Аз пеши ман бирав,ки дилозорам,

Нопойдору сусту гунаҳкорам.
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.
Ман нокомам,нокоми ишқам,
Ман бадномам,бадноми ишқам.
Оҳ,ай Худо,чӣ гуна туро гӯям,
К-аз ҷисми хеш хаставу безорам.
Ҳар шаб бар остони ҷалоли ту
Гӯйӣ,умеди ҷисми дигар дорам.
Аз пеши ман бирав,ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.
Ман нокомам,нокоми ишқам,
Ман бадномам,бадноми ишқам.
Дил нест,он диле,ки ба ман додӣ,
Дар хун тапида,оҳ,раҳояш кун,
Ё холӣ аз ҳавову ҳавас дораш,
Ё пойбанди меҳру вафояш кун.
Аз пеши ман бирав,ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.
Ман нокомам,нокоми ишқам,
Ман бадномам,бадноми ишқам.

Комментарии

Комментариев нет.