🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹

Аз диёри Рӯдакиям, аз Кӯҳистон, тоҷикам,
Аз дили Панҷекати зебои бостон,тоҷикам.
Аз Хӯҷанду Истаравшан ё,ки Масчоҳи кӯҳӣ,
Аз деҳи Понғозу, аз Ашту Шаҳидон,тоҷикам.
Гар, зи Деваштич ё аз деҳаи
Басмандаам,
Росровутиву ҳам, аз деҳи Далён, тоҷикам.
Конибодоми манам, ё зодгоҳам
Исфара,
Гар зи Айнӣ дон-ки манҳам, аз Зарафшон,тоҷикам.
Гарчи Шаҳристониям,аммо маконам деҳа аст,
Дар бари кӯҳу камар чун марди деҳқон,тоҷикам.
Ваҳдатиям,Норакӣ Шуғнонӣ ё
Рӯшониям,
Бо Ҳисори шодмону Вахшу Хатлон,тоҷикам.
Аз Душанбе ё зи Кӯлобу ва ё инки,зи Рашт,
Ванҷиям, Дарвозиям ё аз Бадахшон, тоҷикам.
Дар Ҳирот ё дар Самарқанду Бухорои Шариф,
Ё ки аз ҳар қисмати дар хоки Афғон,тоҷикам.
Соҳиби Шаҳномаи Фирдавсии боломақом,
Аз табори Рустами номии Дастон тоҷикам.
Доимо дорам ҷасорат пайрави Салмони Форс,
Ориёӣ ҳастаму,бо оли Сомон,тоҷикам.
Мекунам шукронаи ваҳдат,ки дар оромишам,
Бо фараҳмандиву,бо оромиши ҷон, тоҷикам.
Беватан тоҷик,кӣ мегӯяд туро Маҳкампурӣ,
Ҳар куҷое меравам бо Тоҷикистон,тоҷикам.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.

🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹 - 965907967584

Комментарии