29 янв 2020

ПАДАРАМ ДУРӮҒГӮ БУД...

Медонед чаро?
Вақте аз кор ба хона меомад, мепурсидам:
- Падарҷон, хаста ҳастӣ?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар...
Вақте медидам ба фикр фурӯ рафтааст, мепурсидам:
- Падарҷон, мушкилӣ дорӣ?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар...
Вақте сари дастархон меваро ба ман медод, мегуфтам:
- Ту намехоҳӣ?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар...
Вақте бозор мерафтем, бори сангинро мегирифт, мепурсидам:
- Падарҷон, бароят сангин нест?
Мегуфт:
- Не, ҷони падар...
Вақте иде мешуд барои мо либоси нав мехарид, вале худаш либоси кӯҳнаи худро мепӯшид, мепурсидам:
- Падар, чаро барои худат либоси нав намехарӣ?
Мегуфт:
- Дӯст намедорам, ҷони падар...
Рӯзҳову солҳо гузашт бузург шудам, пухта шудам. Якбора фаҳмидам, ки падарам дурӯғ мегуфт.Хаста мешуд, мушкилӣ дошт, мариз буд,борҳои зиндагӣ сангин буд, ғизои хубро дӯст медошт, истироҳатро дӯст медошт, аммо...
Ба хотири мо дурӯғ мегуфт, ки хуш бошем.
Ба хотири мо нахӯрд напӯшид.
Ба хотири мо на гармо гуфт, на сармо шабу рӯз кор кард, то мо гурусна намонем.
Ба хотири мо муҳоҷир шуд, то аз дигарон қафо набошем...
Ба хотири мо ба ҳама сахтиҳои зиндагӣ тоб овард.
Ба хотири мо мӯйҳои сараш сафед гашт, пир шуд.
Аммо мо бар ивази ин ҳама чӣ кардем...!?
Чӣ???
Сад афсӯс...!!! Чизе накардем!!!

Комментарии