргона: Имом Абӯҳанифа, имом молик, имом шофеӣ, ва имом аҳмад ибни ҳанбал(раҳимаҳумуллоҳ) ҳама бист ракаат таровеҳро суннат медонистанд, ва аз ҳеҷ кадоме аз имомони бузургвор собит нашудааст, ки ҳашт ракаат таровеҳро суннат дониста бошанд ва ё ҳашт ракаат хонда бошанд, мепардозем ба зикри ақволи уламои мазоҳиби чаҳоргона дар ин маврид: Мазҳаби ҳанафӣ: Имом абӯюсуф шогирди имом абӯҳанифа(худо раҳматашон кунад) дар мавриди таровеҳ аз имом абӯҳанифа чунин суол кард: هل كان لعمر عهد من النبي صلى الله عيه وسلم في عشرين ركعة؟ فقال ابو حنيفة رحمه الله تعلى:لم يكن عمر مبتدعا «Оё ҳазрати умар дар мавриди бист ракаат таровеҳ аз расули худо(алайҳиссалом) далиле дошт? Имом абӯҳанифа дар ҷавоб гуфт: ҳазати умар бидъаткор набуд(яъне ҳазрати умар дар мавриди бист ракаат таровеҳ аз паёмбар далиле дошт ва агар намедошт аз назди худ бист ракаат муайян намекард»(файзул борӣ шарҳи бухорӣ ҷилди 2/ саҳ: 420, ва баҳрурроиқ ҷилди/2/саҳ:66) Аллома бурҳониддини марғинонӣ соҳиби “ҳидоя” низ бист ракаат таровеҳро суннат медонад(ҳидоя ҷилди 1 саҳ: 151) Аллома ибни наҷими мисрӣ ибороти канзуддақоиқро тавзеҳ дода мегӯяд: «Қавли соҳиби канзуддақоиқ дар мавриди бист ракаат тарвеҳ қавли ҷумҳури уламо аст, зеро дар “муваттаъ”и имом молик аз яазид ибни румон ривоят аст, ки мардум(саҳоба ва тобеин) дар замони ҳазрати умар ибни хаттоб ҳамроҳ бо витр бисту се ракаат намоз мехонданд ва амали мардум аз машриқ то мағриб низ ҳаминаст»(баҳрурроиқ ҷилди 2 саҳ:66) Аллмоаи сарахсӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: فإنها عشرون ركعة سوى الوتر عندنا «Таровеҳ дар назди мо(ҳанафиҳо) ғайр аз витр бист ракаат ҳаст»(мабсут ҷилди 2 саҳ:145) Аллома ибни обидини ҳанафӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: قوله((عشرون ركعة)) وهو قول الجمهور وعليه عمل الناس شرقا وغربا «Қавли соҳиби даррул мухтор ки гуфт: таровеҳ бист ракаат аст ин қавли ҷумҳури уламо аст ва амали мардум аз машриқ то мағриб низ чунинаст»(ҳошияи ибни обидин ҷилди 1 саҳ: 484) Мазҳаби моликӣ: Аллома ибни рушди моликӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: فاختار مالك في احد قوليه وابوحنيفة والشافعي واحمد وداود القيام بعشرين ركعة سوى الوتر وذكر ابن القاسم عن مالك أنه يستحسن ستا وثلاثين ركعة والوتر ثلاثا «Пас дар як қавле имом молик ва имом абӯҳанифа, шофеӣ ва аҳмад ва довуди зоҳирӣ инро ихтиёр кадаанд, ки таровеҳ ғайр аз витр бист ракаат аст ва абдураҳмон ибни қосим аз имом молик нақл намудааст ки ӯ сиву шаш ракаат таровеҳ ва се ракаат витрро хубтар медонист» Хулосаи ақволи мазҳаби моликӣ инаст, ки онҳо сиву шаш ракаат таровеҳро беҳтар медонанд албатта имом молик сиву шаш ракаат мехонд ва сабаби шонздаҳ ракаат зиёд хонданаш ин буд, ки мардуми макка пас аз хондани ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи каъба мекарданд ва мардуми мадина ки ба ин чиз қодир набуданд дар ивази тавофи каъба чаҳор ракаати зиёдтар мехонданд то дар савоб бо аҳли макка баробар бошанд, бадин тартиб ки аҳли макка бист ракаат таровеҳ мехонданд ва дар миёни он чаҳор маротиба тавоф мекарданд аҳли мадина бошад дар ивази тавофи аҳли макка шонздаҳ ракаат намоз мехонд то савоби тавофи аҳли маккаро ҳосил кунанд имом молик(раҳимаҳуллоҳ) амали аҳли мадинаро ихтиёр намуда илова бар бист ракаат шонздаҳ ракаати дигар зиёд мехонд. Аллома ибни қудомаи мақдисии ҳанбалӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: إنما فعل هذا أهل المدينة لأنهم أرادوا مساواة أهل مكة فإن أهل مكة يطوفون سبعا بين كل ترويحتين فعمل أهل المدينة مكان كل سبع أربع ركعات «Ба ин хотир аҳли мадина ин амалро анҷом медоданд, ки бо аҳли макаа дар савоб баробар бошанд, зеро аҳли макка дар миёни ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи хонаи худо мекарданд пас аҳли мадина дар баробари ҳафт тавоф чаҳор ракаат намоз мехонданд»(ал муғнӣ ҷилди 2 саҳ: 167) Мазҳаби шофеӣ: Имом нававӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: صلاة التراويح سنة بإجماع العلماء، ومذهبنا أنها عشرون ركعة بعشر تسليمات «Намози таровеҳ суннат аст ба иҷмои уламо ва мазҳаби мо(шофеиҳо) инаст, ки таровеҳ бист ракаат аст бо даҳ салом»(ал маҷмӯъ / 4 /32) Мазҳаби ҳанбалӣ: Аллома ибни қудомаи мақдисӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: والمختار عند أبي عبد الله رحمه الله فيها عشرون ركعة وبهاذا قال: الثوري، وأبوحنيفة، والشافعي، وقال مالك: ستة وثلاثون وتعلق بأهل المدينة «Ва қавли писандида назди имом аҳмад инаст, ки таровеҳ бист ракаат аст ва суфёни саврӣ, имом абӯҳанифа ва имом шофеӣ(раҳимаҳумуллоҳ) низ бар ҳамин қавл ҳастанд ва имом молик бинобар тааллуқе ки бо аҳли мадина дошт таровеҳро сиву шаш ракаат медонист»(ал муғнӣ ҷилди 1 саҳ: 457) Хонандаи азиз! Далоилро бо диққат мутолиа кунед аз замони ҳазрати умари форуқ(худо аз ӯ рози бод) то авохири қарни сенздаҳ ҳеҷ ҷое собит нашудааст ки амали уламо ва фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргона ва манотиқи мусалмоннишин ҳашт ракаат таровеҳ хонда ва онро суннат дониста бошанд, ғайри муқаллидин бо вуҷуди талошҳои зиёд бозҳам натавонистаанд иҷмои саҳоба ва тобеину аксарияти мусалмононро бо сароҳат баён кунанд, ки амали саҳоба ва имомони мазоҳиби чаҳоргона бар ҳашт ракаат будани таровеҳ бошад ва ё онро суннат медониста бошанд. Албатта муддати садсол ё зиёдтар аст ки гуруҳи ҷадиде(наве) бо афкори нав ва хилофкориҳои нав зоҳир шудаву мегӯянд ҳашт ракаат таровеҳ суннат аст ва гӯё саҳоба ва тобеин ва фуқаҳову уламо аз асри саҳоба то кунун ҳама тарки суннати паёмбар алайҳиссалом кардаанд ва гӯё саҳоба ва уламои гузашта чи будани суннати паёмбарро намедонистаанду бо суннати паёмбар муҳаббат надоштаанд, ҳақиқат инаст ки ин ҳама хилоф кориҳо аз сабаби ҷаҳлу нодони ва хуб дарк накардани аҳкоми шариат ва маҳдуд сохтани фаҳми улуми шариат дар бардошти як чанд нафар аст. Фарқ байни таҳаҷҷуд ва таровеҳ: Касоне ки ҳашт ракаат товеҳро суннат медонанд (албатта на бист ракаатро) намози таровеҳ ва таҳаҷҷудро як намоз дониста таровеҳро намози таҳаҷҷуди рамазон мегӯянд, вале ҳақиқат инаст, ки таҳаҷҷуд ва таровеҳ ду намози ҷудогонаанд, азин хотир мо(муқаллидини мазоҳиб ва пайравони саҳоба) ривояти ҳазрати оишаи сиддиқаро дар мавриди таровеҳ намегирем, балки мегӯем ин ёздаҳ ракаате ки дар ҳадиси модарамон оишаи сиддиқа омадааст дар мавриди таҳаҷҷуд аст, ки паёмбар дар рамазон ва ғайри рамазон онро мехонд ва фарқ миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ ба шарҳи зайл аст: 1)Амали муҳаддисин ин буд, ки дар рамазон таровеҳро мехонданд ва сипас дар танҳои ба намози таҳаҷҷуд қиём мекарданд, аз ҷумлаи он муҳаддисин имом бухорӣ(раҳимаҳуллоҳ) аст, чигунае ки ҳофиз ибни ҳаҷари асқалонӣ(раҳимаҳуллоҳ) нақл мекунад: كان محمد بن اسماعيل البخاري إذا كان أول ليلة من شهر رمضان يجتمع إليه أصحابه فيصلي بهم ويقرأ في كل ركعة عشرين اية وكذلك إلى أن يختم القران وكان يقرأ في السحر ما بين النصف إلى الثلث من القران فيختم عند السحر في كل ثلاث ليال «Вақто ки аввали моҳи мубораки рамазон фаро мерасид шогирдони имом бухорӣ дар аввали шаб якҷо ҷамъ мешуданд, ва имом бухорӣ онҳоро намоз мехононид(имомати мекард) ва дар ҳар ракаат бист ояи қуръон мехонд ва ҳамин тавр қуръонро хатм мекард ва худи имом бухорӣ вақти саҳар(дар таҳаҷҷуд) аз нисф то сеяки қуръонро мехонд ва ҳар се шаб пас қуръонро дар таҳаҷҷҷуд хатм мекард»(фатҳул борӣ шарҳи бухорӣ ҷилди 1 саҳ: 481) Азин амали имом бухорӣ собит шуд, ки намози таровеҳ ва таҳҷҷуд ду намози ҷудогонаанд чунон ки гузашт имом бухорӣ(раҳимаҳуллоҳ) дар аввали шаб ҳамроҳи шогирдонаш бо ҷамоат таровеҳ мехонд ва дар он қуръонро хатм мекард ва ҳангоми саҳар худ ҷудогона таҳаҷҷуд мехонд ва дар он ҳар се шаб як хатми қуръон мекард. 2)Фарқ миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ дар ривоёти зиёде низ собит аст аз ҷумла имом абудовуд аз талқ ибн алӣ ривоят мекунад, ки дар он фарқ миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ собит аст(барои маълумоти зиёдатӣ нигар: абудовуд ҷилди 1 саҳ: 219) ва дар китоби “муқниъ” ки аз ҷумлаи кутуби ҳанобила аст, ду намози ҷудогона будани таровеҳ ва таҳаҷҷуд баён шуддаст. 3)Фарқи дигаре миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ инаст, ки ҳукми намози таҳаҷҷуд ба ояи қуръони собит шудааст, ва намози таровеҳ бошад бо аҳодис(ки қаблан ба он аҳодис ишора кардем) Ба ҳар ҳол ҳамонтавре ки намози кусуф ва намози чошт ду намози ҷудогонаанд ва суннати зуҳр(пешин) ва таҳияи масҷид ду намози ҷудогонаанд ва аз ҳамдигар фарқ доранд таровеҳ ва таҳаҷҷуд низ ду намози ҷудогонаанд. Далоили ғайри муқаллидин ва посух ба онҳо: Ғайри муқаллидин ки ҳашт ракаат таровеҳро суннат медонанд барои тақвияти фикр ва равиши худ аз ин ҳадиси модарамон оишаи сиддиқа далил мегиранд: عن أبي سلمة بن عبد الرحمن أنه سأل عايشة كيف كان صلاة رسول الله صلى الله عليه وسلم في رمضان؟ فقالت: ما كان يزيد في رمضان ولا في غيره على إحدى عشرة ركعة صلي اربعا فلا تسأل عن حسنهن وطولهن ثم يصلي أربعا فلا تسأل عن حسنهن وطولهن ثم يصلي ثلاثا «Абӯсалама бин абдураҳмон аз модарамон оишаи сиддиқа пурсид: Намози паёмбар алайҳиссалом дар моҳи мубораки рамазон чигуна буд? модарамон оиша дар ҷавоб гуфт: паёмбар алайҳиссалом дар моҳи рамазон ва ғайри рамазон аз ёздаҳ ракаат зиёд намехонд, аввалан чаҳор ракаат мехонд, локин аз зебо ва тулони будани он намоз пурсон машав ва сипас боз чаҳор ракаат мехонд локин аз зебо ва тулони будани он пурсон машав ва сипас се ракаат мехонд»(ривояти имом бухорӣ ва муслим) Аммо ин ҳадис дар мавриди ҳашт ракаат будани таровеҳ бо чанд далоиле саҳеҳ нест: 1) Дар ин ҳадис омада ки расули худо алайҳиссалом дар рамазон ва ғайри рамазон ҳамеша ёздаҳ ракаат мехонд, ҳоло онки таровеҳ фақат дар моҳи рамазон хонда мешавад на дар ғайри рамазон. 2) Дар ин ҳадис омада ки расули худо чаҳор ракаат бо як салом мехонд, дар ҳоле ки таровеҳ ду ракаати хонда мешавад. 3) Дар ин ҳадис омада ки расули худо алайҳиссалом ёздаҳ ракаат ба ҳолати танҳои мехонд на бо ҷамоат дар ҳоле ки қаблан баён шуд, ки расули худо се шаб бо ҷамоат ҳамроҳи мардум таровеҳ хонд. 4) Касоне ки аз ин ҳадис ҳашт ракаат будани таровеҳро мехоҳанд собит кунанд худашон хилофи ин ҳадис амал мекунанд, зеро дар ҳадис чаҳор чаҳор ракаат омадааст, ва онҳо(ғайри муқаллидин) ду ракаати мехонанд ва инчунин дар ин ҳадис се ракаат витр бо як салом омадааст ҳоло онки онҳо(ғайри муқаллидин) як ракаат витр мехонанд ва агар се ракаатҳам бихонанд бо ду салом яъне аввалан ду ракаат хонда салом медиҳанд ва сипас як ракаати дигар мехонанд, ки ин худ хилофи ин ҳадис аст. 5)Ин ҳадис назди муҳаддисин мутааллиқ ба қиёми рамазон(намози таровеҳ) нест, чунон ки ин ҳадисро имом абудовуд, тирмизӣ абудовуд, насоӣ имом молик ва ғара дар боби таровеҳ ривоят накардаанд ва аллома ибни қайими ҷавзӣ низ ин ҳадисро дар “зодул маод” дар боби қиёми лайл(намози таҳаҷҷуд) ривоят кардааст. 6) Бо дар назар гирифтани сабабҳо ва иллатҳои дар боло зикр шуда наметавон аз ин ҳадис ҳашт ракаат будани таровеҳро собит кард, ва инчунин назди муҳаддисин(уламои илми ҳадис) собит нест, ки ин ҳадис марбут ба таровеҳ бошад. Ба ҳарҳол аз ин ҳадиси модарамон оиша ҳашт ракаат будани таровеҳ собит нашуд ва аз ҳеҷ саҳобае аз асҳоби паёмбар ва уламое аз мазоҳиби чаҳоргона, муҳаддисин, фуқаҳо, ва салафи солеҳин(уламои гузаштаи накӯкори мо) собит нашудааст, ки аз ин ҳадис ҳашт ракаат будани таровеҳро истихроҷ карда бошанд ва ё онро суннат дониста бошанд. Ва охиру даъвоно анлиҳамду лиллоҳи раббил оламин бо умеди дуои неки шумо хонандаи азиз.
Новости
:خالد ابن الوليد ☝️☝️☝️
Чанд ракаат таровеҳ хонем бист ракаат ё ҳашт ракаат?
Алҳамдулиллоҳи ваҳдаҳ ассалоту вассалому ало ман ло набийа баъдаҳ:
Хонандаи азиз! Тақрибан ҳамаи ҷавонони азиз хуб медонанд ва огоҳ ҳастанд, ки ҳар сола дар моҳи мубораки рамазон ва қабл аз даромадани он дар ҷойҳои гуногун аз тарафи як гуруҳи ҷавонон, ки аз мадлулот ва қавоиди шариат маълумоти комилу дақиқ надоранд суханоне садо мезанад, ки ҳашт ракаат намози таровеҳ суннат ҳаст ва он бист ракаате ки аксари мардум мехонанд суннат нест, намози таровеҳ бояд ҳашт ракаат хонда шавад на бист ракаат ва баъзан ин гуруҳ ҷавонон барои тақвият додани суханон ва равиши худ истидлолоти аҷиберо барои ҷомеа пешкаш мекунанд ва аз мазҳаби ҳанафӣ низ барои тақвияти суханони худ далил меоранд, ки гуё уламо низ ҳашт ракаат таровеҳ мехонданд, ки дар натиҷаи чунин суханон баъзе ҷавононе ки аз улуми шариат хуб огаҳи надоранд дучори шубҳа шуда аз ки пайрави кардану ба гуфтаи ки амал карданро намедонанду сарсону саргардон мешаванд азин лиҳоз банда хостам дарин мавзуъ рисолаи кутоҳе бо ҷамъи далоил аз аҳодис ва қавлу амали саҳоба ва тобеину салафи солеҳ ва фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргона омода намоям то бошад, ки барои ҷавонони азиз манфиате расонаду онҳоро азингуна шубҳаандозону ихтилофот раҳо созаду ҳақро барояшон рӯшан созад то пайрави он бошанд.
Хонандаи азиз ин рисолае ки дар назди шумо қарор дорад ба чунин нуктаҳо тартиб дода шудааст:
1)Маъно ва мафҳуми лафзи таровеҳ.
2) Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ.
3) Таровеҳи расули худо алайҳиссалом.
4) Бист ракат таровеҳ назди саҳобагони паёмбар алайҳиссалом.
5) Бист ракаат таровеҳ аз дидгоҳи тобеин.
6) Бист ракаат таровеҳ аз нигоҳи мазоҳиби чаҳоргона.
7) Фарқ байни таҳаҷҷуд ва таровеҳ.
8) Далоили ғайри муқаллидин ва посух ба онҳо.
Таровеҳ чист?
Калимаи «таровеҳ» шакли ҷамъи «тарвиҳа» ҳаст, тарвиҳа ҳамон нишастеро мегӯянд, ки шахси намозхон баъд аз хондани чаҳор ракаат таровиҳ каме истироҳат мекунад ва дар он истироҳат дуо ё тасбиҳ мехонад ин нишастро «тарвиҳа» мегӯянд дар намози таровеҳ ки ҳамагӣ панҷ нишаст ҳаст тамоми он нишастҳоро «таровеҳ» мегӯянд.
таровеҳ ҳамон намозеро мегӯянд, ки дар моҳи мубораки рамазон баъд аз намози ишо(хуфтан) бо ҷамоат хонда мешавад имом ҳофиз ибни ҳаҷари асқалонӣ шореҳи саҳеҳ бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
سميت الصلاة فى الجماعة في ليالى رمضان التراويح
«Намози бо ҷамоат дар шабҳои рамазон таровеҳ номгузори шудааст»
(фатҳулборӣ шарҳи бухорӣ ҷилди 4 саҳифаи 250)
Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ:
Дар аҳодиси зиёде ворид шуда ки паёмбар алайҳиссалом асҳоби гиромии худро ба қиёми он (хондани намоз дар шабҳои рамазон) тарғиб менамуд ҳазрати Абӯҳурайра аз расули худо алайҳиссалом чунин ривоят мекунад, ки расули худо фармуд::
عن أبي هريرة أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: من قام رمضان إيمانا واحتسابا غفر له ما تقدم من ذنبه
«Шахсе шабҳои рамазонро аз рӯи имондорӣ ва бо умеди савоб намоз бихонад аллоҳи меҳрабон гуноҳони гузаштаашро мебахшад»(ривояти имом бухорӣ 37, ва муслим 759)
Намози таровеҳ яке аз суннатҳои гиромии паёмбар алайҳиссалом аст чигунае ки худи он ҳазрат мефармояд:
إن الله فرض عليكم صيامه وسننت لكم قيام
«Ба таҳқиқ аллоҳ барои шумо руза доштани моҳи рамазонро фарз гардонидааст ва ман намози шабашро(таровеҳро) бароятон суннат қарор додаам»
Таровеҳ яке аз суннатҳои муаккада аст, чуноне ки аллома забидии ҳанафӣ мегӯяд:
والأصح أن التراويح سنة مؤكدة لقوله عليه السلام ((وسننت لكم قيامه))
«Ва қавли саҳеҳ инаст, ки таровеҳ суннати муаккада аст бинобар қавли паёмбар алайҳиссалом ки гуфт: ва ман намози шабҳои рамазон(таровеҳро) бароятон суннат қарор додаам»
(ал ҷавҳаратун найира ало мухтасарил қудурӣ ҷилди 1 саҳ: 97)
Аллома алӣ қорӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
والأصح أنها سنة مؤكدة كما رواه الحسن عن أبي حنيفة
«Ва қавли саҳеҳ инаст, ки хондани намози таровеҳ суннати муаккада аст, ҳамчуноне ки ҳасан аз имом абӯҳанифа ривоят кардааст»(фатҳул бобил иноя ҷилди 1 саҳ: 345)
Таровеҳи расули худо алайҳиссалом:
Аз ҳазрати оишаи сиддиқа чунин ривоят шудааст:
أن رسول الله صلى الله عليه وسلم خرج ذات ليلة من جوف اليل فصلى فى المسجد فصلى رجال بصلاته فأصبح الناس فتحدثوا، فاجتمع أكثر منهم، فصلوا معه، فأصبح الناس فتحدثوا فكثر أهل المسجد من اليلة الثالثة، فخرج رسول الله صلى الله عليه وسلم فصلوا بصلاته، فلما كانت اليلة الرابعة عجز المسجد عن أهله حتى خرج لصلاة الصبح، فلما قضى الفجر أقبل على الناس، فتشهد، ثم قال: أما بعد فإنه لم يخف علىَ مكانكم، لكنى خشيت أن تفرض عليكم، فتعجزوا عنها
«Ба таҳқиқ расули худо салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод шабе аз манзили худ берун шуд ва дар масҷид намоз хонд мардум пушти сари ӯ намоз хонданд вақто ки субҳ шуд мардум ин намози шаб хонда шударо дар байни худ таърифу тавсиф карданд пас шаби дуввум шумораи мардуми намозхон зиёд шуд ва дар шаби дуввум расули худо намоз хонд ва мардум низ аз пушти ӯ иқтидо намуданд вақто ки субҳ шуд мардум намози шаби гузаштаро дар байни худ сифат карданд ва шаби саввум шумораи намозхонҳо боз зиёд шуд дар шаби саввум расули худо намоз хонд ва мардум аз пасаш иқтидо карданд, шаби чаҳорум шумораи намозхонҳо чунон зиёд шуд, ки дар масҷид ҷой нашуданд(ва он шаб расули худо барои хондани намоз ба масҷид наёмад) то инки барои хондани намози субҳ(бомдод) ба масҷид омад намози субҳро ҳамроҳи мардум хонд пасон рӯ ба тарафи мардум гардонида худовандро ҳамду сано гуфт пасон фармуд: ман аз омадани шумо бохабар будам, локин тарсидам(ва ба он хотир ҳозир нашудам, ки) ин намоз барои шумо фарз нашавад, ки шумо аз адо кардани он оҷиз шавед»(саҳеҳ бухорӣ ҳадиси 923, ва 2012)
Дар ривояти дигаре омадааст, ки саҳобагони бузургвор(худо аз онҳо рози бод) гумон карданд, ки расули худо дар хоб мондааст, ки дар намоз ҳозир нашуд ва пушти дари ӯ омада каме овози худро бароварданд то расули худо аз хоб бархоста ба намоз биёяд, локин расули худо бедор буд ва сабаби ҳозир нашуданашро баён кард ва гуфт, ки аз тарси он ҳозир нашудам ки мабодо ин намоз ба шумо фарз нашавад(ривояти имом муслим дар боби намози мусофир).
Аз ин ривояти модари муъминон ҳазрати оишаи сиддиқа(худо аз ӯ рози бод) чунин маълум мегардад, ки расули худо алайҳиссалом се шаб ҳамроҳи мардум намози таровеҳ хонд ва дар ин ривоят сароҳатан мушаххас нест, ки дар он шабҳо паёмбар алайҳиссалом чанд ракаат таровеҳ хонданд азин хотир ба ривоёт ва амалу гуфтори шогирдони ӯ ки саҳобаҳо ҳастанд назар карда мешавад, ки он бузургворон ки баён кунандаи суннати паёмбар алайҳиссалом ва аввалин тарбият ёфтагони мактаби нубувват дарин маврид чи мегӯянд ва чигуна амал карданд, зеро онҳо аввалин ва афзалтарин шахсоне буданд, ки мактаб ва таълимоти паёмбар алайҳиссаломро ба пурраги аз худ карда буданду шореҳи қуръону суннат буданд.
Бист ракат таровеҳ назди саҳобагони паёмбар алайҳиссалом:
Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни аббос ривоят аст ки мегӯяд:
عن ابن عباس: أنه عليه الصلاة والسلام كان يصلي في رمضان عشرين ركعة سوى الوتر
«Ба таҳқиқ расули худо салому дуруди худо бар ӯ нозил бод дар моҳи мубораки рамазон ғайр аз намози витр бист ракаат намоз мехонд»(ривояти ибни абӣ шайба дар “мусаннафаш” ҷилди 2/ саҳифаи 164 ҳадиси 7692, ва ривояти табаронӣ дар “ал кабир” ҷилди 11/ саҳифаи 393 ҳадиси 12102 ва Абд ибни ҳумайд дар муснади худ саҳифаи 218)
Бояд донист, ки саҳобагони киром(худо аз онҳо рози бод) дар замони паёмбар алайҳиссалом бар ин суннати таровеҳ амал мекарданд ва бо ҷамоатҳои гуногуне намози таровеҳ мехонданд паёмбар онҳоро медид ва аз ин амалашон хушҳол мешуд далили ин гуфтаҳо ривояти ҳазрати саълаба бин абӣ молики қурзӣ(худо аз ӯ рози бод) ҳаст, ки мегӯяд:
خرج رسول الله صلى الله عليه وسلم ذات ليلة في رمضان فرأى ناسا في ناحية المسجد يصلون فقال: ((ما يصنع هؤلاء؟)) قال قائل: يا رسول الله، هؤلاء ناس ليس لهم من معهم قران وأبي بن كعب يقرؤهم معه يصلون بصلاته، قال: ((قد أحسنوا)) او((قد أصابوا)) ولم يكره ذلك لهم
«Расули худо алайҳиссалом шабе дар моҳи мубораки рамазон берун шуд мардумро дид ки баъзе дар гушае аз масҷиди набавӣ намоз мехонданд, расули худо гуфт: инҳо чикор мекунанд? Шахсе дар ҷавоб гуфт: ё расулуллоҳ! Инҳо ҳофизи қуръон нестанд, убай ибни каъб дар намоз қироат мекунад ва мардум аз пушти сараи ӯ иқтидо намуда қироати қуръон гӯш мекунанд, паёмбар алайҳиссалом фармуд: эшон хуб карданд ва ба ҳақ расиданд ва ин амали онҳоро нописанд нагуфт»(ривояти имом байҳақӣ дар “фазоилул авқот” ҳадиси 122)
Ҳазрати умар ибни хаттоб(худо аз ӯ рози бод) низ мардумро дар пушти сари як имом ҷамъ намуда асҳоби киром ҳамроҳ аз пушти он имом бо ҷамоат намози таровеҳ мехонданд.
Аз Абдураҳмон ибни Абдулқорӣ ривоят аст ки гуфт:
خرجت مع عمر بن الخطاب رضي الله عنه ، ليلة في رمضان إلى المسجد، فإذ الناس أوزاع متفرقون،يصلي الرجل لنفسه، ويصلي الرجل فيصلي بصلاته الرهط، فقال عمر: ((إني أرى لو جمعت هؤلاء على قارئ واحد، لكان أمثل)) ثم زعم فجمعهم على أبي بن كعب
«Шабе дар моҳи мубораки рамазон ҳамроҳи умар ибни хаттоб (худо аз ӯ рози бод) дохили масҷид шудам дидем ки мардум гурӯҳ гурӯҳ тақсим шуда дар гушае аз масҷид баъзе танҳо танҳо ва баъзе бо ҷамоат намоз(таровеҳ) мехонданд ҳазрати умар гуфт: агар ҳамаи инҳоро дар пушти сари як имом ҷамъ мекардам бисёр хуб мешуд сипас тасмим гирифт ва ҳамаи мардумро дар пушти сари убай ибни қаъб ҷамъ кард ва уро имом қарор дод»(осорус сунан ҷилди 2 саҳифаи 51, ва саҳеҳ бухорӣ ҷилди 3 саҳифаи 45 ҳадиси 2010)
Имом байҳақӣ(раҳимаҳуллоҳ) дар “ал маърифа” бо санади саҳеҳ аз соиб ибни язид ривоят мекунад, ки гуфт:
كنا نقوم زمن عمر بن الخطاب بعشرين ركعة والوتر
«Мо дар замони хилофати умар ибни хаттоб бист ракаат таровеҳ ва витр мехондем»(байҳақӣ дар “сунани кубро” /2 /496)
Аз яҳё бин саъид ривоят аст ки гуфт:
إن عمر بن الخطاب أمر رجلا يصلي بهم عشرين ركعة
«Ҳазрати умар ибни хаттоб мардеро дастур дод ки ба саҳоба ва тобеин бист ракаат намоз бихонад»(мусаннафи ибни абӣ шайба ҷилди 2 саҳифаи 393)
Аз язид ибни румона чунин ривоят аст:
عن يزيد بن رومان قال: كان الناس يقومون في زمان عمر بن الخطاب في رمضان بثلاث وعشرين ركعة
«Аз язид ибни румон ривоят аст ки гуфт: дар замони хилофати умар ибни хаттоб мардум (саҳоба ва тобеин) бисту се ракаат(бист ракаат таровеҳ ва се ракаат витр) мехонданд»(ривояти имом молик дар муваттаъ)
Ривояти дигаре дарин маврид чунинаст:
عن عبد العزيز بن رفيع قال: كان أبي بن كعب يصلي بالناس في رمضان بالمدينة عشرين ركعة ويوتر بثلاث
«Аз Абдулазиз бин рафиъ ривоят шудааст, ки гуфт: убай ибни каъб дар рамазон дар мадинаи мунаввара ба мардум бист ракаат таровеҳ ва се ракаат витр мехононид»(мусаннафи ибни абӣ шайба ҷилди 1 саҳ: 393)
Дастури ҳазрати алӣ дар мавриди бист ракаат таровеҳ:
عن عبد الرحمن السلمي أن عليا دعا القراء في رمضان فأمر رجلا ان يصلي بالناس عشرين ركعة وكان علي يوتربهم
«Аз Абдураҳмони суламӣ ривоят аст ки мегӯяд: ҳазрати алӣ дар моҳи мубораки рамазон қориёнро даъват кард ва сипас яке аз онҳоро амр кард, ки ба мардум бист ракаат намоз(таровеҳ) бихонад ва худи ҳазрати алӣ намози витрро(имомати карда) мехононид»(сунани кубро аз имом байҳақӣ ҷилди 2 саҳ: 496)
Аз соиб ибни язид ривоят аст ки мегӯяд:
عن السائب بن يزيد قال: كانوا يقومون على عهد عمر بن الخطاب رضي الله عنه في شهر رمضان عشرين ركعة، قال: وكانوا يقرؤون بالمئين وكانوا يتوكئون على عصيهم في عهد عثمان بن عفان من شدة القيام
«Мардум(саҳоба ва тобеин) дар замони хилофати умар ибни хаттоб дар моҳи мубораки рамазон бист ракаат намоз мехонданд(дар давом) мегӯяд: мардум дар таровеҳ чанд сад ояи қуръони мехонданд ва дар замони хилофати ҳазрати усмон бар асари тулони(дароз) будани қироати қуръон дар қиём мардум бар асоҳои худ такя мекарданд»(имом байҳақӣ дар “фазоилул авқот” боби “салоти таровеҳ дар моҳи рамазон” ҳадиси 127)
Аз ин ривоёти дар боло зикр шуда маълум мегардад, ки саҳобагони паёмбар(худо аз онҳо рози бод) бештар аз ҳашт ракаат аниқтараш бист ракаат таровеҳ мехонданд ва ин собит аст ки ҳазрати умар ибни хаттоб(худо аз ӯ рози бод) ба ҳазрати убай ибни каъб дастур дода буд то ба мардум бист ракаат тарвеҳ бихонад ва ба ин дастури ҳазрати умар ҳеҷ яке аз саҳобагон эътироз накарданд ва ҳатто ҳазрати оиша ки ғайри муқаллидин аз ҳадиси ӯ истидлол карда таровеҳро ҳашт ракаат мегӯянд ба ҳазрати умар эътироз накард ва сухане нагуфт, ки ту хилофи суннати паёмбар амал кардаи таровеҳ ҳашт ракаат аст ва ту онро бист ракаат қарор додаи ингуна нагуфт, балки дастури ҳазрати умарро қабул кард тамоми асҳоби киром(худо аз онҳо рози бод) монанди ҳазрати усмон, алӣ, Абдуллоҳ ибни масъуд, абдуллоҳ ибни умар, абдуллоҳ ибни аббос ва ғйра таслим буданд ва пушти сари убай ибни каъб бист ракаат таровеҳ мехонданд ва дар баробари ҳазрати умар ҳеҷ эътирозе накарданд ин худ далиласт ки тамоми саҳобагон бист ракаат таровеҳро айни суннати паёмбар алайҳиссалом медонистанд.
Ривояти ҳазрати абдуллоҳ ибни аббос ки (дар боло ишора шуд) ва аз он бист ракаат таровеҳ собит мешавад агарчи назди баъзе муҳаддисин дар санадаш заъф вуҷуд дорад аммо иҷмоъи саҳобагон онро тақвият медиҳад ва ба мардуми баъди нишон медиҳад, ки агарчи дар санади ин ривоят заъф вуҷуд дорад, локин назди саҳобагони паёмбар алайҳиссалом заиф нест, агар ин ривоятро асҳоби паёмбар заиф медонистанд ва хилофи суннати расулуллоҳ мебуд асҳоби паёмбар ҳеҷ вақт ба он амал намекарданд.
Оё имкон дорад он умаре ки паёмбар алайҳиссалом дар борааш мегӯяд:
لو كان بعدي نبيا لكان عنر بن الخطاب
«Агар баъд аз ман паёмбаре мебуд ҳароина он умар мебуд»(ривояти имом аҳмад, ҳоким ва тирмизӣ ҳадиси 3686)
дар ҷои дигаре мегӯяд:
إن الله جعل الحق على لسان عمر وقلبه
«Ба таҳқиқ Аллоҳ сухани ҳақро дар забон ва қалби умар ҷори гардонидааст»(ривояти абудовуд ҳадиси 2961, ва имом аҳмад дар фазоили саҳоба 395)
Дар ҷои дагаре чунин ривоят шудааст:
إن الشيطان يخاف منك يا عمر
«Ба таҳқиқ шайтон аз ту метарсад эй умар»(сунани тирмизӣ ҳадиси 3690)
Оё имкон дорад он умаре ки инқадр фазилату бартариро соҳиб аст тарки суннат карда бошаду бист ракаат таровеҳро аз назди худ суннат қарор дода бошад? Оё имкон дорад ки умар чи будан ва чи миқдору чигуна суннат будани таровеҳро надонаду як гуруҳи кучаке ҳазор солаҳо баъд омада чигуна ва ҷи миқдор суннат будани таровеҳро медониставу муайян мекарда бошанду аз умар донотар бошанд?
Азин ривоёт собит аст ки иҷмоъи саҳоба инаст, ки бист ракаат таровеҳ суннати паёмбар алайҳиссалом аст азин хотир ривояти ҳазрати абдуллоҳ ибни аббос дар замони саҳоба аз ҳар навъ заъф холи буд ва комилан қобили ҳуҷҷат буд, ва инки баъдан дар силсилаи санади ӯ ровии заифе шомил шуд дараҷаи сиҳҳати онро кам намекунад.
тамоми саҳобагони паёмбар, аз ҷумла хулафои рошидин(ҳазрати умар, усмон, алӣ худо аз онҳо рози бод) тобеин, имомони мазоҳиби чаҳоргона(имом абӯҳанифа, моликӣ, шофеӣ, аҳмад худо раҳматашон кунад) ва салафи солеҳин ва фуқаҳо бар бист ракаат будани таровеҳ таслим шудаанд ва бар он амал намудаанд акнун дар ин асри пур аз фитнаву ихтилофот гуруҳи кучаке баромадаву чи миқдор будани таровеҳро муайян мекунанд? Оё ин ҳама саҳоба, тобеин, аиммаи арбаъа ва салафи солеҳин тарки суннат кардаанд? Оё онҳо бо суннати паёмбар муҳаббат надоштанд? Албатта ин ҳама хилоф баромаданҳо дар баробари иҷмои саҳоба ва тобеину мазоҳиби чаҳоргона ҷуз ҷаҳолату гумроҳи ва хориҷ будан аз сафи аҳли ҳақ дигар чизеро нишон намедиҳад
Бист ракаат таровеҳ аз дидгоҳи тобеин:
عن أبي الخصيب قال: كان يؤمنا سويد بن غفلة في رمضان فيصلي خمس ترويحات عشرين ركعة
«Абулхусайб мегӯяд: сувайд ибни ғафла дар рамазон имоми мо буд дар панҷ тарвиҳа бист ракаат намоз мехонд»(байҳақӣ ҷилди 2 саҳ: 496)
عن نافع: كان ابن أبي مليكة يصلي بنا في رمضان عشرين ركعة
«Аз нофиъ ривоят аст, ки ибни абӣ малика дар рамазон барои мо бист ракаат намоз мехонд»(ибни абӣ шайба/1/393)
عن شتير بن شكل وكان من أصحاب علي أنه كان يؤمهم في شهر رمضان يعشرين ركعة ويوتر بثلاث
«Шутайр бин шакл ки аз асҳоби ҳазрати алӣ буд ба мардум дар моҳи мубораки рамазон бист ракаат таровеҳ ва се ракаат витр мехононид»(байҳақӣ/2/496)
عن عطاء بن رباح أدركت الناس وهم يصلون ثلاثا وعشرين ركعة
«Аз ҳазрати ато бин рабоҳ ривоят аст, ки мегӯяд: ман мардум(саҳоба ва тобеин)ро дидам ки ҳамроҳ бо витр бисту се ракаат намоз мехонданд»(ибни абӣ шайба/2/393)
Ин буд чанд ривояте аз тобеин, ки бист ракаат таровеҳ мехонданд ва онро суннат медонистанд.
Бист ракаат таровеҳ аз нигоҳи мазоҳиби чаҳоргона:
Имом Абӯҳанифа, имом молик, имом шофеӣ, ва имом аҳмад ибни ҳанбал(раҳимаҳумуллоҳ) ҳама бист ракаат таровеҳро суннат медонистанд, ва аз ҳеҷ кадоме аз имомони бузургвор собит нашудааст, ки ҳашт ракаат таровеҳро суннат дониста бошанд ва ё ҳашт ракаат хонда бошанд, мепардозем ба зикри ақволи уламои мазоҳиби чаҳоргона дар ин маврид:
Мазҳаби ҳанафӣ:
Имом абӯюсуф шогирди имом абӯҳанифа(худо раҳматашон кунад) дар мавриди таровеҳ аз имом абӯҳанифа чунин суол кард:
هل كان لعمر عهد من النبي صلى الله عيه وسلم في عشرين ركعة؟ فقال ابو حنيفة رحمه الله تعلى:لم يكن عمر مبتدعا
«Оё ҳазрати умар дар мавриди бист ракаат таровеҳ аз расули худо(алайҳиссалом) далиле дошт? Имом абӯҳанифа дар ҷавоб гуфт: ҳазати умар бидъаткор набуд(яъне ҳазрати умар дар мавриди бист ракаат таровеҳ аз паёмбар далиле дошт ва агар намедошт аз назди худ бист ракаат муайян намекард»(файзул борӣ шарҳи бухорӣ ҷилди 2/ саҳ: 420, ва баҳрурроиқ ҷилди/2/саҳ:66)
Аллома бурҳониддини марғинонӣ соҳиби “ҳидоя” низ бист ракаат таровеҳро суннат медонад(ҳидоя ҷилди 1 саҳ: 151)
Аллома ибни наҷими мисрӣ ибороти канзуддақоиқро тавзеҳ дода мегӯяд:
«Қавли соҳиби канзуддақоиқ дар мавриди бист ракаат тарвеҳ қавли ҷумҳури уламо аст, зеро дар “муваттаъ”и имом молик аз яазид ибни румон ривоят аст, ки мардум(саҳоба ва тобеин) дар замони ҳазрати умар ибни хаттоб ҳамроҳ бо витр бисту се ракаат намоз мехонданд ва амали мардум аз машриқ то мағриб низ ҳаминаст»(баҳрурроиқ ҷилди 2 саҳ:66)
Аллмоаи сарахсӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
فإنها عشرون ركعة سوى الوتر عندنا
«Таровеҳ дар назди мо(ҳанафиҳо) ғайр аз витр бист ракаат ҳаст»(мабсут ҷилди 2 саҳ:145)
Аллома ибни обидини ҳанафӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
قوله((عشرون ركعة)) وهو قول الجمهور وعليه عمل الناس شرقا وغربا
«Қавли соҳиби даррул мухтор ки гуфт: таровеҳ бист ракаат аст ин қавли ҷумҳури уламо аст ва амали мардум аз машриқ то мағриб низ чунинаст»(ҳошияи ибни обидин ҷилди 1 саҳ: 484)
Мазҳаби моликӣ:
Аллома ибни рушди моликӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
فاختار مالك في احد قوليه وابوحنيفة والشافعي واحمد وداود القيام بعشرين ركعة سوى الوتر وذكر ابن القاسم عن مالك أنه يستحسن ستا وثلاثين ركعة والوتر ثلاثا
«Пас дар як қавле имом молик ва имом абӯҳанифа, шофеӣ ва аҳмад ва довуди зоҳирӣ инро ихтиёр кадаанд, ки таровеҳ ғайр аз витр бист ракаат аст ва абдураҳмон ибни қосим аз имом молик нақл намудааст ки ӯ сиву шаш ракаат таровеҳ ва се ракаат витрро хубтар медонист»
Хулосаи ақволи мазҳаби моликӣ инаст, ки онҳо сиву шаш ракаат таровеҳро беҳтар медонанд албатта имом молик сиву шаш ракаат мехонд ва сабаби шонздаҳ ракаат зиёд хонданаш ин буд, ки мардуми макка пас аз хондани ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи каъба мекарданд ва мардуми мадина ки ба ин чиз қодир набуданд дар ивази тавофи каъба чаҳор ракаати зиёдтар мехонданд то дар савоб бо аҳли макка баробар бошанд, бадин тартиб ки аҳли макка бист ракаат таровеҳ мехонданд ва дар миёни он чаҳор маротиба тавоф мекарданд аҳли мадина бошад дар ивази тавофи аҳли макка шонздаҳ ракаат намоз мехонд то савоби тавофи аҳли маккаро ҳосил кунанд имом молик(раҳимаҳуллоҳ) амали аҳли мадинаро ихтиёр намуда илова бар бист ракаат шонздаҳ ракаати дигар зиёд мехонд.
Аллома ибни қудомаи мақдисии ҳанбалӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
إنما فعل هذا أهل المدينة لأنهم أرادوا مساواة أهل مكة فإن أهل مكة يطوفون سبعا بين كل ترويحتين فعمل أهل المدينة مكان كل سبع أربع ركعات
«Ба ин хотир аҳли мадина ин амалро анҷом медоданд, ки бо аҳли макаа дар савоб баробар бошанд, зеро аҳли макка дар миёни ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи хонаи худо мекарданд пас аҳли мадина дар баробари ҳафт тавоф чаҳор ракаат намоз мехонданд»(ал муғнӣ ҷилди 2 саҳ: 167)
Мазҳаби шофеӣ:
Имом нававӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
صلاة التراويح سنة بإجماع العلماء، ومذهبنا أنها عشرون ركعة بعشر تسليمات
«Намози таровеҳ суннат аст ба иҷмои уламо ва мазҳаби мо(шофеиҳо) инаст, ки таровеҳ бист ракаат аст бо даҳ салом»(ал маҷмӯъ / 4 /32)
Мазҳаби ҳанбалӣ:
Аллома ибни қудомаи мақдисӣ(раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
والمختار عند أبي عبد الله رحمه الله فيها عشرون ركعة وبهاذا قال: الثوري، وأبوحنيفة، والشافعي، وقال مالك: ستة وثلاثون وتعلق بأهل المدينة
«Ва қавли писандида назди имом аҳмад инаст, ки таровеҳ бист ракаат аст ва суфёни саврӣ, имом абӯҳанифа ва имом шофеӣ(раҳимаҳумуллоҳ) низ бар ҳамин қавл ҳастанд ва имом молик бинобар тааллуқе ки бо аҳли мадина дошт таровеҳро сиву шаш ракаат медонист»(ал муғнӣ ҷилди 1 саҳ: 457)
Хонандаи азиз! Далоилро бо диққат мутолиа кунед аз замони ҳазрати умари форуқ(худо аз ӯ рози бод) то авохири қарни сенздаҳ ҳеҷ ҷое собит нашудааст ки амали уламо ва фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргона ва манотиқи мусалмоннишин ҳашт ракаат таровеҳ хонда ва онро суннат дониста бошанд, ғайри муқаллидин бо вуҷуди талошҳои зиёд бозҳам натавонистаанд иҷмои саҳоба ва тобеину аксарияти мусалмононро бо сароҳат баён кунанд, ки амали саҳоба ва имомони мазоҳиби чаҳоргона бар ҳашт ракаат будани таровеҳ бошад ва ё онро суннат медониста бошанд.
Албатта муддати садсол ё зиёдтар аст ки гуруҳи ҷадиде(наве) бо афкори нав ва хилофкориҳои нав зоҳир шудаву мегӯянд ҳашт ракаат таровеҳ суннат аст ва гӯё саҳоба ва тобеин ва фуқаҳову уламо аз асри саҳоба то кунун ҳама тарки суннати паёмбар алайҳиссалом кардаанд ва гӯё саҳоба ва уламои гузашта чи будани суннати паёмбарро намедонистаанду бо суннати паёмбар муҳаббат надоштаанд, ҳақиқат инаст ки ин ҳама хилоф кориҳо аз сабаби ҷаҳлу нодони ва хуб дарк накардани аҳкоми шариат ва маҳдуд сохтани фаҳми улуми шариат дар бардошти як чанд нафар аст.
Фарқ байни таҳаҷҷуд ва таровеҳ:
Касоне ки ҳашт ракаат товеҳро суннат медонанд (албатта на бист ракаатро) намози таровеҳ ва таҳаҷҷудро як намоз дониста таровеҳро намози таҳаҷҷуди рамазон мегӯянд, вале ҳақиқат инаст, ки таҳаҷҷуд ва таровеҳ ду намози ҷудогонаанд, азин хотир мо(муқаллидини мазоҳиб ва пайравони саҳоба) ривояти ҳазрати оишаи сиддиқаро дар мавриди таровеҳ намегирем, балки мегӯем ин ёздаҳ ракаате ки дар ҳадиси модарамон оишаи сиддиқа омадааст дар мавриди таҳаҷҷуд аст, ки паёмбар дар рамазон ва ғайри рамазон онро мехонд ва фарқ миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ ба шарҳи зайл аст:
1)Амали муҳаддисин ин буд, ки дар рамазон таровеҳро мехонданд ва сипас дар танҳои ба намози таҳаҷҷуд қиём мекарданд, аз ҷумлаи он муҳаддисин имом бухорӣ(раҳимаҳуллоҳ) аст, чигунае ки ҳофиз ибни ҳаҷари асқалонӣ(раҳимаҳуллоҳ) нақл мекунад:
كان محمد بن اسماعيل البخاري إذا كان أول ليلة من شهر رمضان يجتمع إليه أصحابه فيصلي بهم ويقرأ في كل ركعة عشرين اية وكذلك إلى أن يختم القران وكان يقرأ في السحر ما بين النصف إلى الثلث من القران فيختم عند السحر في كل ثلاث ليال
«Вақто ки аввали моҳи мубораки рамазон фаро мерасид шогирдони имом бухорӣ дар аввали шаб якҷо ҷамъ мешуданд, ва имом бухорӣ онҳоро намоз мехононид(имомати мекард) ва дар ҳар ракаат бист ояи қуръон мехонд ва ҳамин тавр қуръонро хатм мекард ва худи имом бухорӣ вақти саҳар(дар таҳаҷҷуд) аз нисф то сеяки қуръонро мехонд ва ҳар се шаб пас қуръонро дар таҳаҷҷҷуд хатм мекард»(фатҳул борӣ шарҳи бухорӣ ҷилди 1 саҳ: 481)
Азин амали имом бухорӣ собит шуд, ки намози таровеҳ ва таҳҷҷуд ду намози ҷудогонаанд чунон ки гузашт имом бухорӣ(раҳимаҳуллоҳ) дар аввали шаб ҳамроҳи шогирдонаш бо ҷамоат таровеҳ мехонд ва дар он қуръонро хатм мекард ва ҳангоми саҳар худ ҷудогона таҳаҷҷуд мехонд ва дар он ҳар се шаб як хатми қуръон мекард.
2)Фарқ миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ дар ривоёти зиёде низ собит аст аз ҷумла имом абудовуд аз талқ ибн алӣ ривоят мекунад, ки дар он фарқ миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ собит аст(барои маълумоти зиёдатӣ нигар: абудовуд ҷилди 1 саҳ: 219) ва дар китоби “муқниъ” ки аз ҷумлаи кутуби ҳанобила аст, ду намози ҷудогона будани таровеҳ ва таҳаҷҷуд баён шуддаст.
3)Фарқи дигаре миёни таҳаҷҷуд ва таровеҳ инаст, ки ҳукми намози таҳаҷҷуд ба ояи қуръони собит шудааст, ва намози таровеҳ бошад бо аҳодис(ки қаблан ба он аҳодис ишора кардем)
Ба ҳар ҳол ҳамонтавре ки намози кусуф ва намози чошт ду намози ҷудогонаанд ва суннати зуҳр(пешин) ва таҳияи масҷид ду намози ҷудогонаанд ва аз ҳамдигар фарқ доранд таровеҳ ва таҳаҷҷуд низ ду намози ҷудогонаанд.
Далоили ғайри муқаллидин ва посух ба онҳо:
Ғайри муқаллидин ки ҳашт ракаат таровеҳро суннат медонанд барои тақвияти фикр ва равиши худ аз ин ҳадиси модарамон оишаи сиддиқа далил мегиранд:
عن أبي سلمة بن عبد الرحمن أنه سأل عايشة كيف كان صلاة رسول الله صلى الله عليه وسلم في رمضان؟ فقالت: ما كان يزيد في رمضان ولا في غيره على إحدى عشرة ركعة صلي اربعا فلا تسأل عن حسنهن وطولهن ثم يصلي أربعا فلا تسأل عن حسنهن وطولهن ثم يصلي ثلاثا
«Абӯсалама бин абдураҳмон аз модарамон оишаи сиддиқа пурсид: Намози паёмбар алайҳиссалом дар моҳи мубораки рамазон чигуна буд? модарамон оиша дар ҷавоб гуфт: паёмбар алайҳиссалом дар моҳи рамазон ва ғайри рамазон аз ёздаҳ ракаат зиёд намехонд, аввалан чаҳор ракаат мехонд, локин аз зебо ва тулони будани он намоз пурсон машав ва сипас боз чаҳор ракаат мехонд локин аз зебо ва тулони будани он пурсон машав ва сипас се ракаат мехонд»(ривояти имом бухорӣ ва муслим)
Аммо ин ҳадис дар мавриди ҳашт ракаат будани таровеҳ бо чанд далоиле саҳеҳ нест:
1) Дар ин ҳадис омада ки расули худо алайҳиссалом дар рамазон ва ғайри рамазон ҳамеша ёздаҳ ракаат мехонд, ҳоло онки таровеҳ фақат дар моҳи рамазон хонда мешавад на дар ғайри рамазон.
2) Дар ин ҳадис омада ки расули худо чаҳор ракаат бо як салом мехонд, дар ҳоле ки таровеҳ ду ракаати хонда мешавад.
3) Дар ин ҳадис омада ки расули худо алайҳиссалом ёздаҳ ракаат ба ҳолати танҳои мехонд на бо ҷамоат дар ҳоле ки қаблан баён шуд, ки расули худо се шаб бо ҷамоат ҳамроҳи мардум таровеҳ хонд.
4) Касоне ки аз ин ҳадис ҳашт ракаат будани таровеҳро мехоҳанд собит кунанд худашон хилофи ин ҳадис амал мекунанд, зеро дар ҳадис чаҳор чаҳор ракаат омадааст, ва онҳо(ғайри муқаллидин) ду ракаати мехонанд ва инчунин дар ин ҳадис се ракаат витр бо як салом омадааст ҳоло онки онҳо(ғайри муқаллидин) як ракаат витр мехонанд ва агар се ракаатҳам бихонанд бо ду салом яъне аввалан ду ракаат хонда салом медиҳанд ва сипас як ракаати дигар мехонанд, ки ин худ хилофи ин ҳадис аст.
5)Ин ҳадис назди муҳаддисин мутааллиқ ба қиёми рамазон(намози таровеҳ) нест, чунон ки ин ҳадисро имом абудовуд, тирмизӣ абудовуд, насоӣ имом молик ва ғара дар боби таровеҳ ривоят накардаанд ва аллома ибни қайими ҷавзӣ низ ин ҳадисро дар “зодул маод” дар боби қиёми лайл(намози таҳаҷҷуд) ривоят кардааст.
6) Бо дар назар гирифтани сабабҳо ва иллатҳои дар боло зикр шуда наметавон аз ин ҳадис ҳашт ракаат будани таровеҳро собит кард, ва инчунин назди муҳаддисин(уламои илми ҳадис) собит нест, ки ин ҳадис марбут ба таровеҳ бошад.
Ба ҳарҳол аз ин ҳадиси модарамон оиша ҳашт ракаат будани таровеҳ собит нашуд ва аз ҳеҷ саҳобае аз асҳоби паёмбар ва уламое аз мазоҳиби чаҳоргона, муҳаддисин, фуқаҳо, ва салафи солеҳин(уламои гузаштаи накӯкори мо) собит нашудааст, ки аз ин ҳадис ҳашт ракаат будани таровеҳро истихроҷ карда бошанд ва ё онро суннат дониста бошанд.
Ва охиру даъвоно анлиҳамду лиллоҳи раббил оламин бо умеди дуои неки шумо хонандаи азиз.