30 апр 2023

Асир гирифтани ноболиғ дар Ашт барои баргардондани бародаронаш

Як ноболиғ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт ба ҳайси асир нигоҳдорӣ мешавад.
Гуфта мешавад ноболиғ барои баргардонидани ду бародараш аз Русия асир гирифта шудааст.
Манбаъи “Паём”, мегӯяд падар ва ду бародари ин хонандаи синфи 10 дар Русия қарор доранд ва бо асир гирифтани ӯ мақомот мехоҳанд бародаронаш баргашта дар сафи артиш хизмат кунанд.
Манбаъ гуфт натавониста ному насаби наврасро муайян кунад, аммо “аз лаҳҷааш маълум, ки аз ҷамоати Понғоз аст”.
Асир гирифтани аъзои хонавода барои баргардонидани ҷавонон аз Русия дар ноҳияи Ашт бори аввал нест, ки иттифоқ меафтад. Қаблан ҳам мақомот бо асиргирии падар ва ҳатто модари ҷанд ҷавон ё муваффақ ба баргардонидани фарзандони онҳо аз Русия ва ё гирифтани ришваҳои калон шудаанд. https://tajikpress.com/2023/04/30/%d0%b0%d1%81%d0%b8%d1%80-%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d1%84%d1%82%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d0%bd%d0%be%d0%b1%d0%be%d0%bb%d0%b8%d2%93-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b0%d1%88%d1%82-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b1/

Асир гирифтани ноболиғ дар Ашт барои баргардондани бародаронаш - 939804312510

Комментарии

Комментариев нет.