Ки нахустин шаби ҷудоӣ буд.Омад ӯ хашмноку қаҳролудБар дилаш нақши бевафоӣ буд.Дар он мавқеъ,ки панҷаҳои хунолуди шафақ даричаи осойишгоҳи шабро бо калиди тилло ба рӯйи хуршед мекушояд,фаромӯшам макун!Гуфт: "Он номаҳо во нашуд,Ки бароят зи ишқ сар кардам.Рад кун аз баҳри ман,ки меҳри туроДигар аз қалби худ бадар кардам".Охирин шоми ошноии мо,Ки нахустин шаби ҷудоӣ буд.Омад ӯ хашмноку қаҳролудБар дилаш нақши бевафоӣ буд.Дигар пойи ман нерӯ нахоҳад дошт,ки маро соявор ба дунболи ту кашонад,вале рӯҳи ман,рӯҳи ман чун парвона дар перомуни шамъи ҷамолат хоҳад гашт ва пар-парзанон ҳама ҷо ҳамроҳи ту хоҳад буд.Азизи ман,меҳрубони ман,қашанги ман,фаромӯшам макун!Дасти ларзони ман зи гӯшаи миз,Бадар овард шеърҳояшро.Ҳамагиро ба пояш афгандам,Кард чун зери по вафояшро...
Неповторимый голос Аҳмад Зоҳир
:کامران علیبای زاده
Охирин шоми ошноии мо,
Ки нахустин шаби ҷудоӣ буд.
Омад ӯ хашмноку қаҳролуд
Бар дилаш нақши бевафоӣ буд.
Дар он мавқеъ,ки панҷаҳои хунолуди шафақ даричаи осойишгоҳи шабро бо калиди тилло ба рӯйи хуршед мекушояд,фаромӯшам макун!
Гуфт: "Он номаҳо во нашуд,
Ки бароят зи ишқ сар кардам.
Рад кун аз баҳри ман,ки меҳри туро
Дигар аз қалби худ бадар кардам".
Охирин шоми ошноии мо,
Ки нахустин шаби ҷудоӣ буд.
Омад ӯ хашмноку қаҳролуд
Бар дилаш нақши бевафоӣ буд.
Дигар пойи ман нерӯ нахоҳад дошт,ки маро соявор ба дунболи ту кашонад,вале рӯҳи ман,рӯҳи ман чун парвона дар перомуни шамъи ҷамолат хоҳад гашт ва пар-парзанон ҳама ҷо ҳамроҳи ту хоҳад буд.Азизи ман,меҳрубони ман,қашанги ман,фаромӯшам макун!
Дасти ларзони ман зи гӯшаи миз,
Бадар овард шеърҳояшро.
Ҳамагиро ба пояш афгандам,
Кард чун зери по вафояшро...