Ин ҷаҳони фонӣ бингар, ҳар тараф шӯру шар аст,

Одамӣ ғофил зи маргаш, ошиқи молу зар аст.
Нест раҳмеро бародар бар ҷигарбанди падар,
Духтаронро нест шарму ин ҷидол бо модар аст.
Гуфт Аҳмад ﷺ : Волидайнро дил биовар, умматам,
Лек он ҳарфаш куҷо шуд, ки падар пушти дар аст!?
Мард аз зан норизо аст, зан аз мардаш малол,
Сабр аз байн рафтааст, вайрона девору дар аст.
Мо мусулмонзодаем, аммо зи Қуръон ғофилем,
Қалбҳо пур аз ҳасудӣ, кибр марги бовар аст.
Рафт раҳму шафқату қиммат зи дилҳои башар,
Қадри ҳайвон ин замон аз одамӣ болотар аст.
Эй Худо, аз шарри шайтони раҷим, эмин дор,
Марги дунёи абад аз зиндагӣ авлотар аст.
Дилшоди Рамазонӣ.

Комментарии