21 мая

Мотами оммавии чоряки мардуми ҷаҳон

Дар пайи шаҳодати раисҷумуҳри Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар ҳодисаи суқути чархбол, шуморе аз кишварҳои ҷаҳон мотами оммавӣ эълом карданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар пайи шаҳодати раисҷумуҳри Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар ҳодисаи суқути чархбол, шуморе аз кишварҳои ҷаҳон мотами оммавӣ эълом карданд.
Аҳолие, ки дар 8 кишвар барои онҳо мотами оммавӣ эълон шудааст, як миллиарду 800 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин аҳолӣ ба 23% – чоряки шумораи умумии аҳолии ҷаҳон баробар аст.
Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки ҷиҳати ҳамдардии миллати тоҷик бо миллати Эрон 2 рӯз мотами оммавӣ дар кишвар эълом кард.
Ҷумҳурии Исломии Эрон 5 рӯз
Кишвари Сурия 3 рӯз
Кишвари Лубнон 3 рӯз
Тоҷикистон 2 рӯз
Кишвари Ироқ 1 рӯз
Кишвари Ҳиндустон 1 рӯз
Кишвари Туркия 1 рӯз
Кишвари Покистон ҳам 1 рӯз
Аъзои Шӯрои амнияти СММ ҳам рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар ибтидои нишасти худ як дақиқа ба эҳтироми шаҳодати раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ сукут карданд. https://tajikpress.com/2024/05/21/%d0%bc%d0%be%d1%82%d0%b0%d0%bc%d0%b8-%d0%be%d0%bc%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%87%d0%be%d1%80%d1%8f%d0%ba%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d1%83%d0%bc%d0%b8-%d2%b7%d0%b0/

Комментарии

Комментариев нет.