12 дек 2023

АЛЛОҲ ё ХУДОВАНД

Мехоҳем дар мавриди се истилоҳ ё вожаи муҳим барои бинандаи закии хеш маълумот диҳем. Чаро бинандаи закӣ? Чунки бинандаи беодоб ва бетарбияе, ки бидуни дарки масъала дар шарҳ дашному таҳқир мекорад, дар саҳифаи мо ҷой надорад... Метавонад ба саҳифаҳои блогерони беодоби "паданалатски" (ин сухани мо нест🙂), ки бе таҳқиру дашном сухан намегӯянд, даромада чӣ қадр метавонад андешаҳои палиду касифашро он ҷойҳо корад... Хулоса...
ХУДО(Й), ХУДОВАНД: Нахуст дар бораи вожаи ХУДО ист мекунем. Вожаи худо чи гунае ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҷойгузини вожаи динии Аллоҳ шудааст ё мафҳуми маъбуд ва офаридгорро ифода мекунад, нахуст дигар мафҳумро ифода мекардааст, ки фаровонии истифодаи ин вожаро мо дар осори асрҳои 9-10 ва 11 мушоҳида мекунем. Вобаста ба этимологияи ин вожа зикри воқеаеро муҳим медонем, ки ҳангоми донишҷӯйӣ ба мо рух дода буд. Вақте муаллими забони тоҷикӣ вожаи худоро шарҳ медод, этимологияи онро ба ХУД - О рабт медод. Яъне, худ омадааст. Албатта, то андозае ҳақ ба ҷониби муаллим буд! Чунки ин яке аз вариантҳое буд, ки муаллифи "Ғиёсу-л-луғот" оварда буд. Мо аз муаллим суол кардем, ки аз "Хватайномак" ё "Худойнома" огаҳӣ доранд, ки пастар ба "Шоҳнома" табдили ном кард? Оё "Этимологияи 100 калима"-и Ҷӯраевро хондаанд?... Ҳамин тавр, баҳси мо ба он анҷомид, ки муаллим аз мо қасд гирифт ва ҳангоми имтиҳон ба мо баҳои "4" гузошт...🤔🤔🤔
Вожаи ХУДО, ки имрӯз мо ба ҷойи вожаи Аллоҳ ба кор мебарем, қаблан дар забони паҳлавӣ мафҳуми шоҳ, соҳибро ифода мекард.
ХУДО ➡️ ХУДОЙ ➡️ ХВАДАЙ ➡️ ХВАТАЙ
Бо мафҳуми соҳиб ҳоло ҳам дар баъзе аз гӯйишҳои лаҳҷаи ҷануби Тоҷикистон ба гунаи ХОВАНД ва дар таркиби БЕХОВАНДИ БЕСОҲИБ (бештар) ба кор меравад.
Гунаи дигари ин вожа ХИДЕВ аст, ки дар адабиёти классики мо бештар ба маънии соҳиб, монанди ХИДЕВАНДИ КӮЛОҲ (мансаб, вазифа ё мақомдор) ба кор меравад.
Гунаи дигари ин вожа ХУДОВАНД аст, ки пасванди - ванд маънои соҳибият ва нисбатро медиҳад. Муаллифи "Ғиёсу-л-луғот" дар мавриди ин вожаҳо менависад, ки истифодаи ин вожаҳо ба ҷойи вожаи Аллоҳ бидуни ибораҳои тамҷидии ТАОЛО, СУБҲОНАҲУ ВА ТАОЛО, ҶАЛЛА ҶАЛОЛУҲУ ва ғайра тарки адаб аст...
Чаро бо фатҳи араб ва омадани ислом вожаи ХУДО (соҳиб, шоҳ) ҷойгузини вожаи Аллоҳ гардид, на вожагони ЯЗД(ОН)➡️ ЭЗИД➡️ЭЗАД, АҲУРО, АҲУРОМАЗДО, КИРДГОР, ПАРВАРДГОР ва ғайра???
Бо омадани дини ислом забони паҳлавӣ, ки забони расмии империяи Сосониён ва мардуми Эрон буд аз байн меравад ва забони форсӣ рӯйи кор меояд (наворро ин ҷо бинед 👉👉👉 https://youtu.be/a1WIC6Vg2bU?si=svrS3G97o_omso1M )... Ба хотире ки шарҳу тафсирҳои АВЕСТО ба забони паҳлавӣ буданд, ба монанди "Занд"-у "Позанд". Инчунин, забони динӣ низ маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, вожагони дини зартуштӣ низ ё бо вожагони исломӣ иваз ё вожагони наве сохта мешуданд. Ҳарчанд баъзе вожагони динӣ айнан бо каме тағйироти талаффузӣ, монанди дӯж(з)ах, дин, биҳишт, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
ПУЛИ ЧИНВОД ↔️ ПУЛИ СИРОТ
Аз ин рӯ, вожагони АҲУРАМАЗДО ва ЯЗД(ОН) аз истифода мебароянд... Ҳарчанд аз вожаи ЯЗД пастар вожаи ЭЗИ(А)Д-ро сохтаанд, аммо то замони мо ба кулли аз истифода хориҷ шудааст.
ЯЗД мафҳуми улуҳиятро ифода карда, дар забони авастоӣ ЯЗАТА ва дар паҳлавӣ ЯЗТ ё ЯЗД аст ва маънои "шоистаи парастиш ва ситоиш"-ро медиҳад. Яздон бошад шакли ҷамъи он аст. Истифодаи ин вожаи дар ду асар - "Тарҷумаи Тафсири Табарӣ" ва "Самаки айёр", ки бо фосилаи замонӣ ва жанр аз ҳам тафовут доранд, қобили таваҷҷуҳ аст. Масалан, дар "Тарҷумаи Тафсири Табарӣ" вожаи Яздон истифода нагардида, танҳо маротибае Эзид бо вожаи тамҷидии ТАОЛО ба кор рафтааст. Истифодаи вожаи ЯЗДОН дар "Самаки айёр" мавқеи меҳварӣ дорад...
Аҳурамаздо худои зартуштиён буда, яздон ишораи ба ҷамъи худоёну фариштагон буд. Ба хотири худдори кардан аз таблиғи дини зартуштӣ аз истифодаи ин вожаҳо худдоро мекарданд. Ҳарчанд истифодаи вожаи Аҳурамаздо дар осори адабиёти классики мо низ ба мушоҳида мерасад.
Вожаи ХУДО(ВАНД) то асрҳои 12-13 соҳибиятро ифода мекард, ки оҳиста-оҳиста мавқеи худро ба влжаи АЛЛОҲ медиҳад.
Ҳоло вожаи Худо ба пуррагӣ маънои маъбудро ифода карда, бештар хусусияти гуфтугӯйӣ дорад ва гунаи дигари ин вожа ХУДОВАНД хусусичти расмӣ (бештар дар мавъизаи руҳониён) касб кардааст...
АЛЛОҲ: То зуҳури дини ислом вожагони илоҳ ва илоҳа ё олиҳа, ки яке дар ҷинси мардона ва дигаре дар ҷинси занона аст мавриди истифода қарор мегирифт. Чунки худоёни замони ҷоҳилияти араб зиёди андар зиёд буданд. Берунӣ қиссаи аз хурмо худо (манзур бут аст) сохтани арабро ва ҳангомт қаҳтию гуруснагӣ хӯрдани худояшонро ба маврид меорад...
Хулоса, Ислом ба илоҳ артикли муайянии -ал- ҳамроҳ карда онро муайян ва мавқеи яктогиро ба он медиҳад, ки АЛЛОҲ аст...
ШУМО ДАР ГУФТУГӮЙИ РӮЗМАРРААТОН ВОЖАИ АЛЛОҲРО БЕШТАР ИСТИФОДА МЕБАРЕД Ё ХУДОРО?

АЛЛОҲ Ё ХУДОВАНД
Участников 2. Результаты после участия
АЛЛОҲ
ХУДОВАНД

Комментарии

Комментариев нет.