23 сен

Сафари Э.

Раҳмон ба Ню-Йорк
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо ҳадафи суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кардааст.
Ба гузориши манбаъ:
Дар 80-умин Маҷмаи умумии СММ баҳси аслӣ, “сулҳ, рушд ва ҳуқуқи башар” буда, бо эҳтимоли зиёд мавзуи ҷанги Исроил дар Ғазза, ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳо алайҳи Эрон барои барномаи ҳастаиаш аз мавзуҳои марказӣ хоҳанд буд.
Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 23-юми сентябр аз минбари СММ суханронӣ хоҳад кард. Матни имсолаи суханронии ӯ маълум нест, вале дар солҳои гузашта аз таъсиси давлати Фаластин пуштибонӣ карда буд, вале дар мавриди ҷанги Русия ва Украина чизе нагуфтааст.
Хабаргузории “Ройтерс” навиштааст, ки ба эҳтимоли зиёд раҳбарони кишварҳо ба низоъ миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС, ки аз ҷониби Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста мешавад, таваҷҷӯҳ хоҳанд кард. Ҷанг дар Ғазза наздик ба ду сол боз идома дорад. Аксар созмону кишварҳои ҷаҳон Исроилро ба нақзи ҳуқуқи башар ва куштани занону кӯдакон гунаҳкор медонанд. Исроил ҳамеша инро рад кардааст. Мақомоти Фаластин мегӯянд, аз оғози ҷанг дар Ғазза беш аз 64 ҳазор нафар кушта шудаааст. https://tajikpress.com/2025/09/22/%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%8d-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d0%bd%d1%8e-%d0%b9%d0%be%d1%80%d0%ba/

Сафари Э. - 5371275750334

Комментарии

Комментариев нет.