3 сен

Эътирози ҷаҳонии зиёда аз 250 расона ба куштори рӯзноманигорон дар Ғазза тавассути Исроил

Зиёда аз 250 расона аз даҳҳо кишвари ҷаҳон куштори рӯзноманигорон дар ҷараёни ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро маҳкум карданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, беш аз 250 расонаи зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон дар иқдоми ҳамоҳанг, бо интишори баёнияе дар саҳифаи якуми худ, ба куштори зиёда аз 200 рӯзноманигор дар ҷараёни ҷанги Исроил дар Ғазза эътироз карданд. Ин иқдом тавассути Созмони Рӯзноманигорони бе Марз (RSF), як наҳҳоди байналмилалии дифоъгари озодии расонаҳо, созмондиҳӣ шудааст.
Тиба Брутен, мудири кулли Созмони Рӯзноманигорони бе Марз, дар баёнияе эълом кард: “Бо суръате, ки артиши Исроил рӯзноманигоронро дар Ғазза мекушад, ба зудӣ касе барои иттилоърасонӣ боқӣ нахоҳад монд.” Ин эътироз бо дастгирии ҳаракати ҷаҳонии Овоз (Avaaz) анҷом шуд ва расонаҳое монанди шабакаи хабрии Ал-Ҷазира (расонаи қатарӣ), рӯзномаи бритониёии Индепендент, рӯзномаҳои фаронсавии Ла Круа ва Люманите, ва рӯзномаҳои олмонии Тагессайтунг ва Франкфуртер Рундшау дар он иштирок доштанд. https://tajikpress.com/2025/09/03/%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%b7%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d0%b7%d0%b8%d1%91%d0%b4%d0%b0-%d0%b0%d0%b7-250-%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%be%d0%bd%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d0%ba/

Эътирози ҷаҳонии зиёда аз 250 расона ба куштори рӯзноманигорон дар Ғазза тавассути Исроил - 5370868165054

Комментарии

Комментариев нет.