Ал-Маъмадонӣ дар хун: Ҷинояти нави режими саҳюнистӣ ва сукути ҷаҳонӣ

Ҳамлаи ҳавоии ахири режими ишғолгари саҳюнистӣ ба бемористони Ал-Маъмадонӣ дар шаҳри Ғазза, ки яке аз охирин марказҳои фаъол дар низоми тандурустии ин минтақа ба шумор мерафт, бори дигар чеҳраи воқеии ин режимро ба ҷаҳониён нишон дод. Ин ҳамла, ки бо чанд мушак сурат гирифт ва қисматҳои қабул ва ёрии таъҷилиро ҳадаф қарор дод, сабаби парокандагии беморон ва маҷрӯҳон дар шароити фавқулфоҷеа шуд.
Дар лаҳзаи ҳамла садҳо бемор, кормандони тиббӣ ва аъзои хонаводаҳояшон дар ин бемористон ҳузур доштанд. Ҳукумати Фаластин ва даҳҳо ниҳоди ҳуқуқи инсон ин ҳамларо ҷинояти ҷангӣ донистанд ва вокунишҳои густардае аз гурӯҳҳои муқовимати Фаластинӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва озодандешони ҷаҳон дар пай дошт.
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Ҳамос бо баёнияе ин ҳамларо идомаи равиши муназзами “насликушӣ” унвон кард. Ба гуфтаи ин ҷунбиш, режими саҳюнистӣ бо пуштибонии мустақими Иёлоти Муттаҳида ба ҷиноятҳои худ идома медиҳад, дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамошогар табдил шудааст. Ба эътиқоди Ҳамос, набуди иқдоми муассир аз сӯи ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва додгоҳӣ, ба ин ваҳшониятҳо сабз додааст.
Ин ҷунбиш ҳамчунин аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ хост то бо фишорҳои сиёсӣ ва иқдомҳои мардумӣ дар баробари ин фоҷеа посухи сазовор диҳанд ва аз масири хомӯшӣ ва бетарафӣ берун шаванд.
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин низ дар баёнияи худ ин ҳамларо “нуқтаи авҷи ваҳшонияти режими саҳюнистӣ” номид. Ба гуфтаи онҳо, баъд аз ирсоли паёмҳои таҳдидомез ва эҷоди тарсу ваҳшат дар байни беморон ва ғайринизомиён, режими ишғолгар ба ин бемористон ҳамла кард. Онҳо низ, мисли Ҳамос, масъулияти ин ҷиноятро бар дӯши Вашингтон гузошта, сиёсатҳои таҳриккунандаи Амрикоро заминасоз донистанд.
Дафтари расонаии ҳукумати Ғазза дар ин замина иттилоъ дод, ки то ба имрӯз 34 бемористон ва даҳҳо маркази тиббӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ тахриб ё ғайрифаъол шудаанд. Ҳамла ба Ал-Маъмадонӣ, ки то замони ҳамла яке аз муҳимтарин бемористонҳои фаъол дар шимоли Ғазза буд, нишон медиҳад, ки ин раванд як сиёсати муназзам аст, на як ҳодисаи мавсимӣ. https://tajikpress.com/2025/04/13/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b0%d0%bb-%d0%bc%d0%b0%d1%8a%d0%bc%d0%b0%d0%b4%d0%be%d0%bd%d3%a3-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/

Ал-Маъмадонӣ дар хун: Ҷинояти нави режими саҳюнистӣ ва сукути ҷаҳонӣ - 969462876606

Комментарии

Комментариев нет.