Деҳлӣ ба хариди нефти Маскав идома медиҳадДар ҳоле ки таърифаҳои тиҷоратии 50 фоизи Амрико барои Ҳиндустон ба сабаби хариди нефт аз Русия дигар ба иҷро даромадааст, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури тиҷорӣ ишора кард, ки Вашингтон аз қарори Деҳлии Нав барои қурбонӣ додани фурсати коҳиши таърифаҳо саргардон шудааст.Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзномаи “Известия”, чопи Маскав навиштааст: Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, таърифаи 50 фоиз бар воридоти мол аз Ҳиндустон вазъ кард, ки бефосила иҷрояш лозим эълом шуд.Сабаби ин амал, афзоиши хариди нефти Русия тавассути Ҳиндустон дар се соли гузашта унвон шудааст. Ин таърифи нав ҷойгузини аворизи 25 фоизи пешин шуд ва метавонад зарбаи сангин ба иқтисоди Ҳиндустон ворид кунад.Хабаргузории “Reuters” рӯзи чоршанбе гузориш дод, ки таърифаҳои тиҷоратии 50 фоиз бар молҳои ҳиндустонӣ, ки пештар Вашингтон Деҳлии Навро ба он таҳдид карда буд, аз таърихи 27 август иҷроӣ шудааст.Тибқи ин маълумот, таърифаҳои 25 фоизае, ки пештар ба сабаби воридоти нефти Русия тавассути Деҳлии Нав эъмол шуда буд, ҳоло бо 25 фоизи таърифи дигар бар бисёре аз молҳои ҳиндустонӣ такмил ёфтааст. Ин таърифаҳо либос, сангҳои қиматӣ, ҷавоҳирот, пойафзор, молҳои варзишӣ, инчунин мобелу моддаҳои кимиёвиро дар бар мегирад. https://tajikpress.com/2025/08/28/%d2%b3%d0%b8%d0%bd%d0%b4%d1%83%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%bd%d0%b0%d1%88%d1%83%d0%b4-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d0%ba%d0%b0/
tajikpress
Ҳиндустон таслими Амрико нашуд;
Деҳлӣ ба хариди нефти Маскав идома медиҳад
Дар ҳоле ки таърифаҳои тиҷоратии 50 фоизи Амрико барои Ҳиндустон ба сабаби хариди нефт аз Русия дигар ба иҷро даромадааст, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури тиҷорӣ ишора кард, ки Вашингтон аз қарори Деҳлии Нав барои қурбонӣ додани фурсати коҳиши таърифаҳо саргардон шудааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзномаи “Известия”, чопи Маскав навиштааст: Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, таърифаи 50 фоиз бар воридоти мол аз Ҳиндустон вазъ кард, ки бефосила иҷрояш лозим эълом шуд.
Сабаби ин амал, афзоиши хариди нефти Русия тавассути Ҳиндустон дар се соли гузашта унвон шудааст. Ин таърифи нав ҷойгузини аворизи 25 фоизи пешин шуд ва метавонад зарбаи сангин ба иқтисоди Ҳиндустон ворид кунад.
Хабаргузории “Reuters” рӯзи чоршанбе гузориш дод, ки таърифаҳои тиҷоратии 50 фоиз бар молҳои ҳиндустонӣ, ки пештар Вашингтон Деҳлии Навро ба он таҳдид карда буд, аз таърихи 27 август иҷроӣ шудааст.
Тибқи ин маълумот, таърифаҳои 25 фоизае, ки пештар ба сабаби воридоти нефти Русия тавассути Деҳлии Нав эъмол шуда буд, ҳоло бо 25 фоизи таърифи дигар бар бисёре аз молҳои ҳиндустонӣ такмил ёфтааст. Ин таърифаҳо либос, сангҳои қиматӣ, ҷавоҳирот, пойафзор, молҳои варзишӣ, инчунин мобелу моддаҳои кимиёвиро дар бар мегирад. https://tajikpress.com/2025/08/28/%d2%b3%d0%b8%d0%bd%d0%b4%d1%83%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%bd%d0%b0%d1%88%d1%83%d0%b4-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d0%ba%d0%b0/