Бо вуҷуди суқути давлати Башор Асад дар Сурия, гурӯҳҳои мусаллаҳи Таҳрир-уш-шом бо чолишҳои ҷиддӣ аз ҷониби Туркия, Русия ва Исроил мувоҷеҳанд.Гурӯҳҳои террористии ҳоким бар Сурия дар ояндаи қарибулвуқуъ бо чолишҳои умдае дар заминаи наҳваи мудирияти муносиботи дохилӣ ва байналмилалии худ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.Ҳаводиси аҷиб дар Сурия ва суқути низоми Башор Асад ба андозае сареъ анҷом гирифт, ки ҳеҷ кас тасаввури онро намекард. Ин мавзуъ агарчи дар он замон фурсати тафаккури бештарро аз мухотабон ва афкори умумӣ гирифт, аммо имрӯз террористҳо бояд тафаккур кунанд, ки дар оянда чӣ иттифоқе хоҳад афтод ва таҳаввулоти Сурия чӣ таъсире дар авзои ҷаҳони араб ва мувозинаҳои қудрат дар минтақа хоҳад дошт.Ҳокимияти Сурия дар ҳоли ҳозир бо чолишҳои умдае мувоҷеҳ аст, ки муҳимтарини онҳо шакли низоми сиёсӣ аст, ки бояд боиси эҷоди субот дар Сурия шавад. Моҳияти раҳбарони ин кишвари арабӣ, ки таъсири фавқулодае дар марҳалаи оянда хоҳад дошт низ муҳим арзёбӣ мешавад.Эҳтимоли ҷанги дохилӣҶараёнҳои мусаллаҳ, ки алайҳи давлати Башор Асад силоҳ дар даст гирифтанд ва дар ниҳоят боиси суқути вай шуданд, зиёд ҳастанд ва нуқтаи муштараки онҳо мухолифат бо давлати Башор Асад буд, аммо ҳоло, ки давлати Асад суқут карда, эҳтимолан таноқузҳои идеологиӣ ва сиёсӣ ва фирқаӣ байни ин гурӯҳҳо рафта-рафта барҷастатар мешавад ва баид аст онҳо ба рӯйкарди муштараке барои наҳваи мудирияти давлат ва умури ҳокимият даст пайдо кунанд ё битавонанд Сурияи ҷадидро аз чолишҳое, ки дар абъоди дохилӣ ва байналмилалӣ бо он мувоҷеҳ аст, наҷот диҳанд. https://tajikpress.com/2024/12/16/%d1%87%d0%be%d0%bb%d0%b8%d1%88%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d0%b8-%d1%80%d3%af-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b3%d1%83%d1%80%d3%af%d2%b3%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%81%d0%b0%d0%bb/
tajikpress
Чолишҳои пеши рӯ барои гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҳокимияти Сурия
Бо вуҷуди суқути давлати Башор Асад дар Сурия, гурӯҳҳои мусаллаҳи Таҳрир-уш-шом бо чолишҳои ҷиддӣ аз ҷониби Туркия, Русия ва Исроил мувоҷеҳанд.
Гурӯҳҳои террористии ҳоким бар Сурия дар ояндаи қарибулвуқуъ бо чолишҳои умдае дар заминаи наҳваи мудирияти муносиботи дохилӣ ва байналмилалии худ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Ҳаводиси аҷиб дар Сурия ва суқути низоми Башор Асад ба андозае сареъ анҷом гирифт, ки ҳеҷ кас тасаввури онро намекард. Ин мавзуъ агарчи дар он замон фурсати тафаккури бештарро аз мухотабон ва афкори умумӣ гирифт, аммо имрӯз террористҳо бояд тафаккур кунанд, ки дар оянда чӣ иттифоқе хоҳад афтод ва таҳаввулоти Сурия чӣ таъсире дар авзои ҷаҳони араб ва мувозинаҳои қудрат дар минтақа хоҳад дошт.
Ҳокимияти Сурия дар ҳоли ҳозир бо чолишҳои умдае мувоҷеҳ аст, ки муҳимтарини онҳо шакли низоми сиёсӣ аст, ки бояд боиси эҷоди субот дар Сурия шавад. Моҳияти раҳбарони ин кишвари арабӣ, ки таъсири фавқулодае дар марҳалаи оянда хоҳад дошт низ муҳим арзёбӣ мешавад.
Эҳтимоли ҷанги дохилӣ
Ҷараёнҳои мусаллаҳ, ки алайҳи давлати Башор Асад силоҳ дар даст гирифтанд ва дар ниҳоят боиси суқути вай шуданд, зиёд ҳастанд ва нуқтаи муштараки онҳо мухолифат бо давлати Башор Асад буд, аммо ҳоло, ки давлати Асад суқут карда, эҳтимолан таноқузҳои идеологиӣ ва сиёсӣ ва фирқаӣ байни ин гурӯҳҳо рафта-рафта барҷастатар мешавад ва баид аст онҳо ба рӯйкарди муштараке барои наҳваи мудирияти давлат ва умури ҳокимият даст пайдо кунанд ё битавонанд Сурияи ҷадидро аз чолишҳое, ки дар абъоди дохилӣ ва байналмилалӣ бо он мувоҷеҳ аст, наҷот диҳанд. https://tajikpress.com/2024/12/16/%d1%87%d0%be%d0%bb%d0%b8%d1%88%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d0%b8-%d1%80%d3%af-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b3%d1%83%d1%80%d3%af%d2%b3%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%81%d0%b0%d0%bb/