Лучшие статьи на популярные темы
21 сен

Имзои тафоҳумномаи иқтисоди ва сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Исроил

Тоҷикистон ва Исроил дар бахши иқтисод ва сайёҳӣ, тафоҳумнома имзо кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, ин ёддошти тафоҳумро Ҳаим Катз, вазири гардишгарии Исроил ва Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, имзо кардаанд. Ин ҳамоиш рӯзҳои 18-20 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ин аввалин ёддошти тафоҳум дар заминаи иқтисод ва гардишгарӣ байни ду кишвар ба шумор меравад.
Вазири исроилӣ гуфтааст, барои Тоҷикистон, ки иқтисодаш ба манбаъҳои нави даромад ниёз дорад, истифода аз шеваҳое чун, ҳавасманд кардани сармоягузории сайёҳӣ, пешниҳоди грант барои соҳибкорон, тарҳҳо дар минтақаҳои дурдаст ва ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, фоидаовар хоҳад буд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон умедворӣ кардааст, ки тафоҳумнома, имконияте барои табодули дониш ва сармоягузории гардишгарӣ дар Тоҷикистон фароҳам кунад. https://tajikpress.com/2025/09/21/%d0%b8%d0%bc%d0%b7%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d1%84%d0%be%d2%b3%d1%83%d0%bc%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d2%9b%d1%82%d0%b8%d1%81%d0%be%d0%b4%d0%b8-%d0%b2%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d0%b9%d1%91%d2%b3/

Имзои тафоҳумномаи иқтисоди ва сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Исроил - 5371235496382

Комментарии

Комментариев нет.