Мазан тӯҳмат ба рӯи миллати ман,

Макун таҳқир муҳоҷир-додари ман.
Макун бадному расво номи тоҷик,
Ки месӯзад вуҷуди модари ман.
Ки тоҷик мард буду мард хоҳад монд,
Ба мисли Рустаму Масъуду Сомон.
Зи хоне гар хӯрад як бурдаи нон
Нахоҳад кард туф ӯ бар намакдон.
Агарчи гаштааст имрӯз ӯ хор,
Мадеҳ ноҳақ ту ӯро ранҷи бисёр.
Мазан мӯҳри хато бар миллати ман,
Ки безораст ӯ аз қатлу куштор.
Диҳӣ гар баҳри ӯ як бурдаи нон,
Насозад қатл ӯ аз баҳри миллион.
Даруни қалби ӯ саршори меҳр аст,
Чи медонӣ ту эй бемеҳру имон.
Ба ҷони мо ситам бисёр кардӣ,
Ту айби худ ба дигар бор кардӣ.
Битарс аз оҳи мардони мусофир,
Аҷаб ту миллатамро хор кардӣ.
Нигаҳ кун сар ба по таърихи тоҷик,
Зи Ориёӣ то имрӯзи тоҷик...
Саросар сулҳу инсонпарварӣ аст,
Сиёсатномаи шоҳони тоҷик.
Эҳсони Фарҳод.

Комментарии