Комментарии
- 14 апр 11:21Нематжон УсмоновХалки рашт каратигин одомои мехнат кашан. 1949 солхо хам хамун регионода замин жумбида хамма чойхора вайрон кардаги будак. Худо хохад халк хдишона мехнатош кати похса катти созиш мегинан. Похсачиои зур каратигинда бисёрай. Жанобии олии нига карда намешина кумакишон мекина.
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
tajikpress
Заминларзаи шадид: як кӯдак ҳалок, 29 хона ва мактаб хароб гардиданд
Имрӯз субҳ дар шарқи Тоҷикистон заминларзае бо қувваи 5 балл рух дод, ки боиси харобшавии 29 хона ва як мактаб гардид. Дар ин ҳодиса як кӯдаки 3-сола ҳалок шудааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, заминларза соати 09:24 (ба вақти Душанбе) дар минтақаи Рашт, дар 160-километрии шимолу шарқи пойтахт, ба амал омад. Баъд аз он ду пасларзаи дигар бо қувваи 4 ва 3 балл сар зад.
Хисоротҳо:
1 кӯдаки сесола зери девор монда, ҳалок шуд.
17 хона ва як мактаб дар ноҳияи Рашт қисман хароб шуданд.
12 хонаи дигар дар ноҳияи Тоҷикобод тахриб гардиданд.
Чорабиниҳо:
Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ бо сарварии Ҳотамшо Латифзода ба минтақа рафта, хисоротҳоро месанҷад. Тоҷикистон аз ҷиҳати заминларза кишвари фаъол аст ва чунин ҳодисаҳо дар он ҳамвора рух медиҳанд.
Қайд: Маълумоти пурра дар бораи зарари воқеӣ пас аз арзёбии ниҳоӣ эълон хоҳад шуд. https://tajikpress.com/2025/04/13/заминларзаи-шадид-як-кӯдак-ҳалок-29-тоҷи/