Гугл (Google) дар шартномае бо дафтари Нетаняҳу, кампанияеро дастгирӣ ва тарғиб мекунад, ки қаҳтиро дар Ғазза инкор мекунад.Ба гузориши ТоҷикПресс, тибқи гузориши нашршуда дар сомонаи “Drop Site News”, Гугл дар миёни шартномае шашмоҳа ба арзиши 45 миллион доллар бо дафтари нахуствазирии Исроил барои тарғиби паёмҳои ин режим ва кам аҳамият намоиш додани бӯҳрони инсонӣ дар Ғазза қарор дорад.Ин шартнома, ки охири моҳи июн имзо шуд, Гуглро ҳамчун як “наҳоди калидӣ” дар дастгирии стратегияи муносибатҳои умумии Нетаняҳу тавсиф мекунад. Ин кампания чанд рӯз баъд аз он оғоз шуд, ки Исроил дар таърихи дуюми моҳи март дохилшавии ғизо, дору, сӯзишворӣ ва дигар кумакҳои башардӯстонаро ба Ғазза ҷилавгирӣ кард.Як сухангӯи артиши Исроил дар он замон эътироф кард, ки маъмурони ин режим метавонанд барои кам кардани фишори байналмилалӣ, кампанияи диҷиталиеро барои инкори гуруснагӣ дар Ғазза ба роҳ монанд. Аз он вақт, таблиғот аз ҷониби кабинети Исроил, ки қаҳтиро дар Ғазза инкор мекунанд, ба таври васеъ нашр шудааст. https://tajikpress.com/2025/09/07/%d0%b3%d1%83%d0%b3%d0%bb-45-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%bb%d0%b8%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%be%d0%bb%d0%bb%d0%b0%d1%80-%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d1%84%d1%82-%d1%82%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be/
tajikpress
Гугл 45 миллион доллар гирифт, то ба нафъи Исроил таблиғ кунад
Гугл (Google) дар шартномае бо дафтари Нетаняҳу, кампанияеро дастгирӣ ва тарғиб мекунад, ки қаҳтиро дар Ғазза инкор мекунад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, тибқи гузориши нашршуда дар сомонаи “Drop Site News”, Гугл дар миёни шартномае шашмоҳа ба арзиши 45 миллион доллар бо дафтари нахуствазирии Исроил барои тарғиби паёмҳои ин режим ва кам аҳамият намоиш додани бӯҳрони инсонӣ дар Ғазза қарор дорад.
Ин шартнома, ки охири моҳи июн имзо шуд, Гуглро ҳамчун як “наҳоди калидӣ” дар дастгирии стратегияи муносибатҳои умумии Нетаняҳу тавсиф мекунад. Ин кампания чанд рӯз баъд аз он оғоз шуд, ки Исроил дар таърихи дуюми моҳи март дохилшавии ғизо, дору, сӯзишворӣ ва дигар кумакҳои башардӯстонаро ба Ғазза ҷилавгирӣ кард.
Як сухангӯи артиши Исроил дар он замон эътироф кард, ки маъмурони ин режим метавонанд барои кам кардани фишори байналмилалӣ, кампанияи диҷиталиеро барои инкори гуруснагӣ дар Ғазза ба роҳ монанд. Аз он вақт, таблиғот аз ҷониби кабинети Исроил, ки қаҳтиро дар Ғазза инкор мекунанд, ба таври васеъ нашр шудааст. https://tajikpress.com/2025/09/07/%d0%b3%d1%83%d0%b3%d0%bb-45-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%bb%d0%b8%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%be%d0%bb%d0%bb%d0%b0%d1%80-%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d1%84%d1%82-%d1%82%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be/