Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?

Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
То напурсанд, ба хубон ғами дил натвон гуфт,
В-ар бипурсанд, бигӯ: «қуввати гуфтор куҷост?»
Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Дар хароботи муғон ҳуш маҷӯед, ки мо
Ҳама мастем, дар ин майкада ҳушёр куҷост!
Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?

Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост? - 857309894692

Комментарии

  • 30 июл 2017 10:18
  • 30 июл 2017 14:35
    офизи нотакрори чахон
  • 4 авг 2017 09:43
    gif
  • 28 янв 2019 16:58
    ҒАЗАЛИ ЗЕБО АЗ БАДРИДИНИ ҲИЛОЛӢ...

    Эй кӣ аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
    Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?

    То напурсанд ба хубон ғами дил натвон гуфт;
    В-ар бипурсанд, бигӯ; қиммати гуфтор куҷост?

    Рафт он тозагулу монд ба дил хори ғамаш,
    Гул куҷо ҷилвагару сарзаниши хор куҷост?

    Сабр дар хонаву парвонаи дил ҳеҷ намонд,
    Хоб дар дидаи ғамдидаи бедор куҷост?

    Пор бар доғи дили сӯхта марҳам будӣ,
    Ё Раб! Имсол чӣ шуд? марҳамати ёр куҷост?

    Дар хароботи муғон ҳуш маҷуед зи мо,
    Ҳама мастем, дар ин майкада ҳушёр куҷост?

    Беҳтар он аст Ҳилолӣ, ки ниҳон монад роз,
    Сирри худ фош макун, маҳрами асрор куҷост?

    عزلی زیبا از ﺑﺪﺭﺍﻟﺪﯾﻦ ﻫﻼﻟﯽ...

    ﺍﯼ ﮐﻪ ﺍﺯ ﯾﺎﺭ ﻧﺸﺎﻥ ﻣﯽ ﻃﻠﺒﯽ، ﯾﺎﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟
    ﻫﻤﻪ ﯾﺎﺭﻧﺪ، ﻭﻟﯽ ﯾﺎﺭ ﻭﻓﺎﺩﺍﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟

    ﺗﺎ ﻧﭙﺮﺳﻨﺪ، ﺑﺨﻮﺑﺎﻥ ﻏﻢ ﺩﻝ ﻧﺘﻮﺍﻥ ﮔﻔﺖ
    ﻭﺭ ﺑﭙﺮﺳﻨﺪ، ﺑﮕﻮ: ﻗﻮﺕ ﮔﻔﺘﺎﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟

    ﺭﻓﺖ ﺁﻥ ﺗﺎﺯﻩ ﮔﻞ ﻭ ﻣﺎﻧﺪ ﺑﺪﻝ ﺧﺎﺭ ﻏﻤﺶ
    ﮔﻞ ﮐﺠﺎ ﺟﻠﻮﻩ ﮔﺮ ﻭ ﺳﺮﺯﻧﺶ ﺧﺎﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟

    ﺻﺒﺮ ﺩﺭ ﺧﺎﻧﻪ ﻭﯾﺮﺍﻧﻪ ﺩﻝ ﻫﯿﭻ ﻧﻤﺎﻧﺪ
    ﺧﻮﺍﺏ ﺩﺭ ﺩﯾﺪﻩ ﻏﻤﺪﯾﺪﻩ ﺑﯿﺪﺍﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟

    ﭘﺎﺭ ﺑﺮ ﺩﺍﻍ ﺩﻝ ﺳﻮﺧﺘﻪ ﻣﺮﻫﻢ ﺑﻮﺩﯼ
    ﯾﺎﺭﺏ ! ﺍﻣﺴﺎﻝ ﭼﻪ ﺷﺪ؟ ﻣﺮﺣﻤﺖ ﭘﺎﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟

    ﺩﺭ ﺧﺮﺍﺑﺎﺕ ﻣﻐﺎﻥ ﻫﻮﺵ ﻣﺠﻮﯾﯿﺪ ﺯ ﻣﺎ
    ﻫﻤﻪ ﻣﺴﺘﯿﻢ، ﺩﺭﯾﻦ ﻣﯿﮑﺪﻩ ﻫﺸﯿﺎﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟

    ﺑﻬﺘﺮ ﺁﻧﺴﺖ، ﻫﻼﻟﯽ، ﮐﻪ ﻧﻬﺎﻥ ﻣﺎﻧﺪ ﺭﺍﺯ
    ﺳﺮ ﺧﻮﺩ ﻓﺎﺵ ﻣﮑﻦ، ﻣﺤﺮﻡ ﺍﺳﺮﺍﺭ ﮐﺠﺎﺳﺖ؟