12 ноя 2024

Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз вазири сармоягузории Арабистон

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо вазири сармоягузории Арабистон пешниҳод кард, ки сандуқи муштараки сармоягузорӣ таъсис шуда ва миёни ду кишвар парвози мустақим роҳандозӣ гардад.
Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Холид Ал-Фолиҳ, вазири сармоягузории Арабистон пешниҳод кард, ки сандуқи муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистон таъсис шуда, миёни Душанбе ва Риёз парвози мустақим роҳандозӣ гардад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёз бо Холид Ал-Фолиҳ, вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ мулоқот кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кард, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкори ду кишвар мебошад.
Дар ин замина баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Сандуқи муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор дониста шуд. https://tajikpress.com/2024/11/12/%d0%b4%d0%b0%d1%80%d1%85%d0%be%d1%81%d1%82%d0%b8-%d1%8d%d0%bc%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d0%b7-%d0%b2%d0%b0%d0%b7%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%80/

Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз вазири сармоягузории Арабистон - 965136667838

Комментарии

Комментариев нет.