#ҚИССАҲОИ НОБ ДАР ҲАР БОБ

ҲУСНОБОД
Мегӯянд, ки дар замонҳои пеш як подшоҳ буд. Ин подшоҳ як эшони калон (доранда) дошт, ки бе маслиҳати ӯ як қадам рӯи намемонд. Эшон аз одамони подшоҳ чил мурид дошт. Ҳар вақт, ки эшон ба кӯча мебаромад, муридҳо пеш-пеш зери пояш хишти пухта монда мерафтанд, то ки эшон ба замин пой намонад.
Подшоҳ як вазир ҳам дошт, ки
#ҚИССАҲОИ НОБ ДАР ҲАР БОБ - 917886172900
бисёр шахси доно буд. Як шаб ба ҳавлии вазир дузд даромад. Вазир оҳиста дид, ки дузд ҳамон эшони таърифӣ бо муридҳояш аст. Пагоҳӣ вазир рафта, ба подшоҳ арз кард:
-Эй Подшоҳи олам, эшонатон дузд будааст, имшаб хонаи маро ғорат кард.
Подшоҳ аз ин хабар дар ғазаб шуда, дар хаққи вазир ҳукми куш (қатл) баровард. Баъди адои ҳукм подшоҳ зану духтари вазирро аз шаҳр бадарға кард. Зани вазир Шаҳрбону духтараш Ҳуснбону ном доштанд. Одамони подшоҳ Шаҳрбоную Ҳуснбонуро ба як чӯли биёбон бурда партофтанд. Вақте ки модару духтар сарсону ҳайрон дар чӯли бегиёҳ мегаштанд, як шаб Ҳуснбону хоб дид, ки дар зери як дарахт санге воқеъ асту дар таги санг ду кӯза тилло пинҳон мебошанд. Духтар хурсанд шуда, аз хоб хесту ба модараш ин хобро гуфт. Онҳо «шояд ин хоб рост барояд гӯён ба ҷустуҷӯи дарахт рафтанд.
Чанд рӯз дар рох мерафтанд, ки аз пешашон як дарахт баромад. Диданд, ки дар зери дарахт як санг ҳам ҳаст. Модару духтар як навъ карда, сангро бардошта, зери онро кофта буданд, ки дар воқеъ ду кӯза пайдо шуд. Тиллоҳоро гирифтанду рафта устою мардикор киро карданд ва дар як ҷо як шаҳри ободу зебо сохтанд. Номи шаҳрро ба ном духтар Ҳуснобод монданд.
Сохтмони иморатҳои шаҳр тамом шуда буд, ки Ҳуснбону либоси мардона пӯшида, ба тарафи шаҳри падараш рафт. Ба он шаҳр расида, рост ба пеши подшоҳ даромад. Подшоҳ пурсид:
- Эй писар, аз куҷо омадаӣ?
Ҳуснбону гуфт:
- Эй подшоҳи рӯи замин, ман писари фалон подшоҳ: мебошам, бо падарам ҷанг карда, ин тарафҳо омадам.
Подшоҳ гуфт:
- Эй писар, мехоҳй, ки ягон ҳавлй ба ту диҳаму он ҷо зиндагӣ карда гардӣ?
Ҳуснбону илтимос кард, ки:
- Ман аввал шаҳри шуморо як тамошо кунам, кадом ҳавлӣ писандам ояд, ҳамонро аз шумо талаб мекунам.
Баъд Ҳуснбону шаҳрро давр зада омаду ба подшоҳ гуфт:
- Ҳавлии ҳамон вазирро, ки кушта будед, ба ман диҳед.
Подшоҳ розӣ шуд. Духтар ҳавлиро тармим карда, модарашро ҳам овард.
Як рӯз Ҳуснбону бо модараш маслиҳат карда, ҳам эшонро ба меҳмонӣ даъват карданӣ шуд. Эшонро ба зиёфат хабар карду худаш ба пеши подшоҳ рафта гуфт:
- Ба ман ҳамин шаб чил нафар аскар диҳед, ки эҳтиёҷи зиёд дорам.
Подшоҳ не нагуфта, ба Ҳуснбону аскар дод. Духтар ба аскарҳo фахмонд ки:
-Имшаб ба хонаи ман дузд меояд, лекин шумо ба дуздҳо даст нарасонед, вақте ман фармон додам, баъд хамаашонро дастгир мекунед.
Эшон ба хонаи духтар меҳмон шуда, зиёфатро хӯрду шабҳангом бо чил нафар муридаш хонаро зер кард. Дуздҳо акнун ҳама бори хонаро баста буданд, ки духтар ба аскарҳо фармон дод, то аз камин баромада, дуздҳоро доранд. Аскарҳо эшонро бо муридонаш дастгир карданд.
Духтар саҳар ба назди подшоҳ даромада, ӯро аз воқеа огоҳ сохт. Подшоҳ хашмгин шуда, ба духтар дод зад:
Ту ҳам ба эшони ман тӯҳмат мекунӣ, вай ин корро намекунад, ман туро ҳам барои ин туҳматат ба пеши бадарғашудагон мефиристам!
Ҳуснбону гуфт:
-Эй подшоҳ аъзам, ман эшони шуморо бо муридҳояш дастгир кардам, ҳамаашонро дар хона қулф карда омадам, агар бовар накунед, худатон рафта бинед.
Подшоҳ омада дид, ки эшони таърифиаш дасту по бастагӣ бо чизҳои дуздидааш дар хонаи духтар хоб аст. Вай баъд аз ин аз гуфтаҳои худ пушаймон шуда, аз куштани вазири донояш ва бадарға кардани зану фарзанди ӯ афсус хурд.
Духтар телпакро аз cap гирифта, худро ба подшоҳ шиносонд ва тамоми саргузашташро ҳикоя кард. Подшоҳ бисёр иззо кашиду ба Ҳуснбону гуфт:
-Ман ба ту қоил шудам, акнун ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, ман аз ту чизеро дареғ намедорам.
Духтар гуфт:
-Ба ман ҳеҷ чиз даркор нест, ман дар шаҳри шумо ним рӯз ҳам зиндагӣ намекунам, ба шаҳри худ меравам. Ман як шаҳр сохтаам, ки аз шаҳри шумо барин подшоҳ сад бор ободтар аст.
Подшоҳ гуфт:
- Эй, ман акнун донистам, ки Ҳуснободро ту сохтаӣ!
Ҳуснбону ба шаҳри худ рафт ва ҳамроҳи модараш хушу хурсандона зиндагӣ ба cap бурд.
Ин Ҳуснобод, ки дар поёни Панҷруд, дар назди Kулолӣ ҳаст, ҳамон Ҳуснобод аст.

Комментарии

Комментариев нет.