Ҳукумати феълии Афғонистон дар симои Толибон* барои 5 кишвари ҳамсоя ройзани вижа дар умури ҳамлу нақл мансуб кардааст.Ба гузориши манбаъ:Вазорати ҳамлу нақли ҳукумати Толибон* аз истиқрори ройзанҳои таробарӣ дар Узбекистон, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон барои рафъи мавонеъи тронзитӣ ва тақвияти дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “iraf.ir”.Ба иттилои вазорати ҳамлу нақли Толибон* ҳадафи ин иқдоми беҳбуди пайвандҳои тиҷорӣ ва тасҳили хадамот барои шаҳрвандони Афғонистон мебошад.Тавре ин манбаъ қайд кардааст, Афғонистон ба далели вобастагии шадид ба масирҳои заминии кишварҳои ҳаммарз барои воридот ва содирот, ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва тавсеаи даҳлезҳои тиҷорӣ ниёз дорад то бозаргонони Афғонистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттасил шаванд.Қайд карда шудааст, ки маъмурияти аслии ин ройзанҳо рафъи мавонеъи тронзитӣ, пуштибонӣ аз рушди содироту густариши дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байналмилалӣ аст. https://tajikpress.com/2025/08/27/%d1%80%d0%be%d0%b9%d0%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d0%b2%d0%b8%d0%b6%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b1%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%83%d0%bc%d1%83%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba/
tajikpress
Ройзани вижаи Толибон дар умури Тоҷикистон мансуб шуд
Ҳукумати феълии Афғонистон дар симои Толибон* барои 5 кишвари ҳамсоя ройзани вижа дар умури ҳамлу нақл мансуб кардааст.
Ба гузориши манбаъ:
Вазорати ҳамлу нақли ҳукумати Толибон* аз истиқрори ройзанҳои таробарӣ дар Узбекистон, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон барои рафъи мавонеъи тронзитӣ ва тақвияти дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “iraf.ir”.
Ба иттилои вазорати ҳамлу нақли Толибон* ҳадафи ин иқдоми беҳбуди пайвандҳои тиҷорӣ ва тасҳили хадамот барои шаҳрвандони Афғонистон мебошад.
Тавре ин манбаъ қайд кардааст, Афғонистон ба далели вобастагии шадид ба масирҳои заминии кишварҳои ҳаммарз барои воридот ва содирот, ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва тавсеаи даҳлезҳои тиҷорӣ ниёз дорад то бозаргонони Афғонистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттасил шаванд.
Қайд карда шудааст, ки маъмурияти аслии ин ройзанҳо рафъи мавонеъи тронзитӣ, пуштибонӣ аз рушди содироту густариши дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байналмилалӣ аст. https://tajikpress.com/2025/08/27/%d1%80%d0%be%d0%b9%d0%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d0%b2%d0%b8%d0%b6%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b1%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%83%d0%bc%d1%83%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba/