Қиссаи хеле таъсирбахш ва ғамангез.

#ОҚИБАТИ_БАДӢ
Дар деҳаи Даҳана марде буд омӯзгор, синну сол ба 45 рафту оиладор нашуд. Ҳар чи дар бисот дошт ба рӯзгори оила сарф мекард. Хӯрондану пӯшонидани хоҳарон ба души мард бор буд. Ҳар охири моҳ, ки маош мегирифт, барои хоҳаронаш хӯрокаву пушока мехарид, ки ҳатто ин маоши ночиз барои як курта харидани худаш намерасид. Баъд аз сари падару модар бори вазнини оила ба душаш бор шуд. Пас аз кор рафта ҳезум ҷамъ мекард, то фурушаду қути лоямуте барои пеш бурдани рузгори оила ба даст оварад. Худованд ва оила барои ин мард муқаддас буд. Ҳаргиз аз фикри хӯронидани хоҳарон ва нигоҳубини онҳо даст накашид. Ва ҳарому пора ҳам нахурд, то хоҳаронро бо нони ҳалол ба воя расонад. Ҳамин тавр ду хоҳарашро калон карда дар хонаи худ бо ду марди фақир оиладор кард.
Аз байн солҳо гузаштанду умри мард ба ҷое расид, ба қавле аллакай муйсафед шуда буд. Дигар қуввату мадори кор кардан надошт. Бемор шуд, нафаре лозим буд, ки ӯро парасторӣ кунад. Ӯ ба умеди он буд, ки хоҳаронашро ки солҳо онҳоро хурондааст дар пирӣ асои дасташ мешаванд, вале афсус, сад афсус, ки дунё чунин будааст, ки подоши некиро баъзе ашхос бо бадӣ ҷуброн мекунанд.
Қисмати қаҳрамони ҳикояи мо низ чунин шуд.
Хоҳарон ба ҷои нигоҳубин ӯро таънаву маломат мезаданд.
-Намешавад, ки рафта кор кунӣ, худатро ба маризӣ партофта мешинӣ дар хона чун занҳо. Кудакону ману шавҳарамро кӣ мехуронад? Безор шудеме аз нигоҳубини ту ифлос, ҷонамонро ба нуки биниямон овардӣ-гуфта таънаву маломаташ мезаданд.
Дар ниҳоят нигоҳубини акаи меҳрубон ба дили хоҳаронаш заду ӯро аз хона ронданд. Либосҳояшро болои сараш партофтанд. Ӯ аз ҷой бархесту тани худро такон дод ва зонуи хунолуди худро қапида-қапида бо бору кулвораш рӯ ба дашту саҳро ниҳод.
Роҳ мерафту роҳ мерафт ва он рӯзҳоеро ба хотир меовард, ки чӣ тавр хоҳарони ширинаш ӯро бо меҳр пешвоз мегирифтанд. Ӯро ба оғуш мегирифтанду бо забони ширин сӯҳбат мекарданд. Мард аз ин болида буд. Хушбахтии хоҳаронаш охир хушбахтии ӯ буд. Пас чаро дунё вафо накарду хоҳаронаш бевафо шуданд. Подоши хубӣ бадиро раво диданд. Ба дил мегуфт бигзор, тақдирам чунин будаст. Ман кина намегирам. Ӯ дар дашт барои худ кулбаи фақирона сохту зиндагӣ кард. Аз ғаму фикри зиёд ақл гум кард. Девона шуд. Дигар чигуна сухан гуфтанро намедонист. Ғаму дарди ҷудои аз хоҳарон ӯро ба ин ҳол расонд. Мард ҳар бегоҳ ба сари манзили модару падар рафта зор-зор мегирист. Гӯё ақл гум накарда. Рози дил мекард ки акнун фарзандонатон бевафо шуданд модар. Охир ман ба онҳо умрамро бахшидам. Маро аз меҳри худ дур карданд. Як бурда нонро аз ман дареғ доштанд. То вақте қувват доштам барои онҳо кор кардам. Акнун мадори кор ҳам надорам.
Мард ҳарчанд ки ӯро мардуми деҳа акнун девона мехонанд, бо вуҷуди ин, гадоӣ намекард, бо тани дардманд боз ба дарахтзор рафта ҳезум ҷамъ мекард мефурухту қути лоямути худро дармеёфт. Зиндагии боқимондаро пеш мебурд.
Умр вафо накарду муйсафед ҳангоми ҷамъоварии ҳезум фишораш ниҳоят баланд гардиду дилаш аз таппиш боз монд. Дар ғаму фироқи хоҳарони носипос ҷон дод. Халқи деҳа ба хоҳаронаш хабар доданд, ки майитро ба масҷид бурда ҷаноза кунанду ба хок супоранд.
Хоҳаронаш гуфтанд:
-Ин девонаро мо намешносем, ва ба зима ҳам намегирем. Бигзор дуртар аз деҳа гуронед ки деҳа буй нагирад.
Суханони талхи хоҳар пас аз марг ҳам руҳи майитро ноором кард.
Муйсафеди раҳматиро дар масҷид ҷаноза карда дар мазори деҳа бе ному нишон ба хок супурданд.
Ҳар иди Рамазон ва Қурбон мардум ба рӯҳи ин муйсафеди ранҷкашида ва бо залилӣ мурда дуову фотиҳа мехонданд. Амо хоҳаронаш ва ҷиянҳояш ҳеҷ гоҳ барои дуо карданд дар руҳу арвоҳи шодравон намеомаданд. Ҳатто наздик намешуданд.
Солҳо сипари шуданду умри хоҳаронаш ба панҷоҳу ба шаст расид. Дигар аз ёди муйсафед дар майнаашон асаре намонд. Онҳо қаҳрамони ҳикояро ҳамон замон фаромуш карданд. Бехабар аз он, ки санге, ки мезанӣ як рӯз омада ба сари худат мезанад.
Алқисса хоҳари калонияш ки бародари худро ранҷ дода буд, ҳангоми аз туй баргаштан дар самти роҳи Кӯлоб-Душанбе мошине, ки дар он бо ду фарзанд ва шавҳараш нишаста буданд, ба ғор афтида пора-пора мешавад. Гуштҳояшон ҳар тараф пош мехурад.

Комментарии

  • 28 апр 19:25
    Илтимос давоми хикойа боша монен хонем дустои мехрубони ма