ДУ ҶИСМИ ҲАМРӮҲ ДУ РӮҲИ ҲАМРОҲ

Баъди як ҳафтаи фавтидан арвоҳи зан аз марқади танги худ баромада, сӯи деҳа парвозӣ шуд. Охир, бегоҳи рӯзи панҷшанбе – рӯзи ба ёд овардани фавтидагон ва хотири мурдагонро бо як каф дуо шод кардан мебошад. Ба назди хонааш расида, аз тиреза ба дарун назар кард. Даҳ фар-зандаш дар гирди дастархони калон сархаму маъюс бо якдигар ҳарф зада, модарро ба ёд меоварданд. Ба тирезаи меҳмонхона наздик шуд, чанд мӯйсафеди деҳа, дар даст тасбеҳ, ба ёди арвоҳи зан аз ояҳои Қуръон тиловат мекар-данд. Дилаш ором шуд, боз баргашт ба қабристону ба қабри шавҳар наздик шуд. Аъзои баданаш бедвор лар-зид…Мешинохта бошад? Охир аз рӯзи фавташ 20 сол гу-зашт. Ман пир шудаам, аммо ӯ бояд ҷавон бошад, охир 20 сол пеш ӯ 45 сол дошт. Зан ларзон дохили марқад шуд. Марқадро холӣ дарёфт. Бетоқат шуд, хавоссаш парешон гашту худро ба берун андохт. Ашкрезону хунгирён ба деҳа, ба сӯи хонааш, роҳ пеш гирифт. Аз дур, дар назди тирезаи хонаи фарзандон суроби шахсеро дид. Зери дарахти назди хона пинҳон шуд. Синча карда арвоҳи шавҳарашро шинохт. Мисли пешин ҷавонмарди зебо буд. Тарсид наздик шавад. Арвоҳи шавҳар бо ҳавас ба даруни хона нигоҳ мекард. Зан ба худ нигарист: «Охир ман пир шудаам, аммо ӯ хеле ҷавон аст. – Ин хаёл аз сараш гузашт. – Мешинохта бошад? Агар не…»
Раҳима дар оилаи зиёӣ ба дунё омада буд. Падараш ода-ми ҳарбӣ буду модараш муаллима. Падарро ба ноҳияи дур-дасти Шӯрообод ба кор мефиристанд. Ӯ ҳамсарашро бо худ мебарад. Баъди ду моҳ Раҳима ба дунё меояд. «Барои кӯдаки таваллуднашуда харидани парпечу либос хосияти хуб надо-рад», – гуфта модар барои тифлаш ягон чиз нахарида буд. Он сол зимистон хеле қаҳратун омад. Падар аз хурсандӣ дар куртааш намегунҷид. Дар рӯзи таваллуди духтараш ӯ саво-ри асп барои харидани парпечи кӯдаконаю туҳфа ба шаҳри Кӯлоб сафар кард. Соли 1944-ум вазъият дар ақибгоҳ низ ноором буд. Падар баъди харид ва бозгашт дар роҳ аз дасти хоинони давлат кушта мешавад. Модар баъди се рӯз аз тақдири шавҳар хабардор шуд. Ӯ, ки тарбиядидаи Хонаи бачагон буду хешу табор надошт, бо кӯдаки ширмак куҷо рафтанашро намедонист. Мегӯянд: дар олам аз ашхоси бад дида, инсонҳои нек бисёранд. Бале, бо дастгирии чунин аф-род ӯ дар зиндагӣ роҳи худро ёфт. Муаллима шуда кор кард, Раҳимаи хурдакакашро ба воя расонд. Бо худ ба мактаб ме-бурду дар болои мизи кор шинонда, ба толибилмон дарс мегуфт. Раҳима 8-сола шуд. Ба модараш ҷавони хеле зебо ошиқ шуд. Ҳар рӯз пеши роҳашро гирифта, арзи муҳаббат мекард.
– Ман фарзанд дорам, духтарам 8-сола аст, намехоҳам ӯ дастнигари падари угай шавад. Ту метавонӣ бо духтари қадрас издивоҷ кунӣ, – гуфта модар муҳаббати ҷавонро рад мекард.
– Духтаратро ба фарзандӣ қабул мекунаму чун гавҳараки чашм эҳтиёташ менамоям, фақат ту розӣ шав. Ман ҳаётамро бе ту тасаввур карда наметавонам, – зориҳо мекард ҷавон.
Онҳо издивоҷ карданд. Соҳиби ду фарзанд шуданд, мард ба аҳдаш вафо кард: то охири умр Раҳимаро пеш аз фарзан-дони худ медонист.
Раҳима, ки орзуи табиб буданро дар дил мепарварид, ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорид. Ба хон-дан шавқи зиёд дошт, аммо… ошиқ шуд, сахт ошиқ. Наме-хост хонданашро тарк кунад. Ҷавон шабу рӯз аз пушти ӯ мегашт.
Шаби қаҳратуни зимистон. Ҷавон дар паси тирезаи хоб-гоҳи омӯзишгоҳ ду чашм сӯи ошёнаи дуюм мисли бобои барфӣ аз боридани барфи лаклакӣ сап-сафед шуда буд.
Ҳамсабақҳояш шӯхикунон:
– Бечора сағира ях карда намурад? – мегуфт яке.
– Наход дилат насӯзад: як сол шуд, ки ӯ шайдои ту, – мегуфт дигаре.
– Охир ту низ ӯро дӯст медорӣ? – мегуфт сеюмӣ.
Раҳима бетоқатона назди тиреза мерафту боз дар пушти миз менишаст, аз даҳҳо саҳифаи хонданаш чизе дар хотира-аш намеистад, ҳушу ёдаш ба берун банд буд.
Поси шаб. Ба соат нигарист: соат яки шаб. Оҳиста ба назди тиреза омад. Мегӯӣ ях баста бошад, ҷавон мунтазир. Ӯ ба дугонаҳояш нигарист, ҳама масти хоб. Оҳиста аз хоб-гоҳ баромад. Зани дарбон низ пинак рафта буд. Дар ин лаҳзаҳо ӯ ғуломи ишқи худ буд. Барояш на ситораи дурах-шон дар шаби тор лозим буду, на офтоби сӯзон дар рӯзи ху-нук, дил ба ӯ гуш намедод, вуҷудаш такрор ба такрор мегуфт: «Ё ӯ, ё ҳеҷ каси дигар». Насими сард ва донаҳои барфи лаклакӣ ӯро ба худ овард. «Худоё, ман чӣ кор карда истодаам?» Мехост ба қафо баргардад, аммо аллакай ҷавон ӯро дида, ба сӯяш медавид. Беихтиёр пойҳо Раҳимаро кашолакунон ба сӯи ӯ бурданд. Фарҳод аз Худои худ ил-тиҷо мекард: «Худоё, тайёрам субҳи мусаффо ва офтоби ду-рахшонро ба ҳамин шаби тор иваз кунам, чунки азизам дар барам аст!»
Онҳо оила барпо карданд. Баъди як моҳи ҳамзистӣ Фарҳодро ба хизмати модар – Ватан даъват намуданд. Раҳима рӯз дар миён аз шавҳар мактуб мегирифт. Ӯ мена-вишт: «Азизам, ягонаам! Бо тамоми ҳастӣ дӯстат медорам. Ҳар рӯзу соату сонияро бо ёди ту паси сар мекунам. Бовар дорам, ту низ интизор ба роҳи ман ҳастӣ. Хизмати Модар – Ватанро софдилона иҷро карда истодаам. Лаҳзаяке вақти бекор ёбам, ҷавоби мактубҳоямро такрор ба такрор мутолиа мекунам. Ин номаҳоро бӯ мекашам, аз онҳо бӯи ту ба ма-шомам мерасад. Бо умеди дидор Фарҳоди ту».
Боз менавишт: «Азизам, имрӯзҳо ту мисли ситора барои ман дастнорасӣ. Фарқи ту ва ситораҳо дар он аст, ки онҳо ҳазорҳоанду ту якто».
Баъди як соли ҷудоиҳо Раҳима барои аёдати маҳбубаш ба давлати ҳамсоя рахти сафар баст. Ҳарчанд модар хоҳиш кард, ки ба роҳи дур наравад, барои ӯ ёфтани қисмҳои ҳарбӣ душвор мешавад, аммо ӯ:
– Модарҷон, ӯро ёд кардаам, тоқати ҷудоӣ надорам. Хоҳиш мекунам, дуои некам деҳ, – гуфта илтиҷо кард.
Модар дуояш доду орзу кард, ки сафараш бехатар бошад. Раҳима шавҳарашро ёфт. Дар сарҳадди Олмон хидмат ме-кардааст. Ду дилдода вохӯрданд. Мисли ҳамон мулоқоти нахустинашон он шаб ҳам барфи лаклакӣ меборид…
Ҷудоӣ муҳаббати хурдро мекушад, аммо муҳаббати бу-зургро бузургтар мегардонад, мисли он ки шамол шамъро хомӯш карда, боиси аланга задани оташи бузурге мегардад. Муҳаббати ин ду навҷавон мисли оташ аланга мезад. Фарҳод худро хушбахттарин ҷавон эҳсос мекард, чунки азизи дилаш ҳазорон фарсах роҳро пушти сар намуда, барои дидани ӯ омада буд.
* * *
Зиндагиашон ширин мегузашт. Якдигарро, ки дӯст ме-доштанд, норасогиҳои рӯзгор ба чашмашон наменамуд. Дар хонадон пайи ҳам чор духтарча ба дунё омад. Яке аз дигаре зеботару ширинтар. Зану шавҳар ба доди Худо шукр мегуфтанд, аммо Раҳима мехост писар дошта бошанд. Шоҳписареро бо орзуҳои зиёд ба дунё овард: Рус¬там номаш ниҳоданд. Боз чор духтару як писар таваллуд кард. Писари дуюмро ном ниҳоданд Суҳроб.
Хабари мудҳиш ва даҳшатбор ба решаи дарахти умри якҷояи онҳо лахчаи хокистари сӯзонро рехт. Хонаи пур аз хандаи онҳо ғамхона шуд. Шавҳар, ки дар Корхонаи пахтаи шаҳри Кӯлоб вазифаи масъулро ба уҳда дошт, вақти таъми-ри дастгоҳе ҷароҳати сахт мебардорад ва дар болои мизи ҷарроҳӣ аз олам чашм мепӯшад. Зан бо даҳ кӯдаки ноболиғ дар чорроҳаи тақдир танҳо монд. Рӯзҳои вазнин ӯро инти-зор буданд. Тарбия кардан, ба воя расонидан, соҳиби маълумоту касб намудани фарзандон соҳиби хонаву дар кардани онҳо барояш гарон афтод. Пеш аз муҳлат пир шуд. Як соли охир зан дар ҳавлии калони шавҳар танҳо монд. Духтарон ҳама соҳиби хонаву дари худ, писаронаш бошанд бо оилаҳои худ зиндагии деҳотро ба шаҳр иваз карданд. Ӯ танҳои танҳо монд. Гарчанде бародару хоҳар ва фарзандон таклиф мекарданд, ки ҳамроҳи онҳо зиндагӣ кунад, розӣ намешуд.
– То лаҳзаи охирини ҳаёт намегузорам, ки чароғи хонаи шавҳарам хомӯш гардад. Охир, арвоҳи ӯ омада дари баставу хонаи торикро бинад, ба ҳамсаре чун ман лаънат намехо-над? – гуфта дар ҳавлии калон хаёлан бо шавҳари азизаш суҳбат мекард. Гоҳ-гоҳ хориаш меомаду ба хонаи дарун да-ромада мегирист. Ягона нишон аз шавҳар мактубҳояш, ки аз хидмати сарбозӣ навишта буд, ҳамсуҳбати Раҳима бу-данд. Гаштаву баргашта онҳоро мехонд, ҳамаи онҳоро азёд медонист…
Он рӯзи шумро на танҳо аҳли оила, балки тамоми деҳа фаромӯш нахоҳад кард. Он рӯз Раҳима хеле шод буд: писа-ри ба ҷону дил баробараш Рустам ба аёдати модар омад! Да-с¬тархон кушод, ҳамроҳ ғизо хӯрданду ба ҳота даромаданд.
– Очаҷон, ин қадар помидорҳо сар ба навда сурх шуда-анд, чида диҳам-мӣ? – гуфта Рустам ба чидани помидору қаланфур оғозид.
– Кошки, ҷони оча, – гуфта зан низ дар ҷӯякҳои пур аз ҳосил рост шуд.
Очаю бача сатилҳои пури номидорро бардошта, ба ош-хона даромаданд.
– Писарам, ту дар хона истироҳат кун, ман дар деги ка-лон афшураи помидорро ҷӯшонда, ба зарфҳо ҷой мекунам.
Зан хасу чӯби хушкро зери дег ҷо карда оташ афрӯхт. Оташ аланга гирифту ба домони зан часпид. Зан саросема хост аввал бо даст оташро хомӯш кунад, натавонист, оташ то чанд аланга мегирифт. Хост куртаашро аз тан берун ку-над, то қафаси сина куртаро боло карда буд, ки алангаи оташ ба чашму рӯяш расид. Дар дохили оташхона зан бо оташ дастбагиребон буд. Дар ҳамин ҳолат писараш Рустам аз хона берун шуда, ба ошхона назар карду, давида омаду:
– Модарҷон, барои чӣ ҷеғ назадӣ, то ман бедор шавам? – гуфта шолчаи болои танӯрро гирифта, модарро дар он пе-чонд.
– Писарам, Рустамҷони азизам, охир агар дод мегуфтам, ту метарсидӣ, – гуфт модари сӯхтаи бирён фикри фар-зандашро карда.
14 рӯз модар бо марг дастбагиребон буд. Ҳамаи даҳ фар-занд болои сараш парвона, аммо... Оташ корашро карда буд. Бародару хоҳар дар болои бистари хоҳарбузургашон ашк мерехтанд. Раҳима аз хоҳар илтимос кард:
– Хоҳарҷон, хоҳиш мекунам: мактубҳои Фарҳодро, ки дар қуттии ҷевон нигоҳ медоштам, гирифта ба оташ андоз. Бигузор аз фироқ онҳо низ мисли ман сӯхта хокистар ша-ванд. Хокистарашро дар рӯзе, ки бод сахт мевазад, аз балан-дие пош деҳ. Бигузор дар рӯи дунё меҳр бошаду ишқ бошаду муҳаббат…
Ин суханҳои охирини Раҳима буданд.
Рӯзи ҷаноза хурду калони деҳа барои видоъ ҷамъ омада буданд.
Хоҳар мактубҳои Фарҳодро ёфт. Ӯ менавишт:
«Раҳимаҷон, азизам, мумкин ягон вақт мо дар дӯзах вохӯрем, чунки туро ҳамчун дузде, ки дили маро рабуда буд ва маро ҳамчун шахсе, ки ба ҷои қибла сӯи ту намоз гузо-штаам, маҳкум хоҳанд кард…», «Азизам, дирӯзу имрӯзу фардо ҳамчун қалб бо туам. Агар вақте танҳо мондӣ, ғам махӯр, даст болои сина бимон. Ман дар он ҷоям…», «Азизам, ҳатто баъди марг ҳам ту аз ман гурехта намета-вонӣ, чунки ман кафан мешаваму туро ба оғӯш мегирам, гул мешаваму болои қабратро оро медиҳам, борон мешава-му он гулҳоро об медиҳам…» «Азизам, Раҳимаҷон, байни мо ҳазорон фарсах роҳ, ту дар он тарафи роҳу ман дар ин тараф. Дар дили ман оташе аланга мезанаду шуълаи он ту ва ман дуди он ҳастам. Дар забони ман суруди ғам аст, саро-яндааш ман ҳастаму фармоишгар ту…», «Азизам, Раҳимаҷон, фарқ надорад, ки роҳ ҳазорон фарсах дур аст, ман дар тамоми роҳ номи туро навиштаам, бо куҷое наравӣ, дар роҳ мехонӣ, ки ман туро дӯст медорам…». «Азизам, ман ба хотири шаб зиндагонӣ мекунам, чунки ту шаб меоӣ дар орзуҳоям, дар дилам, дар хаёлам, дар хобам…»
Хоҳар васияти хоҳарбузургашроро иҷро кард…
* * *
Бегоҳии панҷшанбе, арвоҳи зан ба хонааш наздик шуд. Фарҳодаш аллакай он ҷо буд: нигоҳи чашмон якдигарро ёф-танд. Майл ба ҷониби якдигар карданд, чун он шабе, ки барфи лаклакӣ меборид… Онҳо бе сухан, бе овоз яктан шуда, ба афлок парвоз намуданд…

Комментарии

Комментариев нет.