БОЗГАШТ АЗ ВАТАН

Боз рафтам зи Ватан,
Боз ҳам дур шудам аз бағали Модарҷон,
Аз канори Падари пир бирафтам нигарон.
Ай Худо!
Ин ду амонат, ки ба ту биспурдам,
Илтиҷо мекунамат,
То гаҳи омаданам дор амон.
Боз рафтам ба диёри ғурбат,
Ба ҳамон шаҳр, ки аз ишқ надорад хабаре,
Ба ҳамон шаҳр, ки аз ишқ надорад асаре,
Лек ман ошиқашам,
Ишқи ман бештар оҳанги ташаккур дорад,
Маънияш миннату шукр асту сипос,
Чунки ман бандаи ношукр наям,
Ризқҷӯяндаи ношукр наям.
Як Худо медонад,
Ки агар баргардам,
Мӯсафеде, ки ба ман вақти сафар фотиҳа дод,
Боз ҳам чеҳраи пурнури варо мебинам?
Як Худо медонад,
Ки агар баргардам,
Боз кампири сари маъракаро,
Ки зи дунболаи ман ашк бирехт,
Дар ҳамон суфача машғули дуо мебинам?
Боз ҳам рахти сафар барбастам,
Ҳеч кас ғайри Худованд надонад ҳаргиз,
Бозгаштам ба Ватан кай бошад?
Бозгаштам ба Ватан чун бошад?
Ки худам меоям,
Ё маро меоранд?...

БОЗГАШТ АЗ ВАТАН - 965908086368

Комментарии

  • 29 июн 04:32
    Аллох Нигахбон боша гарибора
  • 2 июл 19:39
    Парвардигоро гарибону мусофиронро нигах дор ва сихату саломат ба назди падару модарашон ва хамсару фарзандонашон баргардон.. омин