Гиряҳоӣ шаби тору саҳари мегузарад,

Чун нишоте бирасад навҳагари мегузарад.
Зиндагӣ бо аламу шикваю дарду ғаму сӯз,
Ҳамчу афсонаӣ девону пари мегузарад.
Умри мо тугма надорад,ки таваққуф бикунем,
Умри мо аз сари мо бехабари мегузарад.
Оҳу афсӯс ҷавонии ғарибафтода,
Дур аз ҳавлию хони падари мегузарад.
Fам,ки ояд сухани ғамзадагон талх шавад,
Сӯҳбати беғамиҳоӣ шакари мегузарад.
Гиря бинмудиву тар карди ду чашмони сарат,
Fам махур аз сари ту дидатари мегузарад.
Ҳама дам бош ба уммеди Худо Маҳкампур,
Мерави сӯйи Ватан дарбадари мегузарад.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии