11 ноя 2024

Эрониҳо кортҳои бонкии худро дар Русия метавонанд истифода кунанд

Шабакаи бонкии Русия маъруф ба “Мир” имрӯз душанбе дар маросиме бо ҳузури Муҳаммадризо Фарзин, раиси кулли бонки марказӣ Эрон ба шабакаи бонкии ин кишвар (Шитоб) пайваст шуд то кортҳои бонкии эрониён аз ин пас дар бонкҳои Русия қобил истифода бошад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, бо пайвасти шабакаи Мири Русия ба Шитоби Эрон, аз ин пас ҳар эронӣ метавонад маблағи риёлии худро аз кортҳои эронӣ ба сурати рубли Русия аз бонкамадҳо дар ин кишвар дарёфт кунад.
Русҳо ё афроде, ки дар Русия кортҳои бонкии ин кишварро дарёфт кардаанд, метавонанд дар марҳилаи дувуми ин лоиҳа, аз ин имкон дар Эрон баҳраманд шаванд.
Тибқи тавофуқоти бонкии ду кишвар, қарор аст дар марҳилаи сеюм, кортҳои Шитоби Эрон дар пазирандаҳои фурӯшгоҳии Русия қобили истифода шавад то эрониҳо дар сафар ба ин кишвар битавонанд аз фурӯшгоҳҳои ин кишвар бо кортҳои бонкии Эрон харид кунанд. https://tajikpress.com/2024/11/11/%d0%ba%d0%be%d1%80%d1%82%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b1%d0%be%d0%bd%d0%ba%d0%b8%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd%d1%80%d0%be-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%bc%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%b2/

Эрониҳо кортҳои бонкии худро дар Русия метавонанд истифода кунанд - 965118614718
Эрониҳо кортҳои бонкии худро дар Русия метавонанд истифода кунанд - 965118615742

Комментарии

Комментариев нет.