Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,

Саодат он касе бошад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Хурӯсон ҳар саҳар гӯянд: ки “қум ё айюҳал ғофил”
Ту аз масти намедонӣ, касе донад, ки ҳушёр аст.
Танат гӯяд бархезам, ҳаво гӯяд даме андак,
Ҳаворо пеши поят зан, ки вақти амри Ҷаббор аст.
Танат бар тахта андозанд, ҷанозат мардумон хонанд,
Ба гӯри танг андозанд, амал он ҷо туро ёр аст.
Аё эй Шамси Табрезӣ, ту чун марди саҳархезӣ,
Агар сад солбигрезӣ, ки охир марг даркор аст!
ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Комментарии

Комментариев нет.