"ХАНДААМРО ЁД НАДОРАМ"
Ман зани бесавод нестам. Шукри худо соҳиби дипломам. Шавҳарам ҳам ахли зиёст. Вале бо вучуди ин имруз зиндаги мо пурмочарову дилгир кунанда аст. Ҳамдигарро дуст медоштем ва баъзехо ба хонадоршави мо муқобил буданд. Бо вучуди ин мо ба висоли як дигар расидем. Шояд замоне хушбахт ҳам будем. Охир а3 байн қариб ҳашт сол гузаштасту сохиби ду фарзанди дустру ҳам шудем. Вале имруз ман худро хушбахт номида наметавонам. Холо сухан гуфта истодааму дасту пойҳоям меларзанд. Асабҳоям хароб шуданд дилгармие ба зиндаги намондаст. Бовар кунед одам аз зиндаги ҳам сер мешудаст ва мисоли барчастаи он ман ҳастам. Ман зане ки замоне гули сари сабади маҳфилҳои шарикдарсон боиси ифтихори волидайну устодон буд зане ки номи пуршарафи модар насибаш гаштаст зане ки дар зиндаги аз чизе танқиси надорад ба чуз аз мухабати шавхар. Ҳамон шавҳаре ки худ дуст доштаву интихоб намудаст..
Шавҳарам ичозатам надод ки кор кунам ва ман итоат намудам. Зеро эҳсос мекардам ки у маро ба ҳар мард рашк мекунад. Новобаста аз онки мард ба ман тавачухе дорад ё не. Гумон доштам ки агар дар хона бошам рашки у аз байн меравад. Вале афсус рашк бештар гардид. Шавҳарам ҳамеша дар ҳамачо нисбат ба ҳар мард чи хурду чи калон вачи худиву чи бегона рашк мекунад. Рашки беасоси у беморам кардаст. Дигар тобу тоқати бардоштани таҳқиру паст заданҳои шавҳарамро надорам ки сабаби ҳамаи он рашк аст. Гарчанд шавхарам дар чои хуб кор мекунад ману тифлаконам аз ҳисоби кумаки бародарон ва падару модарам зиндаги дорем. Шавҳарам гуё парвои моро надорад. Агар рузе бародаронам вазъи зиндагиамро фахманд шояд бигуянд ки ман шавҳар накардам балки зан гирифтам. Хонаи мо ҳамеша пур аз мехмон аст. Баъзан мехоҳам шавҳарам мачбур шуда хурокие орад. Аз ин хотир агар мехмоне ояду шавҳарам дар хона бошад мегуям ки чизе надорем рафта бозори кунад. У аз дар мебарояду дар назди ҳамсояҳо менишинад. То қариби шом тоқат мекунам. Фикр мекунам ки агар ман касеро ба бозор нафиристам мачбур шуда меравад. Вале ҳаёт у аз чой намечунбаду ноилоч ягон нафаро илтимосу зорикунон ба бозор мефиристам. Намедонам наход мард то ҳамин андоза бепарво бошад. Ё шояд ин нишонаи он аст ки у маро дигар дуст намедорад. Имруз дар ҳақиқат доштанаш ҳам бовариам намондаст. Зеро нисбат ба ман бепарвост. Ҳис мекунам ки аз меҳру навозиши зан сер аст. Шояд маъшуқае дорад? Бовариатон намеояд агар бигуям ки ман бо шавҳар сухбат карда хандиданамро ёд надорам. Гумон накунед ки ҳофизи ман бад аст. Не баръакт хофизаи хело хуб дорам. Суханеро як маротиба шунавам дар хотирам нашқ мебандад. Вале хандаамро ёд надорам... Магар ин даҳшат нест!?
Ман намегуям ки шавхари ман пурра тағир биёбад. Каме рафторашро дигар кунад бароям бас аст. Танҳо дағали накунад рашки беҳуда надошта бошад, бас аст. Лекин у дигар намешавад. Имруз ҳам бародару додаронам маро кумак мекунанд. Вале то кай. Охир мард бояд ғами зану фарзандонашро хурад бояд хонаро таъмин намояд. Чаро шавхари ман дар ин бора фикр намекунад. Холо бовар кунед ман бачои шавҳарам шарм медорам.. Ин зиндаги мачбурам мекунад ки ба кор бароям. Вале шавхарам чи мегуфта бошад? Оё ман хуқуқ дорам ки кор кунам? Оё рафтори шавҳари ман дуруст аст.
Хонандагони азиз хоҳишмандам дар атрофи ин суолҳои ман фикру мулоҳизаҳои худро нависед. Шояд маслиҳати мушварати шумо рафтори шавҳари маро тағир диҳад. Охир мо ҳамдигаро дуст дошта хонадор шудаему фарзанд дорем. Охир мо ҳануз чавонему зиндаги дар пеш аст.
Ба шавҳарам хам мегуям ки ишқамонро ба хотир ор. Фарзандонамонро нигару ояндашонро фикр кун. Ояндаи онхо ба мо вале пеш аз ҳама ба ту вобаста аст. Инро фаромуш насоз. Агар ояндаи хуши онҳоро бихоҳи ман ҳамеша дар пахлуи ту омодаи ёриву кумак ҳастам.!
Бо умеду орзуҳо ШАМСИЯ..
Таҳияи Сумая.
Нависанда "Тири Нуқрагин"
мо меоят авалан аз Худованд
таввало мекунем лекин
бовуjуди ин мо хамавакт ба
кумаки як дигар ехтиёj дорем
чун ки Пеш аз оне ки Худованд
ба мо кореро анjом медихад
боят сабабе дошта бошад
агр,на хеч кас ба хеч кас хетиёj
намешуд