Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,

Поям зи кор уфтод вонгаҳ ба сар давидам.
Сад раҳ сарам ба дар хурд чун вақти вадаи ту,
Ҳар қадр дерутар шуд ман тунбутар давидам.
Дар фикри гуфтугуят аз хобу хур гузаштам,
Дар интизори руят шаб тосаҳар давидам.
Шояд дили ту месухт беҳтар надиду чашмат,
Чун бо лабони хушгу чашмони тар давидам.
Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,
Поям зи кор уфтод вонгаҳ ба сар давидам.

Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,
 - 860794997028

Комментарии