Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,

Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,
Панду насиҳат аст аз ман хабар бигир!
Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан
Фарзанди хок ту фарзанди хок ман.
Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст,
Бе ту чӣ зиндагист, эй ёри дилшикан?!
Аз ман хабар бигир!
Чашми муҳаббатам, муштоқи рӯйи туст,
Гӯянд одамӣ бо дӯсти накӯст,
Аз қасри худ фаро, бар мулки ман биё,
Ин хона бурҷи дил, ин дил макони туст!
Аз ман хабар бигир!
Аз ман назар нагир,ёри дигар нагир,
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир!

Комментарии

  • 27 апр 14:55
    Апай гулхухсор сафиева букушам дар хамута очаеки хамихел шоира хамихел хушручара тавалуд кардай сарбаланду мувафак бошед апай хушсуханам апай хамватанам