Чанд рӯзе дар талоши нон будан зиндагист,

Чанд рӯзе хаставу сарсон будан зиндагист.
Шодӣ бинмудан зи ҳар як додаӣ Парвардигор,
Ғусса хӯрданҳову пурармон будан зиндагист.
Сарбаландӣ кардану аз худ бирафтан лаҳзае,
Сархамиву бесару сомон будан зиндагист.
Бетараф ҳаргиз набудан аз шикастанҳои дил,
Бар дили соҳибдилон дармон будан зиндагист.
Бо ҳазорон орзӯ бедор гардидан зи хоб,
Гоҳ бигристан гаҳе хандон будан зиндагист.
Ногаҳон андар масири зиндагӣ бо тӯҳмате,
Бегуноҳ дар гӯшаи зиндон будан зиндагист.
Дар Кӯҳистон хаставу афтода гардидан зи ғам,
Дар Дубай ё ин-ки Ҳиндустон будан зиндагист.
Ҷовидонӣ нест ҳаргиз давлату моли ҷаҳон,
Чанд рӯзе соҳиби имкон будан зиндагист.
Меравӣ аз ин ҷаҳон бо дарду ғам Маҳкампурӣ,
Хоксору беҳтарин инсон будан зиндагист.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

Комментариев нет.