Дӯст, аз пурсоният шодам, Худо шодат кунад,

Ҳар куҷо дар кори нек, дасти имдодат кунад.
Ту ба як пурсиш диламро гарм кардӣ, оқибат,
Ман дуъо гӯям Худоро, хонаободат кунад.
Ман чӣ гӯям эй азиз, ошно гӯям туро,
Ошноиӣ ошноҳо, аз ғам озодат кунад.
Заррае гар ёди ман дар он дили гарми ту буд,
Меҳрубони хонаи дил, Меҳрубон ёдат кунад.
Ту маро гар дӯст медорӣ, дуъо гӯям ба Дӯст,
Дар ду дунё дӯсти ман, Дӯст фарёдат кунад.
Эй, ки лафзи дӯстӣ дорӣ, муборак бошадат,
Зикри номи хеш Худоям, хати авроқат кунад.

Дӯст, аз пурсоният шодам, Худо шодат кунад, - 972201905124

Комментарии