ҳам дӯстони мо бидонанд, ҳам душманони мо бидонанд ва ҳам худи миллати Эрон бидонанд, ки медонанд, ин аст, ки миллати Эрон дар ҳеҷ майдоне ба сурати тарафи заиф зоҳир нахоҳад шуд. Чун мо ҳамаи абзорҳои лозимро дорем; ҳам мантиқ дорем ва ҳам неру дорем. Мо ҳам дар майдони дипломатӣ, ҳам дар майдони низомӣ, иншоаллоҳ, ба тавфиқи илоҳӣ, ҳар вақт ворид бишавем, бо дасти пур ворид хоҳем шуд. Албатта, ҷанг задан ва хӯрдан дорад; маълум аст. Дар ҷанг, ҳам задан ҳаст, ҳам хӯрдан ҳаст; намешавад таваққуъ дошт, ки дар ҷанг ҳодисае пеш наёяд, валекин дастмон, биҳамдиллоҳ, пур аст; ҳам дар заминаи дипломатӣ дастамон пур аст, ҳам дар заминаи низомӣ ба тавфиқи илоҳӣ.Албатта, дар ин қазияи муҳиме, ки пеш омад, дар ин ҳодисаи ахир, мо аз ҷанг истиқбол накардем; инро ҳама бидонанд. Бале, мо режими саҳюнистиро саратон медонем, режими Амрикоро ҳам ба хотири пуштибонӣ аз ӯ, ҷинояткор медонем, аммо мо аз ҷанг истиқбол накардем, мо ба пешвози ҷанг нарафтем, вале вақте душман ҳамла кард, посухи мо кӯбанда буд. Инро, бояд ҳама тавваҷуҳ дошта бошанд, бидонанд, чун ин матлаби мусалламе аст, ки душман мехоҳад дар ин ташкик кунад. Мо дар ҷанг маҳкам ворид шудем; далелаш ҳам ин аст, яъне далели возеҳаш ин аст, ки режими саҳюнистӣ, ки тарафи муқобили ҷанг буд, маҷбур шуд ба Амрико мутавассил бишавад. Агар хам нашуда буд, агар ба замин начаспида буд, агар эҳтиёҷ надошт, агар қодир буд аз худаш дифоъ кунад, ин гуна ба Амрико мутавассил намешуд. Ба Амрико мутавассил шуд; яъне дид аз уҳдаи Ҷумҳурии Исломӣ барнамеояд. Албатта, ин марбут ба режими саҳюнистӣ аст, дар мавриди Амрико ҳам ҳамин тавр; Амрико, ҳам ки ҳамла кард, зарбаи мутақобили мо ба Амрико зарбаи хеле ҳассосе буд; ҳоло, иншоаллоҳ, миқдоре мегузарад, чанд моҳ ё чанд сол [баъд], сензураҳо бартараф мешавад, баъд маълум мешавад, ки Эрон чи кор карда. Он марказе, ки мавриди таҳоҷуми Эрон қарор гирифт, маркази фавқулодда ҳассоси Амрико дар ин минтақа буд. Зарба зарбаи бузурге буд, албатта, аз ин бузургтар ҳам метавон зарба ба Амрико ва ба дигарон ворид кард; иншоаллоҳ. Хуб, ин ҳоло марбут ба амалиёт ва ба ин чизҳо буд.Бахше аз суханони имом Хоманаӣ дар дидор бо масъулони қувваи қазоияи ҶИЭ25/04/1404 ҳ.ш. - 16/07/2025
Чӣ хабар?
Банда арз мекунам, он чи ҳоло ҳама бояд бидонанд;
ҳам дӯстони мо бидонанд, ҳам душманони мо бидонанд ва ҳам худи миллати Эрон бидонанд, ки медонанд, ин аст, ки миллати Эрон дар ҳеҷ майдоне ба сурати тарафи заиф зоҳир нахоҳад шуд. Чун мо ҳамаи абзорҳои лозимро дорем; ҳам мантиқ дорем ва ҳам неру дорем. Мо ҳам дар майдони дипломатӣ, ҳам дар майдони низомӣ, иншоаллоҳ, ба тавфиқи илоҳӣ, ҳар вақт ворид бишавем, бо дасти пур ворид хоҳем шуд. Албатта, ҷанг задан ва хӯрдан дорад; маълум аст. Дар ҷанг, ҳам задан ҳаст, ҳам хӯрдан ҳаст; намешавад таваққуъ дошт, ки дар ҷанг ҳодисае пеш наёяд, валекин дастмон, биҳамдиллоҳ, пур аст; ҳам дар заминаи дипломатӣ дастамон пур аст, ҳам дар заминаи низомӣ ба тавфиқи илоҳӣ.
Албатта, дар ин қазияи муҳиме, ки пеш омад, дар ин ҳодисаи ахир, мо аз ҷанг истиқбол накардем; инро ҳама бидонанд. Бале, мо режими саҳюнистиро саратон медонем, режими Амрикоро ҳам ба хотири пуштибонӣ аз ӯ, ҷинояткор медонем, аммо мо аз ҷанг истиқбол накардем, мо ба пешвози ҷанг нарафтем, вале вақте душман ҳамла кард, посухи мо кӯбанда буд. Инро, бояд ҳама тавваҷуҳ дошта бошанд, бидонанд, чун ин матлаби мусалламе аст, ки душман мехоҳад дар ин ташкик кунад. Мо дар ҷанг маҳкам ворид шудем; далелаш ҳам ин аст, яъне далели возеҳаш ин аст, ки режими саҳюнистӣ, ки тарафи муқобили ҷанг буд, маҷбур шуд ба Амрико мутавассил бишавад. Агар хам нашуда буд, агар ба замин начаспида буд, агар эҳтиёҷ надошт, агар қодир буд аз худаш дифоъ кунад, ин гуна ба Амрико мутавассил намешуд. Ба Амрико мутавассил шуд; яъне дид аз уҳдаи Ҷумҳурии Исломӣ барнамеояд. Албатта, ин марбут ба режими саҳюнистӣ аст, дар мавриди Амрико ҳам ҳамин тавр; Амрико, ҳам ки ҳамла кард, зарбаи мутақобили мо ба Амрико зарбаи хеле ҳассосе буд; ҳоло, иншоаллоҳ, миқдоре мегузарад, чанд моҳ ё чанд сол [баъд], сензураҳо бартараф мешавад, баъд маълум мешавад, ки Эрон чи кор карда. Он марказе, ки мавриди таҳоҷуми Эрон қарор гирифт, маркази фавқулодда ҳассоси Амрико дар ин минтақа буд. Зарба зарбаи бузурге буд, албатта, аз ин бузургтар ҳам метавон зарба ба Амрико ва ба дигарон ворид кард; иншоаллоҳ. Хуб, ин ҳоло марбут ба амалиёт ва ба ин чизҳо буд.
Бахше аз суханони имом Хоманаӣ дар дидор бо масъулони қувваи қазоияи ҶИЭ
25/04/1404 ҳ.ш. - 16/07/2025