___Мурдам ман аз ин ғусса, ки ғамхори кӣ будӣ?___Аз ҷоми кӣ май хурдӣ, ки мастӣ кунӣ индам,___Бо чашми сияҳ наргиси бедори кӣ будӣ?___То субҳ нахуфта назари роҳи ту кардам,___Ту шамъи шабистони шаби тори кӣ будӣ?___Бо лаъли шакарбор будӣ ҳамсухани кӣ?___Бо ҳусни Худодод ҷигархори кӣ будӣ?___Бозуи худ аз гардани кӣ карди ҳамоил?___Эй бахти ҷавон, давлати бедори кӣ будӣ?___Боди саҳарӣ атри ту овард ба ман ҳам,___Гулбӯсифато, ғунчаи гулзори кӣ будӣ?___Мӯҳтоҷи нигоҳат шуду афтод Манижа,___Аммо ту айёдатгари бемори кӣ будӣ?МАНИЖА.
ДИЛИ ЗАХМИН 💔 ЛЮБОВЬ И БОЛЬ. 💔💔💔
:ФОСИЛАҲО ХЕЛЕ ДУРАНД....
___Эй ёр, ту шаб ҳамдаму ғамхори кӣ будӣ?
___Мурдам ман аз ин ғусса, ки ғамхори кӣ будӣ?
___Аз ҷоми кӣ май хурдӣ, ки мастӣ кунӣ индам,
___Бо чашми сияҳ наргиси бедори кӣ будӣ?
___То субҳ нахуфта назари роҳи ту кардам,
___Ту шамъи шабистони шаби тори кӣ будӣ?
___Бо лаъли шакарбор будӣ ҳамсухани кӣ?
___Бо ҳусни Худодод ҷигархори кӣ будӣ?
___Бозуи худ аз гардани кӣ карди ҳамоил?
___Эй бахти ҷавон, давлати бедори кӣ будӣ?
___Боди саҳарӣ атри ту овард ба ман ҳам,
___Гулбӯсифато, ғунчаи гулзори кӣ будӣ?
___Мӯҳтоҷи нигоҳат шуду афтод Манижа,
___Аммо ту айёдатгари бемори кӣ будӣ?
МАНИЖА.