25 авг

Созишномаи Толибон ва Узбекистон барои таъмини барқи 11 вилояти Афғонистон

Ширкати барқи Афғонистон (Баршна) эълон кардааст, ки тибқи чаҳор созишномаи нави басташуда бо Ӯзбекистон, таъминоти барқ ба ёздаҳ вилояти Афғонистон таъмин хоҳад шуд ва иқтидори барқи шаҳри Кобул низ то 1500 мегават боло бурда мешавад.
Ширкати Баршна бо нашри як баёния хабар дод, ки чор созишномаи бузурги интиқол ва тақсими нерӯи барқро бо ширкатҳои вобаста ба Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон ба имзо расондааст. Ба гуфтаи ин ширкат, бар асоси ин тавофуқҳо, таъминоти барқ ба вилоятҳои Кобул, Қандаҳор, Бағлон, Нангарҳор, Лағмон, Лугар, Хуст, Пактиё, Пактика, Ғазнӣ ва Забул таъмин карда мешавад.
Тафсилоти ин созишномаҳо лоиҳаи хатти интиқоли 500 килоВолти «Сархон–Дашти Алавон», тавсеаи истгоҳи барқи «Дашти Алавон», хатти интиқоли 220 килоВолти «Кобул–Нангарҳор» ва истгоҳи барқи «Шайх Масрӣ» дар Нангарҳорро дар бар мегирад.
Дар баёния таъкид шудааст, ки бо иҷрои ин тарҳҳо, зарфияти тавлид ва тақсими барқ дар Кобул ба ҳудуди 1500 мегават мерасад.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз бисёре аз шаҳрвандон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон аз камбуд ва ноустувории нерӯи барқ шикоят мекунанд. https://ok.ru/tajikpress/post

Созишномаи Толибон ва Узбекистон барои таъмини барқи 11 вилояти Афғонистон - 972626148542

Комментарии

Комментариев нет.