Лучшие статьи на популярные темы
3 сен

Камбуди мактаб барои донишомӯзон дар Тоҷикистон

Бо оғози соли нави таҳсил, мушкили кам будани мактабҳо ва норасоии ҷой, ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Хусусан ин мушкил дар шаҳри Душанбе нисбат ба ҳама манотиқи кишвар ҷиддитар аст.
Ба гузориши манбаъ:
Ҳатто дар литсейу гимназияҳои давлативу хусусӣ, ки “мактабҳои типи нав” дониста мешаванду бояд шумораи донишомӯзон меъёрӣ бошад, аммо ин меъёр риоят намешавад. Литсейи №4 дар шаҳри Душанбе, яке аз мактабҳои маъруфе аст, ки ҳанӯз нақшаи қабули хонандагонро дар оғози моҳи август комил кардааст, аммо бо оғози дарсҳо ҳанӯз муроҷиати волидону мактабхонҳо кам нашудааст.
Шаҳноза Сангинова омӯзгори литсей мегӯяд:
“Литсей мо хонандагонро бо имтиҳон қабул мекунад. Литсей барои хонандагони болаёқат аст, яъне хонандагонеро, ки қудрати азхуд кардани барномаҳоро доранд, қабул мекунем. Аммо талабот беҳад бисёр аст”. https://tajikpress.com/2025/09/03/%d0%ba%d0%b0%d0%bc%d0%b1%d1%83%d0%b4%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%ba%d1%82%d0%b0%d0%b1-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%be%d0%bc%d3%af%d0%b7%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80/

Камбуди мактаб барои донишомӯзон дар Тоҷикистон - 5370868195006

Комментарии

Комментариев нет.