Дареғо, он маҳи ноёб ҷудо гардид зи мо имшаб;Кунун бе моҳи худ гардидаам бе дасту по имшаб.Намедонам зи чӣ ранҷур гашта ёри мо аз мо,Чӣ сон гӯям, азизон, дарди дил пеши Худо имшаб.Маро чун шамъ месӯзонадам он маҳлиқо то рӯз,Аз ин сӯзиш намедонам гурезам то куҷо имшаб.Ҷафо созад азизи ман ба ҷони ман тамоми умр,Ба дарди ман ба ғайри ӯ намебошад Сино имшаб.Аё эй чорасози ман, биё, дарди Юсуфро пурс,Ба ғайри ту намебошад ба дарди ман даво имшаб.
мир любовь
Давои дарди ишқи ман
Дареғо, он маҳи ноёб ҷудо гардид зи мо имшаб;
Кунун бе моҳи худ гардидаам бе дасту по имшаб.
Намедонам зи чӣ ранҷур гашта ёри мо аз мо,
Чӣ сон гӯям, азизон, дарди дил пеши Худо имшаб.
Маро чун шамъ месӯзонадам он маҳлиқо то рӯз,
Аз ин сӯзиш намедонам гурезам то куҷо имшаб.
Ҷафо созад азизи ман ба ҷони ман тамоми умр,
Ба дарди ман ба ғайри ӯ намебошад Сино имшаб.
Аё эй чорасози ман, биё, дарди Юсуфро пурс,
Ба ғайри ту намебошад ба дарди ман даво имшаб.