Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) эълон кардааст, ки барои пешгирӣ аз вазниншавии бӯҳони инсонӣ дар Афғонистон, дар шаш моҳи оянда ба зиёда аз 568 миллион доллар ёрии фаврӣ ниёз аст.Ба гузориши ТоҷикПресс, Барномаи ҷаҳонии ғизо бо эълони ниёзи 568 миллион долларии худ барои Афғонистон дар нимсоли оянда, таъкид кард, ки бе ин буҷа, тақсими маводи ғизоӣ ва дастгириҳои ҳаётӣ бо ихтилоли ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, миллионҳо нафар дар Афғонистон бо норасоии ғизоӣ, оқибатҳои хушксолиҳои такроршаванда ва бозгашти муҳочирон аз Эрон ва Покистон рӯбарӯ ҳастанд. Вазъияти кунунӣ бо заминларзаҳои охир дар шарқи ин кишвар низ вазнин шудааст.Гурӯҳҳои кумакии вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид баъди рух додани заминларзаҳо ба минтақаҳои осебдида фиристода шудаанд ва қисме аз ёриҳои фаврӣ ба оилаҳои таъсиргирифта расондаанд. Аммо бо ин ҳам, маъмурони ин созмон ҳушдор додаанд, ки буҷаи нав набошад, идомаи раванди дастгирӣ ғайриимкон хоҳад буд ва миллионҳо нафар дар мавриди гуруснагӣ қарор хоҳанд гирифт. https://tajikpress.com/2025/09/22/%d1%81%d0%bc%d0%bc-%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bd%d0%b8%d0%bc%d1%81%d0%be%d0%bb%d0%b8-%d0%be%d1%8f%d0%bd%d0%b4%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-568-%d0%bc/
tajikpress
СММ: Афғонистон дар нимсоли оянда ба 568 миллион доллар ёрии ғизоӣ ниёз дорад
Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) эълон кардааст, ки барои пешгирӣ аз вазниншавии бӯҳони инсонӣ дар Афғонистон, дар шаш моҳи оянда ба зиёда аз 568 миллион доллар ёрии фаврӣ ниёз аст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Барномаи ҷаҳонии ғизо бо эълони ниёзи 568 миллион долларии худ барои Афғонистон дар нимсоли оянда, таъкид кард, ки бе ин буҷа, тақсими маводи ғизоӣ ва дастгириҳои ҳаётӣ бо ихтилоли ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, миллионҳо нафар дар Афғонистон бо норасоии ғизоӣ, оқибатҳои хушксолиҳои такроршаванда ва бозгашти муҳочирон аз Эрон ва Покистон рӯбарӯ ҳастанд. Вазъияти кунунӣ бо заминларзаҳои охир дар шарқи ин кишвар низ вазнин шудааст.
Гурӯҳҳои кумакии вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид баъди рух додани заминларзаҳо ба минтақаҳои осебдида фиристода шудаанд ва қисме аз ёриҳои фаврӣ ба оилаҳои таъсиргирифта расондаанд. Аммо бо ин ҳам, маъмурони ин созмон ҳушдор додаанд, ки буҷаи нав набошад, идомаи раванди дастгирӣ ғайриимкон хоҳад буд ва миллионҳо нафар дар мавриди гуруснагӣ қарор хоҳанд гирифт. https://tajikpress.com/2025/09/22/%d1%81%d0%bc%d0%bc-%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bd%d0%b8%d0%bc%d1%81%d0%be%d0%bb%d0%b8-%d0%be%d1%8f%d0%bd%d0%b4%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-568-%d0%bc/